https://sputnik.tj/20230814/varzishgaroni-tojik-bozihoi-idm-medal-1058829532.html
Варзишгарони тоҷик дар бозиҳои ИДМ 13 медал ба даст оварданд
Варзишгарони тоҷик дар бозиҳои ИДМ 13 медал ба даст оварданд
Sputnik Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар II-умин бозиҳои кишварҳои ИДМ, ки дар Минск баргузор шуд, аз рӯи ҳисоби медалҳо мақоми ҳаштумро касб карданд
2023-08-14T19:59+0500
2023-08-14T19:59+0500
2023-08-14T19:59+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
варзишгарони тоҷик
медал
беларус
идм
минск
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058829313_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_a512f2cb1bece63d9d9ebb55df49946b.jpg
ДУШАНБЕ, 14 август — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар II-юмин Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Беларус 13 медал ба даст оварданд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.Ҳамин тавр, дастаи Тоҷикистон ба Ватан як медали тилло меорад, ки онро муштзан Меҳроҷ Сӯфиҷонов дар вазни 48 кг сазовар шуд.Се медали нуқраро муштзан Анӯшервон Фозилов (51 кг), ҷудокор Лоиқ Қутбиддинов, ва самбочӣ Убайдӣ Деваштич (79 кг) ба даст оварданд.Илова бар ин, варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо 9 медали биринҷӣ ба даст оварданд.Панҷ медалро муштзанҳо Ҳангома Исоева (57 кг), Бузургмеҳр Иқсанов (54 кг), Рустамҷон Ашӯров (67 кг), Акмалҷон Абдуллоев (86 кг) ва Руслан Федорин (92 кг) гирифтанд. Ҳамчунин, се медали дигарро гуштингирҳо Мустафо Аҳмадов (дар вазни 92 кг), Сомонҷон Икромов (79 кг), Асланҷон Азимов гирифтанд ва боз як медалро ҷудокор Мадина Қурбонзода соҳиб шуд.Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар ҳисоби медалҳо дар ҷои ҳаштум қарор гирифт.II-уми Бозиҳои кишварҳои ИДМ аз 4 то 14 августи соли 2023 баргузор шуданд.Мусобиқаҳо дар 11 шаҳри Белорус баргузор шуданд. Дар маҷмӯъ, дар рафти мусобиқа аз рӯи 20 намуди варзиш 246 маҷмӯи медалҳо бозӣ карда шуд.Мунтахаби Русия бо касби 288 медал дар ҷадвали мусобиқот дар ҷои аввал, Беларус - 236 медал дар ҷойи дувум ва Ӯзбакистон бо касби 105 медал дар ҷойи севум қарор гирифтанд.
https://sputnik.tj/20230813/nakhustin-medali-tiloi-tojikiston-bozihoi-idm-1058799065.html
беларус
минск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058829313_51:0:1118:800_1920x0_80_0_0_1b014fd9e320b7582b796017c2087efe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, тоҷикистон, бозиҳои идм, варзишгарон, минск, медал, даста
русия, тоҷикистон, бозиҳои идм, варзишгарон, минск, медал, даста
Варзишгарони тоҷик дар бозиҳои ИДМ 13 медал ба даст оварданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар II-умин Бозиҳои кишварҳои ИДМ, ки дар Минск баргузор шуд, аз рӯи ҳисоби медалҳо мақоми ҳаштумро касб карданд
ДУШАНБЕ, 14 август — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар II-юмин Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Беларус 13 медал ба даст оварданд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Ҳамин тавр, дастаи Тоҷикистон ба Ватан як медали тилло меорад, ки онро муштзан Меҳроҷ Сӯфиҷонов дар вазни 48 кг сазовар шуд.
Се медали нуқраро муштзан Анӯшервон Фозилов (51 кг), ҷудокор Лоиқ Қутбиддинов, ва самбочӣ Убайдӣ Деваштич (79 кг) ба даст оварданд.
Илова бар ин, варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо 9 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Панҷ медалро муштзанҳо Ҳангома Исоева (57 кг), Бузургмеҳр Иқсанов (54 кг), Рустамҷон Ашӯров (67 кг), Акмалҷон Абдуллоев (86 кг) ва Руслан Федорин (92 кг) гирифтанд. Ҳамчунин, се медали дигарро гуштингирҳо Мустафо Аҳмадов (дар вазни 92 кг), Сомонҷон Икромов (79 кг), Асланҷон Азимов гирифтанд ва боз як медалро ҷудокор Мадина Қурбонзода соҳиб шуд.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар ҳисоби медалҳо дар ҷои ҳаштум қарор гирифт.
II-уми Бозиҳои кишварҳои ИДМ аз 4 то 14 августи соли 2023 баргузор шуданд.
Мусобиқаҳо дар 11 шаҳри Белорус баргузор шуданд. Дар маҷмӯъ, дар рафти мусобиқа аз рӯи 20 намуди варзиш 246 маҷмӯи медалҳо бозӣ карда шуд.
Мунтахаби Русия бо касби 288 медал дар ҷадвали мусобиқот дар ҷои аввал, Беларус - 236 медал дар ҷойи дувум ва Ӯзбакистон бо касби 105 медал дар ҷойи севум қарор гирифтанд.