https://sputnik.tj/20230810/maqomot-andoz-viloyati-sugd-saroyanda-qarzdor-1058756131.html
Кӣ ва чи қадар?: Мақомоти андоз дар вилояти Суғд сарояндаҳои қарздорро номбар карданд
Кӣ ва чи қадар?: Мақомоти андоз дар вилояти Суғд сарояндаҳои қарздорро номбар карданд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти андози вилояти Суғд ахиран эълон кард, ки нисбати сарояндаҳо чораҳои маҷбуран ситонидани қарзро тадбиқ мекунанд
2023-08-10T18:46+0500
2023-08-10T18:46+0500
2023-08-10T20:28+0500
дар тоҷикистон
қарзҳо
овозхон
суғд
андоз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101826/45/1018264564_0:0:2000:1125_1920x0_80_0_0_9792ea9f0d21f1596d8acd9ecdc1e924.jpg
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Давоми нисмолаи аввали соли ҷорӣ гурӯҳе аз санъаткорони Суғд дар пардохти маблағи андоз қарздор шудаанд.Ҳаҷми аз ҳама баланди қарз ба ҳофизоне рост меояд, ки дар ноҳияҳои Зафаробод ва Бобоҷон Ғафуров фаъолият мекунанд. Дар ин бора Абдуқайюм Воҳидов, сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд зимни баргузории нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.Бино ба гуфти ӯ, ҳоло 11 санъаткор дар пардохт намудани 118 ҳазор сомонӣ аз андоз қарздоранд.Ин манбаъ ному насаби санъаткорон ва маҳалли фаъолияти онҳоро ном бурд, ки дар ин давра ҳаҷми қарзашон аз ҳама бештар шудааст. Дар феҳристи Идораи андоз исми Содиқов Сафарҷон Маъруфович, Раҷабов Машраф Қурбонович, Кенҷаев Соибҷон Сангинбоевич - сарояндаҳо аз ноҳияи Зафаробод ва Айтматов Дилшод Сафарович сароянда аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сабт шудаанд, ки ҳар кадоми онҳо 16 – 30 ҳазор сомонӣ барои пардохти андоз қарздор будаанд.Масъулони Идораи андози Суғд гуфтанд, ки алҳол дар вилоят 154 адад туйхонаҳо, 192 нафар санъаткорон, 249 наворбардорон ва 160 дигар ҳунармандон ба хизматрасониҳо дар тӯю сури мардум фаъолият мекунанд ва аз ин ҳисоб андоз пардохт менамоянд.
https://sputnik.tj/20230210/sanjishi-tuy-sad-arusu-domodi-bemor-1054841778.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101826/45/1018264564_77:0:1701:1218_1920x0_80_0_0_23ded94b788ea82e37fc48eb5efc6b10.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, мақомот, сароянда, чораҳо, маҷбур, ситонидани қарз, сароянда, пардохт
тоҷикистон, суғд, мақомот, сароянда, чораҳо, маҷбур, ситонидани қарз, сароянда, пардохт
Кӣ ва чи қадар?: Мақомоти андоз дар вилояти Суғд сарояндаҳои қарздорро номбар карданд
18:46 10.08.2023 (Навсозишуда: 20:28 10.08.2023) Эксклюзив
Мақомоти андози вилояти Суғд ахиран эълон кард, ки нисбати сарояндаҳо чораҳои маҷбуран ситонидани қарзро тадбиқ мекунанд
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Давоми нисмолаи аввали соли ҷорӣ гурӯҳе аз санъаткорони Суғд дар пардохти маблағи андоз қарздор шудаанд.
Ҳаҷми аз ҳама баланди қарз ба ҳофизоне рост меояд, ки дар ноҳияҳои Зафаробод ва Бобоҷон Ғафуров фаъолият мекунанд.
Дар ин бора Абдуқайюм Воҳидов, сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд зимни баргузории нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Бино ба гуфти ӯ, ҳоло 11 санъаткор дар пардохт намудани 118 ҳазор сомонӣ аз андоз қарздоранд.
“Бинобар саривақт пардохт нашудан, чораҳои маҷбуран ситонидани қарзро татбиқ намуда корбариро идома медиҳем” – гуфт, сардори Раёсат.
Ин манбаъ ному насаби санъаткорон ва маҳалли фаъолияти онҳоро ном бурд, ки дар ин давра ҳаҷми қарзашон аз ҳама бештар шудааст.
Дар феҳристи Идораи андоз исми Содиқов Сафарҷон Маъруфович, Раҷабов Машраф Қурбонович, Кенҷаев Соибҷон Сангинбоевич - сарояндаҳо аз ноҳияи Зафаробод ва Айтматов Дилшод Сафарович сароянда аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сабт шудаанд, ки ҳар кадоми онҳо 16 – 30 ҳазор сомонӣ барои пардохти андоз қарздор будаанд.
Масъулони Идораи андози Суғд гуфтанд, ки алҳол дар вилоят 154 адад туйхонаҳо, 192 нафар санъаткорон, 249 наворбардорон ва 160 дигар ҳунармандон ба хизматрасониҳо дар тӯю сури мардум фаъолият мекунанд ва аз ин ҳисоб андоз пардохт менамоянд.