Аз пиёз то гӯшту тухм: хоҷагидорони Ёвон ба Душанбе арзонӣ оварданд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВыставка овощей и фруктов
Выставка овощей и фруктов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2023
Обуна шудан
Дар баробари овардани маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал дар Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Дар Душанбе баргузории ярмаркаҳо идома дорад. Ин навбат хоҷагидорони ноҳияи Ёвон бо овардани маҳсулотҳои кишоварзӣ ва ниёзи аввал хони сокинони пойтахтро фаровон мегардонанд.
Тибқи хабари агентии Ховар, дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби деҳқонони ноҳияи Ёвон намунаи беҳтарин маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ намоиш дода мешавад.
Манбаъ аз ҷумла аз зироати донагӣ, меваю сабзавот, полезӣ ва дигар навъи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ гуфт.
Гуфта мешавад, хоҷагиродони Ёвон қариб 47 тонна маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро барои меҳмонону сокинони пойтахт оварданд. Нархи маҳсулотҳои оварда нисбат ба бозор арзон ба фурӯш бароварда мешавад.
Иордания, Амман - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2023
Ярмаркаҳои рӯзҳои истироҳат: Куҷои Душанбе метавон маҳсулоти арзон харид?
Харидорон имкон доранд, картошка, пиёз, сабзӣ, карам, каду, помидор, бодиринг, себ, ангур, олу, харбуза, тарбуз, биринҷ, гӯшти гов, меваи хушк, тухм ва дигар маҳсулоти озуқавориро бо нархи арзонтар дастрас кунанд.
Дар ҳамин ҳол, шоми рӯзи 12 август дар Боғи Кӯдакони шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангии ноҳияи мазкур доир мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки то ҳол шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳритус, Конибодом, Қубодиён, Турсунзода, Ҷайҳун, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Шаҳринав, Панҷ ва ғайра намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғҳои пойтахти мамлакат баргузор намуданд.
Ин чорабинӣ дар боғҳои пойтахт аз 1 июл оғоз гардид ва интизор меравад то 3 сентяр идома меёбад.
Лентаи хабарҳо
0