https://sputnik.tj/20230816/vaziri-khorijai-eron-bori-digar-bar-tashkili-davlati-farogir-dar-afghoniston-takid-kard-1058853460.html
Вазири хориҷаи Эрон бори дигар бар ташкили давлати фарогир дар Афғонистон таъкид кард
Вазири хориҷаи Эрон бори дигар бар ташкили давлати фарогир дар Афғонистон таъкид кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Эрон бар ташкили давлати фарогир дар Афғонистон ва ҳалли мушкилоти мардуми ин кишвар бори дигар таъкид кард.
2023-08-16T12:59+0500
2023-08-16T12:59+0500
2023-08-16T20:31+0500
эрон
афғонистон
ҳукумат
вазири хориҷа
кӯмак
башардӯстона
сиёсат
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0a/1057009359_0:0:600:337_1920x0_80_0_0_6d6ce7ae92e99f54280e48d9f23f0149.jpg
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон, ахиран дар дидор бо Ториқ Алӣ Бахит, муовини дабири кулл ва фиристодаи вижаи Созмони Ҳамкории Исломӣ дар умури Афғонистон гуфт, Ҷумҳурии Исломӣ ягона роҳи ҳалли вазъи кишвари ҳамояашро дар ташкили давлати фарогир бо ҳузури намояндагони ҳамаи гуруҳҳои қавмӣ ва мазҳабии ин кишвар медонад.Дар ин бора хабаргузории “ИРНА” дар истинод ба идораи кулли иттилорасонӣ ва умури сухангӯии вазорати умӯри хориҷаи Эрон хабар додааст.Ба гуфтаи Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, бо доштани 900 километр марзи муштарак бо Афғонистон нисбат ба таҳаввулоти ин кишвар, иҳтимом ва ҳассосият дошта ва роҳи ҳалли хурӯҷи Афғонистон аз вазъияти кунуниро ташкили давлати фарогир бо ҳузури ҳамаи гурӯҳҳои қавмӣ ва мазҳабии ин кишвар медонад.Вай бар зарурати ироаи кӯмакҳои башардӯстонаи байналмилалӣ ба оворагони афғонистонӣ дар Эрон таъкид ва хостори ташдиди фаъолиятҳо барои ҳалу фасли мушкилоти ҷории маъишатӣ ва инсонӣ дар Афғонистон шуд.Алӣ Бахит низ дар ин дидор, нақши Эрон дар хусӯси вазъияти Афғонистонро бисёр муҳим ва созанда хонд ва хостори дарёфти назароту мусоидати Эрон дар бораи рафъи мушкилоти Афғонистон шуд.
https://sputnik.tj/20230814/rusiya-eron-hamkoriho-ziddi-terroristi-taqviyat-1058821926.html
эрон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0a/1057009359_72:0:521:337_1920x0_80_0_0_76495e971b63bf2870ad76f3a12df555.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, афғонистон, осиёи марказӣ, ҳусайн амирабдулоҳиён, афғонистон, ҳукумат, фарогир
эрон, афғонистон, осиёи марказӣ, ҳусайн амирабдулоҳиён, афғонистон, ҳукумат, фарогир
Вазири хориҷаи Эрон бори дигар бар ташкили давлати фарогир дар Афғонистон таъкид кард
12:59 16.08.2023 (Навсозишуда: 20:31 16.08.2023) Вазири умури хориҷаи Эрон бар ташкили давлати фарогир дар Афғонистон ва ҳалли мушкилоти мардуми ин кишвар бори дигар таъкид кард.
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон, ахиран дар дидор бо Ториқ Алӣ Бахит, муовини дабири кулл ва фиристодаи вижаи Созмони Ҳамкории Исломӣ дар умури Афғонистон гуфт, Ҷумҳурии Исломӣ ягона роҳи ҳалли вазъи кишвари ҳамояашро дар ташкили давлати фарогир бо ҳузури намояндагони ҳамаи гуруҳҳои қавмӣ ва мазҳабии ин кишвар медонад.
Дар ин бора хабаргузории “ИРНА” дар истинод ба идораи кулли иттилорасонӣ ва умури сухангӯии вазорати умӯри хориҷаи Эрон хабар додааст.
Ба гуфтаи Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, бо доштани 900 километр марзи муштарак бо Афғонистон нисбат ба таҳаввулоти ин кишвар, иҳтимом ва ҳассосият дошта ва роҳи ҳалли хурӯҷи Афғонистон аз вазъияти кунуниро ташкили давлати фарогир бо ҳузури ҳамаи гурӯҳҳои қавмӣ ва мазҳабии ин кишвар медонад.
Вай бар зарурати ироаи кӯмакҳои башардӯстонаи байналмилалӣ ба оворагони афғонистонӣ дар Эрон таъкид ва хостори ташдиди фаъолиятҳо барои ҳалу фасли мушкилоти ҷории маъишатӣ ва инсонӣ дар Афғонистон шуд.
Алӣ Бахит низ дар ин дидор, нақши Эрон дар хусӯси вазъияти Афғонистонро бисёр муҳим ва созанда хонд ва хостори дарёфти назароту мусоидати Эрон дар бораи рафъи мушкилоти Афғонистон шуд.