https://sputnik.tj/20230805/maqomot-pardokhti-aliment-sarkashi-firor-1058656285.html
Мақомот гуфт, чанд нафар аз пардохти алимент саркашӣ дораду ва чанд кас мехост фирор кунад
Мақомот гуфт, чанд нафар аз пардохти алимент саркашӣ дораду ва чанд кас мехост фирор кунад
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаш моҳ ба Хадамоти иҷрои Тоҷикистон зиёда аз 5 ҳазор истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани маблағи алимент ворид гардид
2023-08-05T12:06+0500
2023-08-05T12:06+0500
2023-08-05T12:06+0500
дар тоҷикистон
фирор
алимент
парванда
ҷазо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/05/1032766747_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_fcb78667430bb9eb269082f2109e2ceb.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Давоми шашмоҳаи аввали соли равон ба Хадамоти иҷрои Тоҷикистон 5 612 истеҳсолоти иҷро барои ситонидани маблағи алимент ворид гардид, гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти иҷрои кишвар Барно Саидвализода.Ба гуфтаи вай, аз солҳои пешин дар маҷмуъ наздик ба 92 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент дар баррасии иҷрочиён мавриди иҷро қарор дорад.Ба иттилои Сардори Хадамоти иҷрои, аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кӯдак зиёда аз 19,9 млн сомонӣ маблағи алимент ситонида шудааст.Бинобар бадқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент нисбат ба 399 нафар қарздорон тибқи талаботи қонуни Тоҷикистон бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби мақомоти прокуратура парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд.Нисбат ба 392 нафар қарздорон бо пешниҳоди иҷрочиён барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷои зисташон аз ҷониби суд кофтуков эълон шудааст.Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки ба шуъбаи пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронии Хадамот, ки бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он ташкил шудааст, ҳоло 823 нафар шахсони воқеӣ ва 33 нафар шахсони ҳуқуқӣ ворид шудаанд.Барои баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди Тоҷикистон нисбат ба 2600 нафар қарздорон маҳдудият гузошта шудааст.Амали мазкур натиҷаҳои мусбат дода, 857 нафар қарздорон сарҳадҳои мамлакатро убур намуда натавониста, маблағҳои бо ҳуҷҷатҳои иҷро таъйингардидаро ба андозаи 7,6 млн сомонӣ пардохт намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 5,2 млн сомонӣ зиёд мебошад.
https://sputnik.tj/20230207/justuju-pardokht-nakardan-aliment-tojikiston-1054725643.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/05/1032766747_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_caccb9233657c54441132a58fd02aa55.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, алимен, хадамоти иҷро, фирор, саркашӣ, ситонидан
тоҷикистон, алимен, хадамоти иҷро, фирор, саркашӣ, ситонидан
Мақомот гуфт, чанд нафар аз пардохти алимент саркашӣ дораду ва чанд кас мехост фирор кунад
Дар шаш моҳ ба Хадамоти иҷрои Тоҷикистон зиёда аз 5 ҳазор истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани маблағи алимент ворид гардид
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Давоми шашмоҳаи аввали соли равон ба Хадамоти иҷрои Тоҷикистон 5 612 истеҳсолоти иҷро барои ситонидани маблағи алимент ворид гардид, гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти иҷрои кишвар Барно Саидвализода.
Ба гуфтаи вай, аз солҳои пешин дар маҷмуъ наздик ба 92 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент дар баррасии иҷрочиён мавриди иҷро қарор дорад.
Ба иттилои Сардори Хадамоти иҷрои, аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кӯдак зиёда аз 19,9 млн сомонӣ маблағи алимент ситонида шудааст.
Бинобар бадқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент нисбат ба 399 нафар қарздорон тибқи талаботи қонуни Тоҷикистон бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби мақомоти прокуратура парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд.
Нисбат ба 392 нафар қарздорон бо пешниҳоди иҷрочиён барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷои зисташон аз ҷониби суд кофтуков эълон шудааст.
Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки ба шуъбаи пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронии Хадамот, ки бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он ташкил шудааст, ҳоло 823 нафар шахсони воқеӣ ва 33 нафар шахсони ҳуқуқӣ ворид шудаанд.
Барои баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди Тоҷикистон нисбат ба 2600 нафар қарздорон маҳдудият гузошта шудааст.
Амали мазкур натиҷаҳои мусбат дода, 857 нафар қарздорон сарҳадҳои мамлакатро убур намуда натавониста, маблағҳои бо ҳуҷҷатҳои иҷро таъйингардидаро ба андозаи 7,6 млн сомонӣ пардохт намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 5,2 млн сомонӣ зиёд мебошад.