https://sputnik.tj/20230816/taftish-qarib-million-pul-bujet-1058856017.html
"Ҳар тафтиш қариб як миллион": пулҳои буҷетро киву чӣ гуна медуздад?
"Ҳар тафтиш қариб як миллион": пулҳои буҷетро киву чӣ гуна медуздад?
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарияти Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон маворид ва ҳаҷми азхудкунии ғайриқонунии маболиғи буҷетиро шарҳ дод 16.08.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-08-16T13:29+0500
2023-08-16T13:29+0500
2023-08-16T20:34+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
буҷа
зиён
кӯмаки молиявӣ
ҷамъият
агентӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101572/82/1015728261_0:0:1600:901_1920x0_80_0_0_852bfc9c1c21fec3c7e5d5462b26e6c5.jpg
ДУШАНБЕ, 16 авг - Sputnik. Мавориди расондани зарари молиявӣ ва ҳаҷми маблағҳои ошкоршуда давоми нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бамаротиб азоиш ёфтааст.Директори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ, Сулаймон Султонзода, дар шарҳи ин мавзуъ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ниҳодаш дар ҷиҳати дуруст ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва молу мулки давлатӣ 167 тафтишу санҷиш гузаронд. Ӯ афзуд, ки зимни санҷишҳо ба маблағи қариб 170 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд. “Аз маблағҳои ошкоршуда хароҷотҳои ғайриқонунии пулӣ - 12,8 млн сомонӣ, камомад ва тасарруф - 12,2, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ - 49,1 сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ - 1,4 млн сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ - 56,6 млн сомонӣ мебошад", - гуфт ӯ. Сулаймонзода афзуд, ки ҳолатҳои кам ҳисоб кардан ва ё рӯпӯш гардондани андозу пардохтҳои ҳатмӣ ба маблағи қариб 38 млн сомониро ошкор кардаанд. Тибқи иттилои ӯ, зарарҳои молиявии калон асосан дар ширкати “Зарафшон” ба маблағи қариб 61 млн сомонӣ ба қайд гирифта шуд. Зарари молиявии ошкоршуда дар ташкилоту муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 10,8 млн сомонӣ, намояндагиҳои ширкати “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар Душанбе, Норак, Бохтар ва Гулистон - 3,1, дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои агентии "Тоҷикстандарт" - 2,1 млн сомониро ташкил додаст. Дар ташкилоту муассисаҳои ноҳияҳои Айнӣ зарари молиявӣ ба 3,2 млн сомонӣ, Исмоили Сомонӣ - 2,8 млн сомонӣ, Файзобод - 2,2 ва Лахш 2,2 млн сомонӣ ошкор шудаст. Ба гуфтаи директори Агентӣ, дар нимсолаи аввали соли равон аз ҳисоби маболиғи ошкоршудаи зарар наздики 164 млн сомонӣ ё беш аз 96% барқарор карда шудааст. Дар маҷмӯъ, бо назардошти рӯёндани бақияпулиҳои андоз, зарарҳои ошкоршудаи солҳои қаблӣ ва зиёдомади молу мулк, ҷамъ 185 млн сомонӣ ба манфиати давлат барқарор шудаст. “Аз ин маблағ беш аз 124 млн сомонӣ бевосита ба суратҳисобҳои буҷетӣ ва 61 млн сомонӣ бо даромад кардани воситаҳои пуливу молӣ ва ҳисоббаробаркуниҳо мебошад”, - гуфт Султонзода.Ба гуфтаи ӯ, дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта дар пайи тафтишу санҷишҳо ошкоршавии зарари молиявӣ 65 млн сомонӣ зиёд шуда, барқароршавии он низ зиёда аз 67 млн сомонӣ афзудааст. Тибқи иттилои Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ин ниҳод дар нимсолаи аввали соли равон аз рӯи ҳамаи самтҳои фаъолият 189 млн сомонӣ зарар ошкор намудааст. Бо назардошти корҳои таҳқиқу тафтиш ва дигар чораҳои таъсиррасонӣ 213 млн сомонӣ барқарор намудааст, ки аз он 206 млн сомонӣ ба буҷаи давлат, 2,6 млн сомонӣ ба ҷамъияту ширкатҳо ва 4,3 млн сомонӣ ба манфиати шаҳрвандон баргардонда шудаст.
https://sputnik.tj/20230816/maqomoti-viloyati-khatlon-maorifu-tandurusti-mablagh-1058853152.html
https://sputnik.tj/20230416/doru-muhlatashon-guzashta-korrupsiya-vazir-tojik-1056487603.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101572/82/1015728261_83:0:1506:1067_1920x0_80_0_0_dfa3d0282396b190a24985c37eac118a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иқтисод, буҷа, зиён, кӯмаки молиявӣ, ҷамъият, агентӣ
дар тоҷикистон, иқтисод, буҷа, зиён, кӯмаки молиявӣ, ҷамъият, агентӣ
"Ҳар тафтиш қариб як миллион": пулҳои буҷетро киву чӣ гуна медуздад?
