https://sputnik.tj/20230727/shart-ijro-nuqot-muhime-putin-sozish-ghalla-1058481697.html
Шартҳо иҷро нашуданд: нуқоти муҳиме, ки Путин дар бораи созишномаи ғалла гуфт
Шартҳо иҷро нашуданд: нуқоти муҳиме, ки Путин дар бораи созишномаи ғалла гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия шарҳ дод, ки чаро Маскав аз созиши ғалла хориҷ шуд ва ҳамчунин гуфт, ки чӣ гуна Ғарб аз интиқоли ғалла ба кишварҳои фақир монеъ шуд
2023-07-27T18:00+0500
2023-07-27T18:00+0500
2023-07-27T20:12+0500
владимир путин
русия
ғалла
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/1b/1058481103_0:78:2477:1471_1920x0_80_0_0_b3af19e4f07ed5cb6c86a5f25fbe64cc.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Яке аз шартҳои иштироки Русия дар муомилоти ғалла таъмин кардани кишварҳои фақир бо ғалла буд, аммо ба ҷои он ба сарватмандон ғизо дода мешуд. Дар ин бора Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар нишасти 2-юми Саммити "Русия-Африқо" изҳор дошт. Ҳамин тавр, ба сабаби маҳдудиятҳои ҷорикардаи Ғарб ҳамагӣ 20 ҳазор тонна ба Малавӣ ва 34 ҳазор тонна ба Кения ғалла расид. Боқимонда 208 ҳазор тонна ба дасти аврупоиҳо гузашт, ки дар созишномаҳо пешбинӣ нашудааст, афзуд Путин. Раҳбари Русия тавзеҳ дод, ки дар тӯли сол дар чаҳорчӯби ин қарордод беш аз 70%; аз 32,8 миллион тонна ғалла ба кишварҳои дорои сатҳи даромадашон баланд ва аз миёна боло фиристода шудааст. Дар баробари ин, Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида боз Маскавро сарзаниш карданд, ки ба давлатҳои Африқо ғалла намедиҳад. "Манзараи парадоксалӣ ба вуҷуд меояд. Аз як сӯ кишварҳои ғарбӣ ба таъмини ғалла ва нуриҳои минералии мо монеъа эҷод мекунанд. Аз сӯи дигар, онҳо моро риёкорона дар вазъи бӯҳронии имрӯзаи бозори ҷаҳонии ғизо муттаҳам мекунанд",- гуфт президент. Новобаста аз ин, бо вуҷуди ин, Русия кӯмак ба кишварҳои ниёзмандро идома медиҳад, таъкид кард Путин. "Ҳиссаи Русия дар бозори ҷаҳонии гандум 20%, ҳиссаи Украина бошад камтар аз 5% аст. Ин маънои онро дорад, ки маҳз Русия дар амнияти озуқавории ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузорад ва як таъминкунандаи устувор ва масъулиятноки байналмилалии маҳсулоти кишоварзӣ мебошад", — гуфт президент Путин.Ба гуфтаи Путин, ҳар касе, ки ба ин розӣ нест, танҳо ба таҳрифи далелҳо машғул аст. Вай инчунин қайд кард, ки ғамхории Ғарб дар бораи Африқо фақат ваъдаҳои бардурӯғ аст. Онҳо ба ҷои кӯмак ба кишварҳои фақиртарин, артиши худ ва Украинаро ғанӣ мекунанд. Созишномаи ғалла созишномаи байналмилалӣ миёни Русия, Украина, Туркия ва СММ дар бораи содироти ғалла аз Украина тавассути Баҳри Сиёҳ аст. Созишнома моҳи июни соли 2022 ба имзо расида буд. Моҳияти созишномаи ғалла аз он иборат буд, ки Москва долонҳои бехатари баҳриро кушояд, ки тавассути онҳо ба бандарҳои Украина дар Одесса, Черноморск ва Южний ғалла содир карда шавад. Дар доираи ин созишнома, Русия бехатарии ҳамлу нақлро кафолат дод. Илова бар ин, намояндагони СММ ва Туркия бояд киштиҳоро назорат мекарданд, то лавозимоти ҷангӣ интиқол нагардад. Дар тавофуқи ғалла ҳамчунин лағви таҳримҳои зидди Русия, ки барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва нуриҳои Русия ба бозори байнулмилалӣ эъмол шуда буданд, иборат буд. Маскав бинобар иҷро нашудани шартҳо аз 18 июл ширкати худ дар ин товофуқро қатъ кард.
