https://sputnik.tj/20230416/doru-muhlatashon-guzashta-korrupsiya-vazir-tojik-1056487603.html
Аз доруи муҳлаташон гузашта то коррупсия: Вазири тоҷик ба тобеинаш чӣ супориш дод?
Аз доруи муҳлаташон гузашта то коррупсия: Вазири тоҷик ба тобеинаш чӣ супориш дод?
Sputnik Тоҷикистон
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи ин ниҳод аз тобеинаш хост, камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф кунанд
2023-04-16T18:00+0500
2023-04-16T18:00+0500
2023-04-16T18:00+0500
тандурустӣ
вазорати тандурустӣ
ҷарроҳӣ
дар тоҷикистон
камбудӣ
пешгирӣ
дору
коррупсия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0c/1044100854_0:90:960:630_1920x0_80_0_0_1c56a74a7253fd83626664bc0fad4eaf.jpg
ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода хостори беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шуд. Ӯ ин нуктаро зимни ҷамъбасти фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар давоми се моҳи аввали соли равон баён дошт. Ба иттилои манбаъ, вазир махсусан, одоби муоширати табибон бо беморонро зикр намуда, хостааст, кормандони ин бахш хушмуомила бошанд. Абдуллозода ҳамчунин аз таҷҳизоти муосир гуфтаст, ки барои муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ дода мешаванд. Вазир хостори истифодаи дурусти таҷҳизоти муосири тиббие шудааст, ки аз ҷониби вазорат ба муассисаҳои соҳавӣ дастрас карда шудаанд. Пешгирии бемориҳои сироятӣ ва роҳ надодан ба истифодаи доруҳои мӯҳлаташон гузашта аз дастурҳои дигари вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон будааст. Ӯ махсусан муҳим хондааст, ки сифати хизматрасонии кумаки аввалияи тиббӣ дар ҷумҳурӣ беҳбуд бахшида шавад. Ҷамолиддин Абдуллозода ҳамчунин таъмиру тармими биноҳо, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандонро зикр намудааст. Пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа аз таъкидоти дигари Абдуллозода ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар будааст. Таъкид гардидааст, ки ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати дастрасии бештар ба хизматрасониҳои тиббӣ ва таъмини хизматрасонии арзандаи тиббӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи тиб ба аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чораандешиҳоро идома хоҳад дод.
https://sputnik.tj/20230416/jarrohi-murakkab-tojikiston-amaliyoti-gurda-jigar-1056487392.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0c/1044100854_0:0:960:720_1920x0_80_0_0_be844f622c20250950f4c0816d33799b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазир, тандурустӣ, тоҷикистон, кумак, дастур, супориш, тобеин
вазир, тандурустӣ, тоҷикистон, кумак, дастур, супориш, тобеин
Аз доруи муҳлаташон гузашта то коррупсия: Вазири тоҷик ба тобеинаш чӣ супориш дод?
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи ин ниҳод аз тобеинаш хост, камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф кунанд
ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода хостори беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шуд.
Ӯ ин нуктаро зимни ҷамъбасти фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар давоми се моҳи аввали соли равон баён дошт.
Ба иттилои манбаъ, вазир махсусан, одоби муоширати табибон бо беморонро зикр намуда, хостааст, кормандони ин бахш хушмуомила бошанд.
Абдуллозода ҳамчунин аз таҷҳизоти муосир гуфтаст, ки барои муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ дода мешаванд. Вазир хостори истифодаи дурусти таҷҳизоти муосири тиббие шудааст, ки аз ҷониби вазорат ба муассисаҳои соҳавӣ дастрас карда шудаанд.
Пешгирии бемориҳои сироятӣ ва роҳ надодан ба истифодаи доруҳои мӯҳлаташон гузашта аз дастурҳои дигари вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон будааст.
Ӯ махсусан муҳим хондааст, ки сифати хизматрасонии кумаки аввалияи тиббӣ дар ҷумҳурӣ беҳбуд бахшида шавад.
Ҷамолиддин Абдуллозода ҳамчунин таъмиру тармими биноҳо, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандонро зикр намудааст.
Пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа аз таъкидоти дигари Абдуллозода ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар будааст.
Таъкид гардидааст, ки ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати дастрасии бештар ба хизматрасониҳои тиббӣ ва таъмини хизматрасонии арзандаи тиббӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи тиб ба аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чораандешиҳоро идома хоҳад дод.