https://sputnik.tj/20230813/shahrdori-dushanbe-mahsuloti-ghizoi-vorid-1058796342.html
Шаҳрдорӣ гуфт, аз кадом кишварҳо ба Душанбе маҳсулоти ғизоӣ ворид мешавад
Шаҳрдорӣ гуфт, аз кадом кишварҳо ба Душанбе маҳсулоти ғизоӣ ворид мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдории Душанбе эълон кардааст, ки Русия, Қазоқистон, Белорус ва Ҳиндустон харид ва воридоти маҳсулотҳо ба роҳ монда шудааст
2023-08-13T11:01+0500
2023-08-13T11:01+0500
2023-08-13T11:01+0500
дар тоҷикистон
душанбе
воридот
маҳсулоти ғизоӣ
русия
қазоқистон
беларус
шаҳрдорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102668/84/1026688495_0:158:3000:1846_1920x0_80_0_0_f75934ddfa140426daa4a014e9054017.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар доираи шартномаҳои басташуда бо ширкатҳои тиҷоратии давлатҳои Русия, Қазоқистон, Белорус ва Ҳиндустон харид ва воридоти маҳсулотҳо ба роҳ монда шудааст, иттилоъ додааст шаҳрдорӣ Душанбе.Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла аз ин кишварҳо шакар, равғани растанӣ, орд, гандум, биринҷ ва гӯшти гов ворид мешавад.Шаҳрдорӣ мегӯяд маҳсулотҳои воридшуда барои таъмини талаботи истеъмолкунандагон тавассути бозорҳои пойтахт ба фурӯш гузошта мешаванд.Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, бо мақсади ғанӣ гардонидани бозорҳо бо маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ва таъмин намудани шаҳрвандони пойтахт бо молу маҳсулоти ниёзи аввалия, айни замон 39 адад сардхона бо масоҳати 24,1 ҳазор метри мураббаъ ва бо ғунҷоиши 40,3 ҳазор тонна маҳсулот фаъолият намуда истодаанд, ки айни ҳол 5,8 ҳазор тонна маҳсулоти агросаноатию кишоварзӣ захира карда шудааст.Ҳамзамон ба иттилои шаҳрдорӣ барои пешгирии болоравии нарх ва ғанӣ гардонидани бозорҳои истеъмолии ҳудуди шаҳр бо маҳсулоти гӯштӣ аз ҷониби мақомот ва соҳибкорони ватанӣ дар ин давра дар маҷмӯъ ба миқдори 256 тонна бо нархи нисбатан арзон пешкаши харидорон гардонида шудааст.Инчунин шаҳрдорӣ афзуд, ки дар анборҳояш маҳсулотҳои ниёзи аввалияро, аз қабили картошка – 5 ҳаз тонна, пиёз – 7 ҳаз тонна, сабзӣ – ҳазор тонна, шакар – ду ҳаз тонна, равғани растанӣ - 500 тонна, орд – се ҳазор тонна, гандум – 6 ҳаз тонна ва биринҷ - 100 тонна захира намояд.Қайд карда шудааст, ки захиранамоии маҳсулоти болозикр аз моҳҳои сентябр – ноябри соли ҷорӣ оғоз мегарданд.
https://sputnik.tj/20230812/piyoz-gusht-tukhm-khojagidoron-yovon-dushanbe-1058791725.html
душанбе
русия
қазоқистон
беларус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102668/84/1026688495_165:0:2836:2003_1920x0_80_0_0_f3d2e46055a81febd4a1f2b4a81549f5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, харидорӣ, маҳсулоти ғизоӣ, русия, қазоқистон, белору, ворид
тоҷикистон, душанбе, харидорӣ, маҳсулоти ғизоӣ, русия, қазоқистон, белору, ворид
Шаҳрдорӣ гуфт, аз кадом кишварҳо ба Душанбе маҳсулоти ғизоӣ ворид мешавад
Шаҳрдории Душанбе эълон кардааст, ки Русия, Қазоқистон, Белорус ва Ҳиндустон харид ва воридоти маҳсулотҳо ба роҳ монда шудааст
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар доираи шартномаҳои басташуда бо ширкатҳои тиҷоратии давлатҳои Русия, Қазоқистон, Белорус ва Ҳиндустон харид ва воридоти маҳсулотҳо ба роҳ монда шудааст, иттилоъ додааст шаҳрдорӣ Душанбе.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла аз ин кишварҳо шакар, равғани растанӣ, орд, гандум, биринҷ ва гӯшти гов ворид мешавад.
Шаҳрдорӣ мегӯяд маҳсулотҳои воридшуда барои таъмини талаботи истеъмолкунандагон тавассути бозорҳои пойтахт ба фурӯш гузошта мешаванд.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, бо мақсади ғанӣ гардонидани бозорҳо бо маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ва таъмин намудани шаҳрвандони пойтахт бо молу маҳсулоти ниёзи аввалия, айни замон 39 адад сардхона бо масоҳати 24,1 ҳазор метри мураббаъ ва бо ғунҷоиши 40,3 ҳазор тонна маҳсулот фаъолият намуда истодаанд, ки айни ҳол 5,8 ҳазор тонна маҳсулоти агросаноатию кишоварзӣ захира карда шудааст.
Ҳамзамон ба иттилои шаҳрдорӣ барои пешгирии болоравии нарх ва ғанӣ гардонидани бозорҳои истеъмолии ҳудуди шаҳр бо маҳсулоти гӯштӣ аз ҷониби мақомот ва соҳибкорони ватанӣ дар ин давра дар маҷмӯъ ба миқдори 256 тонна бо нархи нисбатан арзон пешкаши харидорон гардонида шудааст.
Инчунин шаҳрдорӣ афзуд, ки дар анборҳояш маҳсулотҳои ниёзи аввалияро, аз қабили картошка – 5 ҳаз тонна, пиёз – 7 ҳаз тонна, сабзӣ – ҳазор тонна, шакар – ду ҳаз тонна, равғани растанӣ - 500 тонна, орд – се ҳазор тонна, гандум – 6 ҳаз тонна ва биринҷ - 100 тонна захира намояд.
Қайд карда шудааст, ки захиранамоии маҳсулоти болозикр аз моҳҳои сентябр – ноябри соли ҷорӣ оғоз мегарданд.