Нахустин медали тилои Тоҷикистон дар бозиҳои кишварҳои ИДМ

© Sputnik / Стас ЭтвешБоксерские перчатки, архивное фото
Боксерские перчатки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2023
Обуна шудан
Ба ин тартиб, Тоҷикистон бо касби 12 медал дар ҷадвали медалҳои мусобиқот миёни дигар кишварҳо дар ҷои 6-ум қарор гирифтааст
ДУШАНБЕ, 13 август — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар II-умин бозиҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) аввалин медали тиллои худро ба даст овард.
Медали тилоро ба ҷумҳурӣ боксёр Меҳроҷ Суфиҷонов овард.
Дар бозии ниҳоӣ варзишгари тоҷик бар ҳарифи қирғизаш пирӯз шуд.
Илова бар ин, ба варзишгари дигар мунтахаби кишвар Анушервон Фозилов муяссар шуд, ки дар ҳамин намуди варзиш соҳиби медали нуқра шавад.
Ба ин тартиб, Тоҷикистон ҳоло дар ҳисоби медалҳои мусобиқа дар байни дигар кишварҳо дар ҷои 6-ум қарор гирифтааст.
Водно-спортивный комплекс в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2023
Тоҷикистон дар Бозиҳои ИДМ чанд медал гирифт
Варзишгарон 12 медал ба даст оварданд, аз чумла:
1 тилло
2 нуқра
9 биринҷӣ.
Аз рӯи шумораи ҷоизаҳо дар се ҷойи аввал Русия, Беларус ва Ӯзбекистон қарор гирифтаанд.
II-умин бозиҳои кишварҳои ИДМ дар 11 шаҳри Беларус баргузор мегарданд.
Мусобиқаҳоро 11 шаҳри Белорус мегузаронанд. Ҳамин тариқ дар Брест аз 10 то 13 август шиноварон дар Қасри варзиш мусобиқа мекунанд.
Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон 4 варзишгар шомил буд. Дар ин шаҳр 133 шиновар аз 11 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Ветнам, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Туркманистон ва Узбекистон ҷамъ омаданд.
Тавре сармураббии тими Тоҷикистон Раҳмат Мирзоев қаблан гуфта буд, мунтахаби кишвар ба ҷоизаҳо умед дорад.
Ба ҷумҳурии Беларус барои иштирок дар ин мусобиқа зиёда аз 2 ҳазор варзишгар омадааст.
Лентаи хабарҳо
0