13:29 16.08.2023 (Навсозишуда: 20:34 16.08.2023) Роҳбарияти Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон маворид ва ҳаҷми азхудкунии ғайриқонунии маболиғи буҷетиро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 16 авг - Sputnik. Мавориди расондани зарари молиявӣ ва ҳаҷми маблағҳои ошкоршуда давоми нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бамаротиб азоиш ёфтааст.
Директори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ, Сулаймон Султонзода, дар шарҳи ин мавзуъ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ниҳодаш дар ҷиҳати дуруст ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва молу мулки давлатӣ 167 тафтишу санҷиш гузаронд.
Ӯ афзуд, ки зимни санҷишҳо ба маблағи қариб 170 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд.
“Аз маблағҳои ошкоршуда хароҷотҳои ғайриқонунии пулӣ - 12,8 млн сомонӣ, камомад ва тасарруф - 12,2, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ - 49,1 сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ - 1,4 млн сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ - 56,6 млн сомонӣ мебошад", - гуфт ӯ.
Сулаймонзода афзуд, ки ҳолатҳои кам ҳисоб кардан ва ё рӯпӯш гардондани андозу пардохтҳои ҳатмӣ ба маблағи қариб 38 млн сомониро ошкор кардаанд.
Тибқи иттилои ӯ, зарарҳои молиявии калон асосан дар ширкати “Зарафшон” ба маблағи қариб 61 млн сомонӣ ба қайд гирифта шуд.
Зарари молиявии ошкоршуда дар ташкилоту муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 10,8 млн сомонӣ, намояндагиҳои ширкати “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар Душанбе, Норак, Бохтар ва Гулистон - 3,1, дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои агентии "Тоҷикстандарт" - 2,1 млн сомониро ташкил додаст.
Дар ташкилоту муассисаҳои ноҳияҳои Айнӣ зарари молиявӣ ба 3,2 млн сомонӣ, Исмоили Сомонӣ - 2,8 млн сомонӣ, Файзобод - 2,2 ва Лахш 2,2 млн сомонӣ ошкор шудаст.
Ба гуфтаи директори Агентӣ, дар нимсолаи аввали соли равон аз ҳисоби маболиғи ошкоршудаи зарар наздики 164 млн сомонӣ ё беш аз 96% барқарор карда шудааст.
Дар маҷмӯъ, бо назардошти рӯёндани бақияпулиҳои андоз, зарарҳои ошкоршудаи солҳои қаблӣ ва зиёдомади молу мулк, ҷамъ 185 млн сомонӣ ба манфиати давлат барқарор шудаст.
“Аз ин маблағ беш аз 124 млн сомонӣ бевосита ба суратҳисобҳои буҷетӣ ва 61 млн сомонӣ бо даромад кардани воситаҳои пуливу молӣ ва ҳисоббаробаркуниҳо мебошад”, - гуфт Султонзода.
Ба гуфтаи ӯ, дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта дар пайи тафтишу санҷишҳо ошкоршавии зарари молиявӣ 65 млн сомонӣ зиёд шуда, барқароршавии он низ зиёда аз 67 млн сомонӣ афзудааст.
“Махсусан, аз ҳисоби зарарҳои молиявии ошкоргардида ба буҷат 49 млн сомонӣ зиёд ворид карда шудааст, ки аз дастовардҳои воҳидҳои сохтории мақомот аст”, - гуфт роҳбари Агентӣ.
Тибқи иттилои Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ин ниҳод дар нимсолаи аввали соли равон аз рӯи ҳамаи самтҳои фаъолият 189 млн сомонӣ зарар ошкор намудааст.
Бо назардошти корҳои таҳқиқу тафтиш ва дигар чораҳои таъсиррасонӣ 213 млн сомонӣ барқарор намудааст, ки аз он 206 млн сомонӣ ба буҷаи давлат, 2,6 млн сомонӣ ба ҷамъияту ширкатҳо ва 4,3 млн сомонӣ ба манфиати шаҳрвандон баргардонда шудаст.