https://sputnik.tj/20230812/naqbi-obguzari-danghara-tamir-bozsozi-1058785576.html
Нақби обгузари Данғара баъд аз 38 сол таъмиру бозсозӣ мешавад
Нақби обгузари Данғара баъд аз 38 сол таъмиру бозсозӣ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Нақби обгузари Данғара, ки дар 38 соли истифода харобу валангор шудааст, бо кумаки ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ таъмиру бозсозӣ мешавад
2023-08-12T09:31+0500
2023-08-12T09:31+0500
2023-08-12T09:31+0500
дар тоҷикистон
нақб
таъмири қубури обгузар
таъмир
бозсозӣ
данғара
об
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/18/1050919136_0:53:3071:1780_1920x0_80_0_0_878a3d0c4b8b661502d747cacdde3a70.jpg
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Таъмиру барқарорсозӣ дар нақби 14-километраи ирригатсионии Данғара, фасли тирамоҳ оғоз меёбад.Дар ин бора муовини раиси ноҳияи Данғара Садриддин Сайдализода дар нишасти матбуотӣ хабар додааст.Мақомдори тоҷик ёдрас шудааст, ки баъд аз 38 соли хизматрасонии шабонарӯзии бетанаффус қисмҳои зиёди нақб, аз ҷумла 6 дарвозаи он, харобу валангор шуд, ба таъмиру барқарорсозии таъҷилӣ ниёз доранд.“Хушбахтона, баъди суҳбату вохӯриҳои Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, онҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар таъмиру барқарорсозии нақб саҳми худро хоҳад гузоранд”, - гуфт оқои Сайдализода.Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сардори Муассисаи давлатии нақби оби Данғара Файзиддин Одинаев баъди маблағгузории Бонки ҷаҳонии рушд, мо таъмиру барқарорсозиро дар нақб, дар ҳолати паст шудани сатҳи оби дарёи Вахш метавонем оғоз намоем.Вай гуфт ин кор яъне дар фаслии тирамоҳ оғоз мешавад.“Аз ҳисоби маблағҳои Бонки мазкур пеш аз бастани дарвозаҳои нақб барои бе оби нӯшокӣ намондани аҳолии ноҳия, сохтмончиён бояд аз сарбанди дарё то каналҳои обгузар ба масофаи 16 километр лӯлаҳои обгузари оҳанӣ васл намоянд”, – зикр кард Одинаев.
https://sputnik.tj/20230331/nigaroni-raisi-viloyati-khatlon-tamin-obi-toza-1055896678.html
данғара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/18/1050919136_39:0:2770:2048_1920x0_80_0_0_86ddd8e7225c59835011cf5bbd90b9cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нақби обгузар, данғара, таъмир, бозсозӣ, кумак, хароб, валангор
тоҷикистон, нақби обгузар, данғара, таъмир, бозсозӣ, кумак, хароб, валангор
Нақби обгузари Данғара баъд аз 38 сол таъмиру бозсозӣ мешавад
Нақби обгузари Данғара, ки дар 38 соли истифода харобу валангор шудааст, бо кумаки ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ таъмиру бозсозӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Таъмиру барқарорсозӣ дар нақби 14-километраи ирригатсионии Данғара, фасли тирамоҳ оғоз меёбад.
Дар ин бора муовини раиси ноҳияи Данғара Садриддин Сайдализода дар нишасти матбуотӣ хабар додааст.
Мақомдори тоҷик ёдрас шудааст, ки баъд аз 38 соли хизматрасонии шабонарӯзии бетанаффус қисмҳои зиёди нақб, аз ҷумла 6 дарвозаи он, харобу валангор шуд, ба таъмиру барқарорсозии таъҷилӣ ниёз доранд.
“Хушбахтона, баъди суҳбату вохӯриҳои Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, онҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар таъмиру барқарорсозии нақб саҳми худро хоҳад гузоранд”, - гуфт оқои Сайдализода.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сардори Муассисаи давлатии нақби оби Данғара Файзиддин Одинаев баъди маблағгузории Бонки ҷаҳонии рушд, мо таъмиру барқарорсозиро дар нақб, дар ҳолати паст шудани сатҳи оби дарёи Вахш метавонем оғоз намоем.
Вай гуфт ин кор яъне дар фаслии тирамоҳ оғоз мешавад.
“Аз ҳисоби маблағҳои Бонки мазкур пеш аз бастани дарвозаҳои нақб барои бе оби нӯшокӣ намондани аҳолии ноҳия, сохтмончиён бояд аз сарбанди дарё то каналҳои обгузар ба масофаи 16 километр лӯлаҳои обгузари оҳанӣ васл намоянд”, – зикр кард Одинаев.