https://sputnik.tj/20230814/hazor-holat-andozgurez-tojikiston-oshkor-1058812096.html
Ҳазорҳо ҳолати андозгурезӣ дар Тоҷикистон ошкор шудааст
Ҳазорҳо ҳолати андозгурезӣ дар Тоҷикистон ошкор шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон аз камбудиҳо дар бахши ҳисоби пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷаи давлат гуфт, ки зимни санҷишҳо ошкор мешаванд
2023-08-14T14:59+0500
2023-08-14T14:59+0500
2023-08-14T19:29+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
андоз
кумитаи андоз
гурез
ҷарима
пардохт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102578/53/1025785364_0:270:5184:3186_1920x0_80_0_0_f2f26fa74ead7d99232c53947a750142.jpg
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар давоми нимсолаи аввали соли равон беш аз 11 ҳазор ҳолати нақзи қонуни андоз ошкор гардид. Дар ин бора раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи масъулини Кумита, қисмати зиёди ин ҳолатҳо ба ҳисоб ва пардохт накардани андозҳо вобаста мебошад. Пешниҳод накардани эъломияҳо ва насб накардани терминалҳо аз ҷумлаи қонуншиканиҳои дигар мебошанд, ки дар бахши андозсупорӣ ошкор шудааст. Давлатзода мегӯяд, камбудиҳоро зимни санҷишҳои назоратӣ ошкор карда шуда, талош мекунанд, ҷаримаҳои маъмуриро аз саркашҳо саривақт ситонанд, то бақияи қарзи андозу фоизҳо афзоиш наёбанд. Дар ҳоли ҳозир, ба иттилои Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли равон қарзи андоз ба маблағи беш аз 36 млн сомонӣ зиёд шуда, ба зиёда аз 764 млн сомонӣ расидааст. Ҳамзамон, Кумитаи андоз қайд кардааст, ки нисбат ба андозсупорандагони қарздор 9,4 ҳазор адад қарор оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи умумии 532 млн сомонӣ қарор қабул гардида, аз ин ҳисоб дар маҷмӯъ ба буҷет 486 млн сомонӣ ворид шуд. Кумитаи андоз зикр намудаст, ки барои ба буҷет ворид намудани маблағҳои боқимонда тадбирҳои иловагӣ андешида шуда истодаанд.
https://sputnik.tj/20230814/davlatzoda-pardokht-andoz-ghayrinaqd-surat-1058809822.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102578/53/1025785364_288:0:4896:3456_1920x0_80_0_0_41f74c30770ce86410fc389c7459e819.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кашф, андоз, гурез, пардохт, ғайринақдӣ, ошкор
кашф, андоз, гурез, пардохт, ғайринақдӣ, ошкор
Ҳазорҳо ҳолати андозгурезӣ дар Тоҷикистон ошкор шудааст
14:59 14.08.2023 (Навсозишуда: 19:29 14.08.2023) Раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон аз камбудиҳо дар бахши ҳисоби пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷаи давлат гуфт, ки зимни санҷишҳо ошкор мешаванд
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар давоми нимсолаи аввали соли равон беш аз 11 ҳазор ҳолати нақзи қонуни андоз ошкор гардид.
Дар ин бора раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи масъулини Кумита, қисмати зиёди ин ҳолатҳо ба ҳисоб ва пардохт накардани андозҳо вобаста мебошад. Пешниҳод накардани эъломияҳо ва насб накардани терминалҳо аз ҷумлаи қонуншиканиҳои дигар мебошанд, ки дар бахши андозсупорӣ ошкор шудааст.
Давлатзода мегӯяд, камбудиҳоро зимни санҷишҳои назоратӣ ошкор карда шуда, талош мекунанд, ҷаримаҳои маъмуриро аз саркашҳо саривақт ситонанд, то бақияи қарзи андозу фоизҳо афзоиш наёбанд.
Дар ҳоли ҳозир, ба иттилои Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли равон қарзи андоз ба маблағи беш аз 36 млн сомонӣ зиёд шуда, ба зиёда аз 764 млн сомонӣ расидааст.
Ҳамзамон, Кумитаи андоз қайд кардааст, ки нисбат ба андозсупорандагони қарздор 9,4 ҳазор адад қарор оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи умумии 532 млн сомонӣ қарор қабул гардида, аз ин ҳисоб дар маҷмӯъ ба буҷет 486 млн сомонӣ ворид шуд.
Кумитаи андоз зикр намудаст, ки барои ба буҷет ворид намудани маблағҳои боқимонда тадбирҳои иловагӣ андешида шуда истодаанд.