Оҷонсии зидди фасод аз хешутаборбозҳо дар мансабҳои давлатӣ гуфт: кадоме пешсаф

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийПустое кресло
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2023
Обуна шудан
Мақомот бештар аз ҳама ҳолатҳои хешутаборбозиро дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазортаи маориф ва илм сабт кардаанд
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон соли гузашта 44 мавриди хешутаборбозӣ дар ниҳодҳои мухталифи кишварро ошкор кардааст
Ҳарчанд қонунгузорӣ ба вазоҳат тақозо мекунад, ки аз бархӯрди манфиатҳо дар хизмати давлатӣ ҷилавгирӣ шавад, ин маворид тайи ним соли ахир афзойиш ёфтанд.
Дар ин бора Оҷонсии зидди фасод зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.
“Дар сархати 5 – уми моддаи 22 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” омадааст, ки шахс наметавонад ба мансабҳои давлатӣ ё мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда таъин ё интихоб шавад, агар ба мансабҳое, ки онро хешовандони ў ишғол кардаанд, бевосита дар итоат, таҳти назорат ё ҳисоботдиҳанда бошад, яъне хизмати якҷояи хешовандони наздик ба бархӯрди манофеъ оварда мерасонад”, - гуфт манбаъ.
Кошелек с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2023
Дастовардҳои мубориза бо фасод дар Хатлон эълон шудаанд
Тибқи иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, аксари ин мавориди хешутаборбозӣ дар Вазорати тандурустӣ ошкор шудаанд, ки 16 мавридро ташкил мекунад.
Дар пайи он ин маворид дар Вазорати маориф ва илм – 15, мақомоти ҳокимияти давлатӣ – 6, Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва Вазорати нақлиёт, кишоварзӣ, Кумитаи замин, Идораи бойгонӣ якҳолатӣ ошкор карда шудаанд.
Тибқи иттилои ниҳод, аксари афроде, ки бо ин модда айбдор шуданд, барои таъйини ҷиян, духтар, писар, келин, ҳамсар, бародар, амак ва модари худ ба вазифа аз вазифа сабукдӯш шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0