Эрдуғон ваъда дод, ки тарҳи пешниҳодии Путинро амалӣ хоҳад кард

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкПрезидент Турции Реджеп Тайип Эрдоган
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2023
Обуна шудан
Президенти тозаинтихоби Туркия ваъда дод, ки тарҳи пешниҳодкардаи раисҷумҳури Русияро амалӣ хоҳад кард, кики зерсохтори асосии рушд ба шумор мераванд
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон ваъда дод, ки лоиҳаи маркази газро, ки қаблан Владимир Путин пешниҳод карда буд, амалӣ хоҳад кард, менависад РИА "Новости".
"Ҷаноби Путин дар паёми табрикии худ суоли Туркия, яъне Фракияро такрор кард, ки ба як маркази газ табдил ёбад. Мо бо онҳо ин қадамро хоҳем гузошт. Фракия марказ хоҳад буд" гуфт Эрдуғон пас аз пирӯзӣ дар даври дуюми интихоботи президентӣ дар манзили худ бо тарафдоронаш.
Ӯ таъкид кард, ки мавқеъи Туркияро бо гузоштани сармоягузориҳо дар соҳаи нақлиёт ва энержӣ, ки зерсохтори асосии рушд ба шумор мераванд, ба сатҳи ҷаҳонӣ боз ҳам мустаҳкам хоҳад кард.
Фотеҳ Донмоз, вазири энергетика ва захираҳои табиии ин кишвар гуфт, амалиёти фурӯш ва хариди газ тавассути лоиҳаи маркази гази Русия, ки Маскав ба Анқара пешниҳод кардааст, дар соли 2024 оғоз мешавад.
Саммит G20 в Риме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Эрдуғон: Туркия аз Русия ва газаш даст намекашад
Вай қаблан изҳор дошт, ки дар авоили моҳи апрел Туркия ба раванди ислоҳи қонунгузорӣ дар бораи лоиҳаи маркази гази аз ҷониби Федератсияи Русия пешниҳодшуда шурӯъ карда, интизор меравад, ки онҳо аз ҷониби Эрдуғон тасдиқ шаванд.
Ба гуфтаи ӯ, як қатор кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Маҷористон ва Сербистон ба харидории газ тавассути ин марказ таваҷҷӯҳ доранд.
Моҳи октябри соли 2022 президентҳои Русия ва Туркия дастур дода буданд, ки масъалаи таъсиси маркази газ дар Туркияро муфассал баррасӣ кунанд. Тавассути он, аз ҷумла, интиқоли интиқоли газ аз Маҷрои Шимолии осебдида имконпазир хоҳад буд.
Дар баробари ин сухан на танҳо дар бораи ташкили платформаи тиҷоратӣ дар Туркия, балки дар бораи рушди инфрасохтор ва афзоиши таъминот дар самти ҷануб меравад, гуфт муовини сарвазири Федератсияи Русия Александр Новак.
Дар ин ҷо кишварҳои дигар низ метавонанд ширкат кунанд, гуфт ӯ: Алҷазоир, Қатар ва Озарбойҷон низ тавассути самти ҷануб ба Аврупо газ интиқол медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0