Миллионҳо сомонӣ: Идораи об шаҳру ноҳияҳои қарздорро ном гирифт

© Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкВодохранилище
Водохранилище  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2023
Обуна шудан
Масъулони Идораи обрасонӣ ва беҳдошти замин дар Суғд мегуянд, ки шаҳру ноҳияҳо аз масрафи об 70 миллион сомонӣ қарздоранд
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар шаш моҳи соли равон қарзи истифодабарандагони об аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ бо усули афзоиши 70,1 млн сомониро ташкил медиҳад, гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд Аминҷон Абдуллозода.
Ба гуфтаи вай, ин нишондиҳанда мувофиқи ноҳияҳои Зафаробод 26,9 млн сомонӣ, Мастчоҳ 20,6 млн сомони, Б. Ғафуров 6,5 млн сомонӣ, Конибодом 2 млн сомонӣ, Панҷакент 6,8 млн сомонӣ, Спитамен 4,2 млн сомонӣ ва МД канали Хоҷабоқирғон 2,6 млн сомониро ташкил медиҳад.
Ба иттилои оқои Абдуллозода, дар миқёси вилоят то имрӯз ба майдони 208,5 ҳазор гектар бо 183 ассосиатсияҳои истифодабарандагони оби полезӣва 297 дигар истифодабарандагони оби полезӣ шартномаи тарафайн оиди хизмати обрасонӣ баста шудааст.
Территория насосной станции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2023
Нақби обгузари Данғара баъд аз 38 сол таъмиру бозсозӣ мешавад
Тибқи иттилои ин мақомдор 100 дарсади нақша иҷро шудааст.
Дар нишаст қайд карда шудааст, ки Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд дар якҷоягӣбо Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо иншооти обрасониро ба мавсими обёрии соли 2023 омода намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ ба кишоварзони вилоят 683,9 млн м3 бо арзиши 13,5 млн сомонӣ обрасонӣ карда шуда аз ҷониби истифодабарандагони об ба ҳолати 01 июли соли 2023 – 10 млн сомонӣ пардохт карда шудааст, ки нисбати ҳамаи давраи соли гузашта 4,4 млн м3 зиёд обрасонӣ карда шуда, 40,6 ҳазор сомонӣ зиёд ҳаққи хизмати обрасонӣ ҷамъоварӣ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0