https://sputnik.tj/20230331/nigaroni-raisi-viloyati-khatlon-tamin-obi-toza-1055896678.html
Нигаронии раиси вилояти Хатлон аз таъмин набудани аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ
Нигаронии раиси вилояти Хатлон аз таъмин набудани аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Хатлон дар маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати шашум мушкилоти бо оби тозаи ошомиданӣ нигаронкунанда хонданд
2023-03-31T19:40+0500
2023-03-31T19:40+0500
2023-03-31T19:40+0500
хатлон
хоҷагии манзилию коммуналӣ
нигаронӣ
дар тоҷикистон
давлаталӣ саид
оби ошомиданӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1f/1055896517_0:289:1941:1381_1920x0_80_0_0_8a2d89f91d41b045fb5bcdbfe92a2229.jpg
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ахиран дар Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати шашум муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Зароббидин гуфт, ки дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои вилоят бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест.Ба гуфтаи вай, аз ҷумла 16 адад дегхонаҳои соҳаи тандурустии вилоят ва 99 адад дегхонаҳои гармидиҳии соҳаи маориф таъмирталаб ва корношоям мебошанд.Вай илова кард, ки мушкилоти бо оби тозаи ошомиданӣ нигаронкунанда буда, рафъи партобҳои обӣ, мавҷуд набудани системаи муттамаркази таъминоти оби нӯшокӣ дар маҳалҳои шаҳру деҳоти вилоят, фарсуда ва дар баъзе ҷойҳо пурра аз кор мондани шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ нигаронкунанда аст.Оқои Файзуллозода афзуд, ки ҳамзамон ҳангоми ҷудо намудани замин барои сохтмони манзили зист ба инобат нагирифтани ифрасохторҳои коммуналӣ аз ҷумла сохтмони системаҳои таъминоти оби нӯшокӣ, барқ, канализатсия, ба пурагӣ насб нагардидани ҳисобкунакҳои обӣ, мунтазам баланд гардидани нархи барқ, сузишворию равғанҳои молиданӣ ва маводҳои таъиноти техникии соҳа корхонаҳоро дар ҳолати ноустувории молиявӣ қарор додааст.Дар ҳамин ҳол, раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар бораи зикршуда масъулинро муваззаф кард, ки сари ин масъала ҷиддӣ чораю тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намоянд.“Раисони шаҳру ноҳияҳо кори соҳаро таҳти назорати қатъӣ гиранд”, - гуфт Давлаталӣ Саид.Раиси вилоят ҳамчунин роҳбарони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кард, ки камбудиҳоро сари вақт ислоҳ намуда, беҳбудии соҳаро таъмин кунанд.“Хизмати халқро дар ҷойи аввал гузоред, зеро ҳадафи Ҳукумати Тоҷикистон расонидани мардум ба зиндагии шоиста мебошад”, - гуфт раиси вилояти Хатлон.
https://sputnik.tj/20230330/kholmurod-rahmon-khatlon-vakil-1055846190.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1f/1055896517_434:294:1941:1424_1920x0_80_0_0_887d82c284c83086245655a736541bba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, давлаталӣ саид, хатлон, нигаронӣ, оби ошомиданӣ, таъмин
тоҷикистон, давлаталӣ саид, хатлон, нигаронӣ, оби ошомиданӣ, таъмин
Нигаронии раиси вилояти Хатлон аз таъмин набудани аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ
Мақомоти вилояти Хатлон дар маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати шашум мушкилоти бо оби тозаи ошомиданӣ нигаронкунанда хонданд
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ахиран дар Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати шашум муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Зароббидин гуфт, ки дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои вилоят бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест.
Ба гуфтаи вай, аз ҷумла 16 адад дегхонаҳои соҳаи тандурустии вилоят ва 99 адад дегхонаҳои гармидиҳии соҳаи маориф таъмирталаб ва корношоям мебошанд.
Вай илова кард, ки мушкилоти бо оби тозаи ошомиданӣ нигаронкунанда буда, рафъи партобҳои обӣ, мавҷуд набудани системаи муттамаркази таъминоти оби нӯшокӣ дар маҳалҳои шаҳру деҳоти вилоят, фарсуда ва дар баъзе ҷойҳо пурра аз кор мондани шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ нигаронкунанда аст.
Оқои Файзуллозода афзуд, ки ҳамзамон ҳангоми ҷудо намудани замин барои сохтмони манзили зист ба инобат нагирифтани ифрасохторҳои коммуналӣ аз ҷумла сохтмони системаҳои таъминоти оби нӯшокӣ, барқ, канализатсия, ба пурагӣ насб нагардидани ҳисобкунакҳои обӣ, мунтазам баланд гардидани нархи барқ, сузишворию равғанҳои молиданӣ ва маводҳои таъиноти техникии соҳа корхонаҳоро дар ҳолати ноустувории молиявӣ қарор додааст.
Дар ҳамин ҳол, раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар бораи зикршуда масъулинро муваззаф кард, ки сари ин масъала ҷиддӣ чораю тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намоянд.
“Раисони шаҳру ноҳияҳо кори соҳаро таҳти назорати қатъӣ гиранд”, - гуфт Давлаталӣ Саид.
Раиси вилоят ҳамчунин роҳбарони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кард, ки камбудиҳоро сари вақт ислоҳ намуда, беҳбудии соҳаро таъмин кунанд.
“Хизмати халқро дар ҷойи аввал гузоред, зеро ҳадафи Ҳукумати Тоҷикистон расонидани мардум ба зиндагии шоиста мебошад”, - гуфт раиси вилояти Хатлон.