https://sputnik.tj/20230817/faoliyati-fuluzoti-nodiri-tojikiston-tahkim-1058885442.html
Фаъолияти "Фулузоти нодири Тоҷикистон" таҳким меёбад
Фаъолияти "Фулузоти нодири Тоҷикистон" таҳким меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарияти вилояти Суғд аз тариқи корҳои барқарорсозӣ ният дорад, ки фаъолияти корхонаи маъруфи "Фулузоти нодири Тоҷикистон"-ро таҳким мебахшад
2023-08-17T16:27+0500
2023-08-17T16:27+0500
2023-08-17T18:17+0500
дар тоҷикистон
саноат
раҷаббой аҳмадзода
суғд
зиёд шуд
истеҳсол
тавлидот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102984/94/1029849440_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_6636a1a1592f32b967c19ac5a67e8c96.jpg
ДУШАНБЕ, 17 авг – Sputnik. Раиси Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода бо корҳои азнавбарқароркунии корхонаи гидрометаллургии корхонаи воҳиди давлатии "Фулузоти нодири Тоҷикистон" шинос гардид.Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, таҳкими фаъолияти корхона бо мақсади таъмини рушди соҳаи саноат ва саҳмгузорӣ дар саноатикунонии босуръати мамлакат амалӣ мешавад. Таъкид шуд, ки роҳбарияти КВД "Фулузоти нодири Тоҷикистон" тасмим гирифтааст, ки бо ворид намудани хатҳои нави истеҳсолӣ фаъолияти корхонаи металлургиро беҳтар намояд.Раиси вилоят иқдоми масъулинро хуш истиқбол намуда, барои суръатбахшии корҳо ва ба ободонӣ фаро гирифтани ҳудуди корхона супоришҳо дод, омадааст дар иттилоия. Аҳмадзода ҳамчунин аз маркази муосири логистикии КВД "Фулузоти нодири Тоҷикистон" боздид кард, ки дар он то 100 нафар бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд. Дар марказ асосан хизматрасонии борфарорӣ, барасмиятдарории гумрукӣ, нигоҳдории молу маҳсулот, воридот ва содирти маҳсулот дар назар дошта шудааст, афзуд ҳукумати Суғд. "Фулузоти нодири Тоҷикистон" собиқ корхонаи "Востокредмет" мебошад, ки феълан бо зарфияти доштааш фаъолият намекунад ва гуфта мешавад, ки дар пайи барқарорсозӣ тавлидоти маҳсулот дар он ба маротиб зиёд мешавад.
https://sputnik.tj/20230817/idoma-safar-rahmon-khorugh-korkhona-poyafzol-sang-boz-1058871048.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102984/94/1029849440_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_793c736fdffcfbed2129056ea99f5481.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
корхона, метал, нодир, суғд, афзоиш, тавлид, фулузот
корхона, метал, нодир, суғд, афзоиш, тавлид, фулузот
Фаъолияти "Фулузоти нодири Тоҷикистон" таҳким меёбад
16:27 17.08.2023 (Навсозишуда: 18:17 17.08.2023) Роҳбарияти вилояти Суғд аз тариқи корҳои барқарорсозӣ ният дорад, ки фаъолияти корхонаи маъруфи "Фулузоти нодири Тоҷикистон"-ро таҳким мебахшад
ДУШАНБЕ, 17 авг – Sputnik. Раиси Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода бо корҳои азнавбарқароркунии корхонаи гидрометаллургии корхонаи воҳиди давлатии "Фулузоти нодири Тоҷикистон" шинос гардид.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, таҳкими фаъолияти корхона бо мақсади таъмини рушди соҳаи саноат ва саҳмгузорӣ дар саноатикунонии босуръати мамлакат амалӣ мешавад.
Таъкид шуд, ки роҳбарияти КВД "Фулузоти нодири Тоҷикистон" тасмим гирифтааст, ки бо ворид намудани хатҳои нави истеҳсолӣ фаъолияти корхонаи металлургиро беҳтар намояд.
Раиси вилоят иқдоми масъулинро хуш истиқбол намуда, барои суръатбахшии корҳо ва ба ободонӣ фаро гирифтани ҳудуди корхона супоришҳо дод, омадааст дар иттилоия.
Аҳмадзода ҳамчунин аз маркази муосири логистикии КВД "Фулузоти нодири Тоҷикистон" боздид кард, ки дар он то 100 нафар бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.
Дар марказ асосан хизматрасонии борфарорӣ, барасмиятдарории гумрукӣ, нигоҳдории молу маҳсулот, воридот ва содирти маҳсулот дар назар дошта шудааст, афзуд ҳукумати Суғд.
"Фулузоти нодири Тоҷикистон" собиқ корхонаи "Востокредмет" мебошад, ки феълан бо зарфияти доштааш фаъолият намекунад ва гуфта мешавад, ки дар пайи барқарорсозӣ тавлидоти маҳсулот дар он ба маротиб зиёд мешавад.