https://sputnik.tj/20230727/putin-ghamkhori-gharb-afriqo-suhbat-1058479283.html
https://sputnik.tj/20230717/jahishi-qimat-ghalla-qati-sozishnoma-jonibi-rusiya-1058315245.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/1b/1058481103_157:0:2302:1609_1920x0_80_0_0_c715f0264547a725cc2ef25e32aad9f1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шарт нуқот муҳим путин созишнома ғалла
шарт нуқот муҳим путин созишнома ғалла
Шартҳо иҷро нашуданд: нуқоти муҳиме, ки Путин дар бораи созишномаи ғалла гуфт
18:00 27.07.2023 (Навсозишуда: 20:12 27.07.2023) Раисҷумҳури Русия шарҳ дод, ки чаро Маскав аз созиши ғалла хориҷ шуд ва ҳамчунин гуфт, ки чӣ гуна Ғарб аз интиқоли ғалла ба кишварҳои фақир монеъ шуд
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Яке аз шартҳои иштироки Русия дар муомилоти ғалла таъмин кардани кишварҳои фақир бо ғалла буд, аммо ба ҷои он ба сарватмандон ғизо дода мешуд.
Дар ин бора Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар нишасти 2-юми Саммити "Русия-Африқо" изҳор дошт.
"Ҳеҷ як шарти созишнома дар бораи озод кардани содироти ғалла ва нуриҳои Русия аз таҳримҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣ иҷро нашуд. Монеаҳо низ барои эҳдо кардани нуриҳои маъданӣ ба кишварҳои фақиртарини ниёзманд ба миён омаданд", - гуфт сарвари давлат.
Ҳамин тавр, ба сабаби маҳдудиятҳои ҷорикардаи Ғарб ҳамагӣ 20 ҳазор тонна ба Малавӣ ва 34 ҳазор тонна ба Кения ғалла расид. Боқимонда 208 ҳазор тонна ба дасти аврупоиҳо гузашт, ки дар созишномаҳо пешбинӣ нашудааст, афзуд Путин.
Раҳбари Русия тавзеҳ дод, ки дар тӯли сол дар чаҳорчӯби ин қарордод беш аз 70%; аз 32,8 миллион тонна ғалла ба кишварҳои дорои сатҳи даромадашон баланд ва аз миёна боло фиристода шудааст.
Дар баробари ин, Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида боз Маскавро сарзаниш карданд, ки ба давлатҳои Африқо ғалла намедиҳад.
"Манзараи парадоксалӣ ба вуҷуд меояд. Аз як сӯ кишварҳои ғарбӣ ба таъмини ғалла ва нуриҳои минералии мо монеъа эҷод мекунанд. Аз сӯи дигар, онҳо моро риёкорона дар вазъи бӯҳронии имрӯзаи бозори ҷаҳонии ғизо муттаҳам мекунанд",- гуфт президент.
Новобаста аз ин, бо вуҷуди ин, Русия кӯмак ба кишварҳои ниёзмандро идома медиҳад, таъкид кард Путин.
"Ҳиссаи Русия дар бозори ҷаҳонии гандум 20%, ҳиссаи Украина бошад камтар аз 5% аст. Ин маънои онро дорад, ки маҳз Русия дар амнияти озуқавории ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузорад ва як таъминкунандаи устувор ва масъулиятноки байналмилалии маҳсулоти кишоварзӣ мебошад", — гуфт президент Путин.
Ба гуфтаи Путин, ҳар касе, ки ба ин розӣ нест, танҳо ба таҳрифи далелҳо машғул аст.
Вай инчунин қайд кард, ки ғамхории Ғарб дар бораи Африқо фақат ваъдаҳои бардурӯғ аст. Онҳо ба ҷои кӯмак ба кишварҳои фақиртарин, артиши худ ва Украинаро ғанӣ мекунанд.
Созишномаи ғалла созишномаи байналмилалӣ миёни Русия, Украина, Туркия ва СММ дар бораи содироти ғалла аз Украина тавассути Баҳри Сиёҳ аст.
Созишнома моҳи июни соли 2022 ба имзо расида буд. Моҳияти созишномаи ғалла аз он иборат буд, ки Москва долонҳои бехатари баҳриро кушояд, ки тавассути онҳо ба бандарҳои Украина дар Одесса, Черноморск ва Южний ғалла содир карда шавад.
Дар доираи ин созишнома, Русия бехатарии ҳамлу нақлро кафолат дод. Илова бар ин, намояндагони СММ ва Туркия бояд киштиҳоро назорат мекарданд, то лавозимоти ҷангӣ интиқол нагардад.
Дар тавофуқи ғалла ҳамчунин лағви таҳримҳои зидди Русия, ки барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва нуриҳои Русия ба бозори байнулмилалӣ эъмол шуда буданд, иборат буд. Маскав бинобар иҷро нашудани шартҳо аз 18 июл ширкати худ дар ин товофуқро қатъ кард.