https://sputnik.tj/20230815/muhriddin-fishorovari-munosibot-rusiya-tojikistoniyon-1058838460.html
Муҳриддин: Фишороварӣ дар муносиботи Русия бо тоҷикистониён ҷой дошта наметавонад
Муҳриддин: Фишороварӣ дар муносиботи Русия бо тоҷикистониён ҷой дошта наметавонад
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон бо таъкиди дурустии амалиёти санҷишии мақомоти Русия дар нисбати шаҳрвандони хориҷӣ зарур хонд, ки ҳуқуқу озодиҳои бояд риоя шаванд
2023-08-15T14:54+0500
2023-08-15T14:54+0500
2023-08-15T14:54+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
русия
қабул
муҳоҷирати мардон
амалиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/05/1051182949_0:0:2963:1666_1920x0_80_0_0_b0bb1f0a1e440d8d6e256e8bd6266578.jpg
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин иддао дар бораи фишори мақомоти Русия ба муҳоҷирони тоҷикро нодуруст хонд. Ӯ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, бо назардошти сатҳи баланди муносиботи бисёрсамтаи Тоҷикистон бо Русия, фишороварӣ ҷой дошта наметавонад."Дар мавриди амалиётҳои мунтазами тафтишотии мақомоти қудратии Русия нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон бояд қайд кард, ки ҷониби мо дурустии амалкарди мақомоти он кишварро мавриди шубҳа қарор намедиҳад", - гуфт Муҳриддин.Вай дар зимн таъкид намуд, ки ҳангоми баргузории чорабиниҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ барои танзими равандҳои муҳоҷиратӣ бояд ҷониби Русия ҳуқуқу озодиҳои заминавии шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳатман риоя намояд.Ӯ гуфт, ин мавқеъро дар ҳамаи сатҳҳо, аз ҷумла ахиран дар мулоқот бо вазири умумри хориҷии Русия, Сергей Лавров баён дошт. Вай таъкид намуд, ки намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Русия масъалаи марбут ба шаҳрвандон ва ҳифзи ҳуқуқи онҳоро мунтазам пайгирӣ менамоянд.Русия пазирандаи асосии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон мебошад, ки ҳамасола садҳо ҳазор муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистониро қабул мекунад. Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт, ки мақомоти марбути масоили муҳоҷирати Тоҷикистон ҳамкориро бо ҳамтоёни худ дар Русия тақвият медиҳанд.
https://sputnik.tj/20230810/tasisi-guruhi-kori-panj-shahri-rusiya-vazi-muhojiron-1058750203.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/05/1051182949_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_11feab48e01e93466eb9d4a808d6ad37.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳимоят, санҷиш, тоҷикистон, хориҷӣ, шаҳрвандон
ҳимоят, санҷиш, тоҷикистон, хориҷӣ, шаҳрвандон
Муҳриддин: Фишороварӣ дар муносиботи Русия бо тоҷикистониён ҷой дошта наметавонад
Тоҷикистон бо таъкиди дурустии амалиёти санҷишии мақомоти Русия дар нисбати шаҳрвандони хориҷӣ зарур хонд, ки ҳуқуқу озодиҳои бояд риоя шаванд
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин иддао дар бораи фишори мақомоти Русия ба муҳоҷирони тоҷикро нодуруст хонд.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, бо назардошти сатҳи баланди муносиботи бисёрсамтаи Тоҷикистон бо Русия, фишороварӣ ҷой дошта наметавонад.
"Дар мавриди амалиётҳои мунтазами тафтишотии мақомоти қудратии Русия нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон бояд қайд кард, ки ҷониби мо дурустии амалкарди мақомоти он кишварро мавриди шубҳа қарор намедиҳад", - гуфт Муҳриддин.
Вай дар зимн таъкид намуд, ки ҳангоми баргузории чорабиниҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ барои танзими равандҳои муҳоҷиратӣ бояд ҷониби Русия ҳуқуқу озодиҳои заминавии шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳатман риоя намояд.
Ӯ гуфт, ин мавқеъро дар ҳамаи сатҳҳо, аз ҷумла ахиран дар мулоқот бо вазири умумри хориҷии Русия, Сергей Лавров баён дошт.
"Мо ҳамеша аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват мекунем, ки кору зиндагии худро дар ин кишвари иқомат ҳатман дар доираи қонунгузорӣ ба роҳ монанд", - изҳор дошт Сироҷиддин Муҳриддин.
Вай таъкид намуд, ки намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Русия масъалаи марбут ба шаҳрвандон ва ҳифзи ҳуқуқи онҳоро мунтазам пайгирӣ менамоянд.
Русия пазирандаи асосии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон мебошад, ки ҳамасола садҳо ҳазор муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистониро қабул мекунад.
Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт, ки мақомоти марбути масоили муҳоҷирати Тоҷикистон ҳамкориро бо ҳамтоёни худ дар Русия тақвият медиҳанд.