Путин гуфт, бо кадом кишварҳо дар бахши низомӣ ҳамкорӣ хоҳад кард

Обуна шудан
Маскав омодаи ҳамкориҳои ҳарбию техникӣ бо ҳар кишваре мебошад, ки роҳи мустақили рушди худро ҳимоят мекунад, изҳор дошт президенти Русия
Президенти Русия Владимир Путин хостори таҳкими ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ бо шарикони хориҷӣ шуд.
Ин пешниҳодро Путин зимни суханронии видеоияш дар ҳамоиши "Армия-2023" баён дошт.
Ӯ таъкид намуд, ки Русия барои ҳамкориҳои баробари ҳарбию техникӣ бо ҳама кишварҳое, ки аз манфиатҳои худ дифоъ мекунанд, боз аст.
Сарвари давлат афзуд, ки Маскав ба шарикон навъҳои зиёди силоҳҳои муосирро пешниҳод мекунад ва аз ҷумла - системаҳои навтарини назорат, иктишофӣ, силоҳҳои дақиқ ва робототехникаро ном бурд.
Вай афзуд, ки дар доираи ҳамоиш ба мавзӯи ҳавопаймоҳои бесарнишин таваҷҷуҳи хоса зоҳир шудааст.
"Ин самт ҳам дар бахши низомӣ ва ҳам дар бахши шаҳрвандӣ фаъолона рушд мекунад. Воқеан, сухан дар бораи таъсиси як саноати нави мустақили илмӣ ва технологияи баланд меравад", - қайд кард президент.
Илова бар ин, раҳбари Русия изҳор дошт, ки бозори маҳсулоти зеҳни сунъӣ дар кишвар дар ҳоли густариш аст.
Вай зимни пешниҳоди ҳамкориҳо бо шарикони хориҷӣ, аз ҷумла - бахши омодасозии кадрҳо, такмили кадрҳои низомии хориҷӣ ва баргузории машқҳои муштараки фармондеҳию дигар тамринотро бурд.
Амалиёти вижаи низомӣ: Артиши Русия дар се самт ҳуҷум дорад
Маврид ба зикр аст, ки ҳамоиши байналмилалӣ таҳти унвони "Армия-2023" аз 14 то 20 август дар Маркази конгресс ва намоишгоҳи "Патриот", дар тамрингоҳи Алабино ва фурудгоҳи Кубинкаи вилояти Маскав ҷараён хоҳад дошт.
Дар ҳамоиши мазкур 85 ширкат ва ташкилоти хориҷӣ аз 7 давлат ширкат доранд.
Лентаи хабарҳо
0