https://sputnik.tj/20230815/ojonsi-korrupsiya-million-zarar-davlat-oshkor-1058838085.html
Оҷонсии зидди коррупсия даҳҳо миллион зарар ба давлатро ошкор кардааст
Оҷонсии зидди коррупсия даҳҳо миллион зарар ба давлатро ошкор кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Оҷонсии зидди фасоди молӣ мегӯяд, дар давоми ним сол дар пайи санҷишҳо алайҳи 724 шаҳрванди кишвар парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст
2023-08-15T14:27+0500
2023-08-15T14:27+0500
2023-08-15T14:35+0500
дар тоҷикистон
коррупсия
оҷонсии мубориза зидди коррупсия
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102375/70/1023757002_0:0:5472:3078_1920x0_80_0_0_5d5fac84a3faa42764173d122cb38c57.jpg
ДУШАНБЕ, 15 авг— Sputnik. Дар Тоҷикистон зарфи шаш моҳ 169,8 млн сомонӣ зарари молиявӣ ба давлатро ошкор кардаанд.Дар ин бора Сулаймон Султонзода, раҳбари Оҷонсии зидди фасод зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.Ӯ гуфт, ки ин маблағҳо дар пайи 168 санҷишҳо ошкор карда шудааст.Гуфта мешавад, аз ин маблағ, 124,3 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат ва 61,1 миллион сомонӣ ба корхоаву муассисаҳо рост меояд.Вай афзуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешида аз маблағи ошкоргардида 163,7 миллион ва ё 94,4 фисад барқарор карда шуда, барои рӯёнидани маблағи боқимонда тадбирҳои зарурии ҳуқуқӣ андешида мешаванд.Ин ниҳод зарфи шаш моҳ алайҳи 724 шаҳрванд барои содир кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ парванда боз кардааст, ки 516 адади он ба гуруҳи ҷиноятҳои вазнин шомил будаанд.Ба иттилои Оҷонсӣ, зарар бештар аз ҳисоби хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ, камомад ва тасарруф, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ, аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ ва маблағи кам ҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмӣ ошкор мешавад.
https://sputnik.tj/20230815/ojonsi-fasod-kheshutaborboz-mansabho-davlat-1058832047.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102375/70/1023757002_274:0:5138:3648_1920x0_80_0_0_485f9645c37ec3451d1cb50c2f3d22d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
оҷонсӣ коррупсия миллионҳо зарар давлат ошкор
оҷонсӣ коррупсия миллионҳо зарар давлат ошкор
Оҷонсии зидди коррупсия даҳҳо миллион зарар ба давлатро ошкор кардааст
14:27 15.08.2023 (Навсозишуда: 14:35 15.08.2023) Оҷонсии зидди фасоди молӣ мегӯяд, дар давоми ним сол дар пайи санҷишҳо алайҳи 724 шаҳрванди кишвар парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст
ДУШАНБЕ, 15 авг— Sputnik. Дар Тоҷикистон зарфи шаш моҳ 169,8 млн сомонӣ зарари молиявӣ ба давлатро ошкор кардаанд.
Дар ин бора Сулаймон Султонзода, раҳбари Оҷонсии зидди фасод зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки ин маблағҳо дар пайи 168 санҷишҳо ошкор карда шудааст.
Гуфта мешавад, аз ин маблағ, 124,3 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат ва 61,1 миллион сомонӣ ба корхоаву муассисаҳо рост меояд.
Вай афзуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешида аз маблағи ошкоргардида 163,7 миллион ва ё 94,4 фисад барқарор карда шуда, барои рӯёнидани маблағи боқимонда тадбирҳои зарурии ҳуқуқӣ андешида мешаванд.
Ин ниҳод зарфи шаш моҳ алайҳи 724 шаҳрванд барои содир кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ парванда боз кардааст, ки 516 адади он ба гуруҳи ҷиноятҳои вазнин шомил будаанд.
Ба иттилои Оҷонсӣ, зарар бештар аз ҳисоби хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ, камомад ва тасарруф, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ, аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ ва маблағи кам ҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмӣ ошкор мешавад.