https://sputnik.tj/20230810/tasisi-guruhi-kori-panj-shahri-rusiya-vazi-muhojiron-1058750203.html
Таъсиси 5 гурӯҳи корӣ дар панҷ шаҳри Русия барои шиносоӣ бо вазъи муҳоҷирон
Таъсиси 5 гурӯҳи корӣ дар панҷ шаҳри Русия барои шиносоӣ бо вазъи муҳоҷирон
Sputnik Тоҷикистон
Бо супориши раисҷумҳури Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони корӣ дар Русия панҷ гурӯҳӣ корӣ таъсис дода шудааст
2023-08-10T17:06+0500
2023-08-10T17:06+0500
2023-08-10T20:23+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
русия
гурӯҳ
муҳоҷирони корӣ
раисҷумҳур
супориш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0a/1058750007_0:0:1024:577_1920x0_80_0_0_5059941d3cd1496a1bc4d42980aaf5ae.jpg
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Гурӯҳҳои кории мазкур тибқи супориши ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни онҳо аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода шудааст.Дар ин бора намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар асоси супориши ҳукумат 5 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Уфа ва Навосибирск сафарбар карда шудаанд.Дар ҳоли ҳозир фаъолияти гурӯҳи корӣ дар қаламрави Русия идома дошта, силсилавохӯриҳо ба нақша гирифта шудааст.Барои мисол, ахиран дар доираи сафари гурӯҳи корӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа дар Маскав ба ширкати логистикии “ПЭК” ташриф овардВазир бо роҳбарияти ширкати мазкур мулоқот кард. Дар ин мулоқот масъалаи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.Ба иттилои роҳбарияти ширкати логистикии ПЭК, ин яке аз калонтарин ширкатҳои боркашонӣ буда, соли 2001 таъсис дода шудааст ва зиёда аз 300 филиалҳоро дар қаламрави ин Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркия ва Чин дар бар мегирад.Дар корхонаҳои ширкати мазкур, ки дар тамоми қаламрави Русия қарор доранд, зиёда аз 1500 шаҳрвандони Тоҷикистон ба кор ҷалб гардидаанд.Таъкид гардидааст, ки хароҷотҳои вобаста ба парвоз аз Тоҷикистон то Русия (то 50%), ҳуҷҷатгузории патент, андоз аз даромад, ҷойи хоб ва таъмини либоси махсуси кориро корфармо ба ӯҳдаи худ мегирад.Гулнора Ҳасандзода, дар ин ширкат аз ҷойи кори муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони кишвар ва вазъи будубоши онҳо шинос шуд.
https://sputnik.tj/20230713/namoyandagi-markazi-muhojirat-khatlon-1058254046.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0a/1058750007_44:0:955:683_1920x0_80_0_0_d03d1265c52163fe4065aee15626e61c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, муҳоҷират, гурӯҳи корӣ, таъхсис, шиносоӣ, мушкилот, раисҷумҳур, супориш
тоҷикистон, русия, муҳоҷират, гурӯҳи корӣ, таъхсис, шиносоӣ, мушкилот, раисҷумҳур, супориш
Таъсиси 5 гурӯҳи корӣ дар панҷ шаҳри Русия барои шиносоӣ бо вазъи муҳоҷирон
17:06 10.08.2023 (Навсозишуда: 20:23 10.08.2023) Бо супориши раисҷумҳури Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони корӣ дар Русия панҷ гурӯҳӣ корӣ таъсис дода шудааст
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Гурӯҳҳои кории мазкур тибқи супориши ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни онҳо аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода шудааст.
Дар ин бора намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар асоси супориши ҳукумат 5 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Уфа ва Навосибирск сафарбар карда шудаанд.
Дар ҳоли ҳозир фаъолияти гурӯҳи корӣ дар қаламрави Русия идома дошта, силсилавохӯриҳо ба нақша гирифта шудааст.
Барои мисол, ахиран дар доираи сафари гурӯҳи корӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа дар Маскав ба ширкати логистикии “ПЭК” ташриф овард
Вазир бо роҳбарияти ширкати мазкур мулоқот кард. Дар ин мулоқот масъалаи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ба иттилои роҳбарияти ширкати логистикии ПЭК, ин яке аз калонтарин ширкатҳои боркашонӣ буда, соли 2001 таъсис дода шудааст ва зиёда аз 300 филиалҳоро дар қаламрави ин Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркия ва Чин дар бар мегирад.
Дар корхонаҳои ширкати мазкур, ки дар тамоми қаламрави Русия қарор доранд, зиёда аз 1500 шаҳрвандони Тоҷикистон ба кор ҷалб гардидаанд.
Таъкид гардидааст, ки хароҷотҳои вобаста ба парвоз аз Тоҷикистон то Русия (то 50%), ҳуҷҷатгузории патент, андоз аз даромад, ҷойи хоб ва таъмини либоси махсуси кориро корфармо ба ӯҳдаи худ мегирад.
Гулнора Ҳасандзода, дар ин ширкат аз ҷойи кори муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони кишвар ва вазъи будубоши онҳо шинос шуд.