https://sputnik.tj/20230815/nigaronkunanda-korkhonaho-buzurg-qarzdoron-andoz-tojikiston-1058832349.html
“Нигаронкунанда”: корхонаҳои бузург – қарздорони аслии андоз дар Тоҷикистон
“Нигаронкунанда”: корхонаҳои бузург – қарздорони аслии андоз дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон тайи ним сол аз 9,4 ҳазор андозгурез бо қарор дар бораи маҷбуран ситондани боҷҳои давлатӣ 486 миллион сомонӣ маблағ гирифта шудааст
2023-08-15T13:56+0500
2023-08-15T13:56+0500
2023-08-15T13:56+0500
дар тоҷикистон
кумитаи андоз
қарзҳо
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101449/65/1014496515_0:0:1600:901_1920x0_80_0_0_1ae8d6c2e72cba41790c9d21e76f2316.jpg
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон корхонаҳои асосии қарздор аз ҳисоби андозро номбар кард ва вазъро нигаронкунанда хонд.Дар асл ин корхонаҳо солҳо ба ин сӯ дар садри феҳристи қарздорони бузурги андоз қарор доранд. Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, бақияи қарзҳо дар маҷмӯи воридоти андозҳо дар қиёс бо солҳои пешин коҳиш ёфтааст, аммо ҳаҷми умумӣ барои мо нигаронкунанда аст ва мо дар талош ҳастем, ки ин бақияро саривақт рӯёнем. Вай афзуд, бақияи қарзи андозҳо дар кишвар 764,3 миллион сомониро ташкил мекунад, ки дар қиёс бо 1 январи соли равон ба маблағи 36,2 миллион сомонӣ зиёд аст, аммо дар қиёс бо солҳои гузашта ҳудуди 4,5 дарсад коҳиш ёфтааст. Ба хотири ҷилавгирӣ аз зиёдшавӣ ва тибқи тартиби муқарраршуда маҷбуран рӯёндани маблағи бақияи қарзи андозҳо ба гуфтаи Давлатзода, дар ним соли гузашта мақомоти андоз нисбати андозсупорандагони қарздор зиёда аз 9,4 ҳазор қарор дар бораи маҷбуран ситондани андозҳо ба маблағи 532,1 миллион сомонӣ қабул гардида, "Аз ин ҳисоб ба буҷет 486 миллион, ё дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 49,4 миллион сомонӣ бештар маблағ рӯёнда шудааст”, - гуфт номбурда. Ӯ афзуд, беш аз нисфи бақияи қарзи андозҳо асосан ба корхонаву ширкатҳои бузурги Тоҷикистон, назири “Сангтӯда -1” (94), “Талко Ресурс” (39), ТВЕА – Тоҷикистон (36,5), нерӯгоҳи “Роғун” (33,3), “Тоҷиктелеком” ва корхонхонаҳои тобеъи он (31,5 миллилон сомонӣ) ва чанд корхонаи дигар рост меояд. “Далели пеш омадани чунин ҳолат қабл аз ҳама бастагӣ дорад ба вазъи молии ширкатҳо, ки чандон хуб нест ва ҳам авомили дигар ҳастанд, ки мо сари онҳо кор мекунем”, - гуфт раиси Кумита. Тибқи иттилои ниҳод андози Тоҷикистон, дар ним соли гузашта ба буҷаи давлатӣ аз ҳисоби андоз 8 миллиарду 510 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбати нақшаи тасдиқшуда 594 миллион ва нисбат ба нишондиҳандаи пешбинишуда 411,5 миллион сомонӣ зиёд аст.
https://sputnik.tj/20230814/hazor-holat-andozgurez-tojikiston-oshkor-1058812096.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101449/65/1014496515_50:0:1473:1067_1920x0_80_0_0_30e97a4141e6ced08b24636d6f41fdcd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
“нигаронкунанда” корхона бузург қарздорон андоз тоҷикистон
“нигаронкунанда” корхона бузург қарздорон андоз тоҷикистон
“Нигаронкунанда”: корхонаҳои бузург – қарздорони аслии андоз дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон тайи ним сол аз 9,4 ҳазор андозгурез бо қарор дар бораи маҷбуран ситондани боҷҳои давлатӣ 486 миллион сомонӣ маблағ гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон корхонаҳои асосии қарздор аз ҳисоби андозро номбар кард ва вазъро нигаронкунанда хонд.
Дар асл ин корхонаҳо солҳо ба ин сӯ дар садри феҳристи қарздорони бузурги андоз қарор доранд.
Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, бақияи қарзҳо дар маҷмӯи воридоти андозҳо дар қиёс бо солҳои пешин коҳиш ёфтааст, аммо ҳаҷми умумӣ барои мо нигаронкунанда аст ва мо дар талош ҳастем, ки ин бақияро саривақт рӯёнем.
“Мо қарорҳои зиёдеро низ ба тасвиб расондаем, ки мутаассифона, натиҷаи дилхоҳро надодааст. Аммо дар бархе суъбектҳои хоҷагидор ин имкон ҳаст, ки то охири сол вазъ тағйир хӯрад”, - гуфт раиси Кумитаи андоз.
Вай афзуд, бақияи қарзи андозҳо дар кишвар 764,3 миллион сомониро ташкил мекунад, ки дар қиёс бо 1 январи соли равон ба маблағи 36,2 миллион сомонӣ зиёд аст, аммо дар қиёс бо солҳои гузашта ҳудуди 4,5 дарсад коҳиш ёфтааст.
Ба хотири ҷилавгирӣ аз зиёдшавӣ ва тибқи тартиби муқарраршуда маҷбуран рӯёндани маблағи бақияи қарзи андозҳо ба гуфтаи Давлатзода, дар ним соли гузашта мақомоти андоз нисбати андозсупорандагони қарздор зиёда аз 9,4 ҳазор қарор дар бораи маҷбуран ситондани андозҳо ба маблағи 532,1 миллион сомонӣ қабул гардида,
"Аз ин ҳисоб ба буҷет 486 миллион, ё дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 49,4 миллион сомонӣ бештар маблағ рӯёнда шудааст”, - гуфт номбурда.
Ӯ афзуд, беш аз нисфи бақияи қарзи андозҳо асосан ба корхонаву ширкатҳои бузурги Тоҷикистон, назири “Сангтӯда -1” (94), “Талко Ресурс” (39), ТВЕА – Тоҷикистон (36,5), нерӯгоҳи “Роғун” (33,3), “Тоҷиктелеком” ва корхонхонаҳои тобеъи он (31,5 миллилон сомонӣ) ва чанд корхонаи дигар рост меояд.
“Далели пеш омадани чунин ҳолат қабл аз ҳама бастагӣ дорад ба вазъи молии ширкатҳо, ки чандон хуб нест ва ҳам авомили дигар ҳастанд, ки мо сари онҳо кор мекунем”, - гуфт раиси Кумита.
Тибқи иттилои ниҳод андози Тоҷикистон, дар ним соли гузашта ба буҷаи давлатӣ аз ҳисоби андоз 8 миллиарду 510 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбати нақшаи тасдиқшуда 594 миллион ва нисбат ба нишондиҳандаи пешбинишуда 411,5 миллион сомонӣ зиёд аст.