https://sputnik.tj/20230605/prezident-azoi-rayosat-fond-najoti-aral-1057562547.html
Президенти Тоҷикистон ба аъзои раёсати Фонди наҷоти Арал чӣ гуфт?
Президенти Тоҷикистон ба аъзои раёсати Фонди наҷоти Арал чӣ гуфт?
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон, хостори таҳкими ҳамкории байни кишварҳои минтақа дар ҳалли масъалаҳои мубрами идоракунии об ва мушкилоти экологӣ шуд
2023-06-05T21:00+0500
2023-06-05T21:00+0500
2023-06-05T21:00+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
мулоқот
осиёи марказӣ
баҳри арал
об
иттиҳод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/05/1057549788_0:159:3076:1889_1920x0_80_0_0_d216398058b54088d3b9139523f72d45.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки дар Душанбе қарор доранд, мулоқот кард. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони вохӯриро бо 30-юмин солгарди таъсисёбии Фонди байналмилалии наҷоти Арал шодбош гуфт. "Фонд дар давраи гузашта аҳамияти худро ҳамчун иттиҳодияе, ки барои ҳалли мураккаби маҷмӯи мушкилоти экологӣ ва ҳам иҷтимоию иқтисодӣ пешбинӣ шудааст, равшан нишон дод", - омадааст дар иттилоия. Ба иттилои раисҷумҳур, дар фаъолияти амалии Фонд масъалаҳои об ва бисёр мушкилоти экологӣ ва иҷтимоию иқтисодии минтақаи мо ҳалли худро пайдо кард."Тоҷикистон дар давраи раёсат дар Фонд барои боз ҳам баланд бардоштани обрӯ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар чаҳорчӯби он тамоми талошҳоро ба харҷ медиҳад", - афзуд раисҷумҳур. Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки дар доираи ҷаласаҳои раёсати Фонд Барномаи чоруми ҳавзаи баҳри Арал ва Барномаи минтақавии экологии рушди устувори Осиёи Марказӣ қабул карда шуд.Дар мулоқот инчунин масъалаи ҷоннок кардани кор бо саҳмгузорон ва шарикони рушде, ки ба Фонд таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, таъкид карда шуд.Ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои обу энергетика низ таҳти таваҷҷуҳи доимии сарони кишварҳои минтақа қарор дорад.Зикр гардид, ки ҷаласаи 5-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, барои муттаҳидӣ дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба об ва ҳамгироии кишварҳо саҳм мегузорад.
https://sputnik.tj/20230404/sirdaryo-amudaryoro-kamobi-tahdid-1056150801.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/05/1057549788_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_afa9a065ee2afc9ccde34c97a1b0c1c0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот, президент, аъзо, раёсат, фонд, наҷот, арал
мулоқот, президент, аъзо, раёсат, фонд, наҷот, арал
Президенти Тоҷикистон ба аъзои раёсати Фонди наҷоти Арал чӣ гуфт?
Раисҷумҳури Тоҷикистон, хостори таҳкими ҳамкории байни кишварҳои минтақа дар ҳалли масъалаҳои мубрами идоракунии об ва мушкилоти экологӣ шуд
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки дар Душанбе қарор доранд, мулоқот кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони вохӯриро бо 30-юмин солгарди таъсисёбии Фонди байналмилалии наҷоти Арал шодбош гуфт.
"Фонд дар давраи гузашта аҳамияти худро ҳамчун иттиҳодияе, ки барои ҳалли мураккаби маҷмӯи мушкилоти экологӣ ва ҳам иҷтимоию иқтисодӣ пешбинӣ шудааст, равшан нишон дод", - омадааст дар иттилоия.
Ба иттилои раисҷумҳур, дар фаъолияти амалии Фонд масъалаҳои об ва бисёр мушкилоти экологӣ ва иҷтимоию иқтисодии минтақаи мо ҳалли худро пайдо кард.
"Тоҷикистон дар давраи раёсат дар Фонд барои боз ҳам баланд бардоштани обрӯ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар чаҳорчӯби он тамоми талошҳоро ба харҷ медиҳад", - афзуд раисҷумҳур.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки дар доираи ҷаласаҳои раёсати Фонд Барномаи чоруми ҳавзаи баҳри Арал ва Барномаи минтақавии экологии рушди устувори Осиёи Марказӣ қабул карда шуд.
Дар мулоқот инчунин масъалаи ҷоннок кардани кор бо саҳмгузорон ва шарикони рушде, ки ба Фонд таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, таъкид карда шуд.
Ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои обу энергетика низ таҳти таваҷҷуҳи доимии сарони кишварҳои минтақа қарор дорад.
Зикр гардид, ки ҷаласаи 5-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, барои муттаҳидӣ дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба об ва ҳамгироии кишварҳо саҳм мегузорад.