https://sputnik.tj/20230815/elon-nihodho-fasodzada-tojikiston-ojonsi-maqom-barkanor-1058840276.html
Эълони ниҳодҳои фасодзада дар Тоҷикистон: Оҷонсӣ гуфт, 115 нафар аз мақом барканор шуд
Эълони ниҳодҳои фасодзада дар Тоҷикистон: Оҷонсӣ гуфт, 115 нафар аз мақом барканор шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон пас аз санҷиши вазорату идораҳо ва дигар мақомот 115 нафар аз вазифа аозод ва алайҳи 637 тан чораҳои интизомӣ татбиқ карда шудааст
2023-08-15T16:30+0500
2023-08-15T16:30+0500
2023-08-15T16:30+0500
дар тоҷикистон
оҷонсии мубориза зидди коррупсия
сулаймон султонзода
коррупсия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032832321_0:1:1280:721_1920x0_80_0_0_844ad9b4953d466a8bfe192f8469bee5.jpg
ДУШАНБЕ, 15 авг - Sputnik. Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон гуфт, ки дар кадом вазорату идораҳои давлатӣ бештар қонуншикании марбут ба фасоди молӣ сабт шудааст.Раҳбари ин ниҳод Султонзода Сулаймон зимни нишасти хабарияш гуфт, ки тайи шаш моҳ дар кишвар 1329 ҷинояти иқтисодии коррупсионӣ ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро сабт кардаанд.Бар асоси маълумоти оҷонсӣ, аксари ҷиноятҳои коррупсионӣ дар низоми бонкӣ будааст, ки дар он 142 далели ҷиноятҳои иқтисодӣ якбора ошкор карда шуданд.Дар зинаи дуввум шахсони мансабдори мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар ним соли охир ба қайд гирифта шудаанд - тақрибан 123 парванда.Дар зинаи сеюм аз рӯи миқдори фасодкориҳои молӣ соҳаҳои маориф будааст, ки дар он 116 далели ҷиноятҳои иқтисодӣ якбора ошкор карда шуданд.Мақоми чаҳорумро бо 70 парванда соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гирифтааст.Ба гузориши оҷонсӣ теъдоди ҷиноёти ошкоршуда дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ - 18, кишоварзӣ - 17, корхонаҳои идораи замин ва бақайдгирии молу мулки ғайриманқул - 107, шабакаҳои тақсимоту фурӯши барқ - 26, ва дигар идораву корхонаҳои давлатӣ - 246 ҷиноят сабт шудааст.Давоми шаш моҳ ҳамзамон 1085 парвандаи хухсияти коррупсионидошта баррасӣ шудааст, ки аз он 272-тоаш алайҳи шахсони мансабдори вазорату идораҳо будааст.Султонзода ҳамзамон афзуд, ки барои бартараф кардани омилҳои коррупсионӣ дар пайи санҷишҳо, ба вазорату идораҳои дахлдор 987 дастури хаттӣ ва 1843 пешниҳод ирсол шуд, ки дар натиҷаи баррасии онҳо 115 нафар аз вазифа аозод ва алайҳи 637 тан чораҳои интизомӣ татбиқ карда шуд.
https://sputnik.tj/20230815/ojonsi-korrupsiya-million-zarar-davlat-oshkor-1058838085.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032832321_160:0:1121:721_1920x0_80_0_0_2db20c8ab4e35547a0c8c21b5368d43b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон ниҳодҳо фасодзада тоҷикистон оҷонсӣ мақом барканор
эълон ниҳодҳо фасодзада тоҷикистон оҷонсӣ мақом барканор
Эълони ниҳодҳои фасодзада дар Тоҷикистон: Оҷонсӣ гуфт, 115 нафар аз мақом барканор шуд
Дар Тоҷикистон пас аз санҷиши вазорату идораҳо ва дигар мақомот 115 нафар аз вазифа аозод ва алайҳи 637 тан чораҳои интизомӣ татбиқ карда шудааст
ДУШАНБЕ, 15 авг - Sputnik. Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон гуфт, ки дар кадом вазорату идораҳои давлатӣ бештар қонуншикании марбут ба фасоди молӣ сабт шудааст.
Раҳбари ин ниҳод Султонзода Сулаймон зимни нишасти хабарияш гуфт, ки тайи шаш моҳ дар кишвар 1329 ҷинояти иқтисодии коррупсионӣ ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро сабт кардаанд.
Бар асоси маълумоти оҷонсӣ, аксари ҷиноятҳои коррупсионӣ дар низоми бонкӣ будааст, ки дар он 142 далели ҷиноятҳои иқтисодӣ якбора ошкор карда шуданд.
Дар зинаи дуввум шахсони мансабдори мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар ним соли охир ба қайд гирифта шудаанд - тақрибан 123 парванда.
Дар зинаи сеюм аз рӯи миқдори фасодкориҳои молӣ соҳаҳои маориф будааст, ки дар он 116 далели ҷиноятҳои иқтисодӣ якбора ошкор карда шуданд.
Мақоми чаҳорумро бо 70 парванда соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гирифтааст.
Ба гузориши оҷонсӣ теъдоди ҷиноёти ошкоршуда дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ - 18, кишоварзӣ - 17, корхонаҳои идораи замин ва бақайдгирии молу мулки ғайриманқул - 107, шабакаҳои тақсимоту фурӯши барқ - 26, ва дигар идораву корхонаҳои давлатӣ - 246 ҷиноят сабт шудааст.
Давоми шаш моҳ ҳамзамон 1085 парвандаи хухсияти коррупсионидошта баррасӣ шудааст, ки аз он 272-тоаш алайҳи шахсони мансабдори вазорату идораҳо будааст.
Султонзода ҳамзамон афзуд, ки барои бартараф кардани омилҳои коррупсионӣ дар пайи санҷишҳо, ба вазорату идораҳои дахлдор 987 дастури хаттӣ ва 1843 пешниҳод ирсол шуд, ки дар натиҷаи баррасии онҳо 115 нафар аз вазифа аозод ва алайҳи 637 тан чораҳои интизомӣ татбиқ карда шуд.