https://sputnik.tj/20230815/meyori-boztamvil-kishvarho-idm-1058844214.html
Меъёри бозтамвил дар кишварҳои ИДМ чанд аст?
Меъёри бозтамвил дар кишварҳои ИДМ чанд аст?
Sputnik Тоҷикистон
Дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баландтарин нишондоди меъёри бозтамвил дар Қазоқистон ва пасттаринаш дар Молдова мавриди амал қарор дода шудааст
2023-08-15T18:27+0500
2023-08-15T18:27+0500
2023-08-15T18:35+0500
тасвирбаён
таҳдид
иқтисод
меъёри бозтамвил
русия
идм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0f/1058841448_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_d8663eb07b68738f565bafb7c0f9177b.png
Шӯрои мудирони Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро дар кишвар ба андозаи 350 банди заминавӣ боло бурда, дар сатҳи 12%-и солона қарор дод. Дар ин бора Бонки марказии Русия бо нашри як иттилоия хабар дода, афзуд, ки ҳадафи болобарии меъёри бозтамвил таъмини эътидоли нархҳо мебошад. Меъёри бозтамвил нишондоди ҳадди ақали фоизҳо мебошад, ки аз рӯи он Бонки марказӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз медиҳад ва ҳамчунин пасандоз қабул мекунад. Ҳаҷми меъёри бозтамвил ба сатҳи таваррум таъсир дорад.Ҳамчунин ниҳоди танзимкунандаи бахши молиявии Русия таъкид менамояд, ки аз ҳисоби афзоиши меъёри бозтамвил пасандози шаҳрвандон аз беқурбшавӣ ҳифз карда мешавад.Тоҷикистон муомилоти молро бо рубл ва сомонӣ афзоиш медиҳад Таҳлили нишондиҳандаҳои меъёри бозтамвил дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нишон медиҳад, ки баландтаринаш дар Қазоқистон ва пасттаринаш дар Молдова мебошад. Дар Тоҷикистон меъёри бозтамвил аз аввали соли равон поин рафта, феълан дар сатҳи 10%-и солона қарор дорад. Бори охир Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро моҳи майи соли равон ба андозаи 1% поин бурда, то сатҳи 10% расонда буд. Таъкид гардид, ки ин тасмим бо назардошти таъсири эҳтимолии таҳдидҳои эҳтимолии дохилӣ ва хориҷӣ ба иқтисодиёт гирифта шудааст.
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0f/1058841448_172:0:1132:720_1920x0_80_0_0_086656fa68cd2acd04acd13f8fcb50a2.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қаламрав, идм, бозтамвил, русия, қазоқистон
қаламрав, идм, бозтамвил, русия, қазоқистон
Меъёри бозтамвил дар кишварҳои ИДМ чанд аст?
18:27 15.08.2023 (Навсозишуда: 18:35 15.08.2023) Дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баландтарин нишондоди меъёри бозтамвил дар Қазоқистон ва пасттаринаш дар Молдова мавриди амал қарор дода шудааст
Шӯрои мудирони Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро дар кишвар ба андозаи 350 банди заминавӣ боло бурда, дар сатҳи 12%-и солона қарор дод.
Дар ин бора Бонки марказии Русия бо нашри як иттилоия хабар дода, афзуд, ки ҳадафи болобарии меъёри бозтамвил таъмини эътидоли нархҳо мебошад.
Меъёри бозтамвил нишондоди ҳадди ақали фоизҳо мебошад, ки аз рӯи он Бонки марказӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз медиҳад ва ҳамчунин пасандоз қабул мекунад. Ҳаҷми меъёри бозтамвил ба сатҳи таваррум таъсир дорад.
Ҳамчунин ниҳоди танзимкунандаи бахши молиявии Русия таъкид менамояд, ки аз ҳисоби афзоиши меъёри бозтамвил пасандози шаҳрвандон аз беқурбшавӣ ҳифз карда мешавад.
Таҳлили нишондиҳандаҳои меъёри бозтамвил дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нишон медиҳад, ки баландтаринаш дар Қазоқистон ва пасттаринаш дар Молдова мебошад.
Дар Тоҷикистон меъёри бозтамвил аз аввали соли равон поин рафта, феълан дар сатҳи 10%-и солона қарор дорад. Бори охир Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро моҳи майи соли равон ба андозаи 1% поин бурда, то сатҳи 10% расонда буд.
Таъкид гардид, ки ин тасмим бо назардошти таъсири эҳтимолии таҳдидҳои эҳтимолии дохилӣ ва хориҷӣ ба иқтисодиёт гирифта шудааст.