Аз сухан ба амал: ИМА барои бастани лоиҳаи Украина омода аст

© Sputnik / Игорь МихалевФлаг над Белым домом
Флаг над Белым домом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2023
Обуна шудан
Рӯзи гузашта барои таблиғгарони Киев пурташвиш буд: Онҳо оҷилан ба хонандагон, шунавандагону бинандагони худ бояд мефаҳмонданд, ки Ғарб онҳоро танҳо намегузорад
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik, Ирина Алкснис. Дар он ҷо асабоният ҳини вокуниш ба маълумоти дохилии (инсайд) Financial Times ба вуҷуд омад, ки мувофиқи он Ҷо Байден ният дорад тавассути конгресс маблағгузорӣ барои яроқу аслиҳаро барои Тайван дар доираи буҷаи иловагии барои Украина пешбинишуда амалӣ намояд.
Ҳаросӣ украинӣ комилан фаҳмост: хуб, чӣ гуна дар доираи буҷаи умумӣ, ИМА маблағҳои барои Киев пешбинишударо ба фоидаи Тайбэй сарф мекунад ва дар ниҳоят Украинаро ба ба ҳоли худ ва дар ихтиёри Маскав мегузорад.
Бояд қайд кард, ки итминони маркази амалиётҳои иттилоотӣ-психологӣ (он дар Украина соли 2004 махсус барои барангехтани бадбинӣ нисбат ба русҳо ташкил карда шудааст) ҳама чӣ ин тавр нест ва дастгирии Ғарб ва махсусан - амрикоиҳо Украинаро устувор аст. Барои ин як қатор далелҳоро барои тақвият меорад.
Гап дар сари он, ки ин усули корбарии Кохи Сафед бобати (қисман) муттаҳид намудани лоиҳаҳои молиявии украинӣ ва тайванӣ, аслан, хусусияти тактикӣ ва асосан дохили амрикоӣ дорад.
Секретарь Совбеза РФ Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Патрушев: пирӯзии Русия дар Украина такон барои тағйирот хоҳад шуд
Гап дар сари он, ки палатаи намояндагони конгрессро ҷумҳурихоҳон назорат мекунанд, барои кадоме сиёсати ИМА нисбати Украина (ё аниқтараш, нокомии торафт равшантари он, ки хатари ба фоҷиаи геополитикӣ табдил ёфтанро дорад) - яке аз объектҳои асосии танқид нисбати маъмурияти амалкунанда мебошад.
Ва ҳар қадаре ки интихобот наздиктар шавад (то он замон зиёда аз як сол боқӣ мондааст), ҳамон қадар мавқеи мухолифонаш нисбат ва Байден ва сиёсати украинии ӯ шадидтар ва оштинопазиртар мешавад.
Тезонидани қабули қарорҳои дахлдор дар конгресс, албатта, ба баста дохил карда мешавад. Ва бурҳони муҳимтарин - ин истинод ба Чин чун таҳдиди асосӣ ба Амрико мебошад, ки ба ҷои мухолифат бо ин давлат, ИМА дар шохҷанги безарфият бо Русия дар Украина банд мондааст.
Пайвастани мавзӯи тайванӣ ба мавзӯи украинӣ аз нуқтаи назари расмиятбозӣ воқеан оқилона аст: шумо, конгрессменҳои ҷумҳурихоҳ, мехостед, ки Тайванро бештар дастгирӣ кунед - марҳамат, фақат дар як баста бо Украина. Дар ҳолати чунин ранг гирифтани кор, рад кардани дастгирии ташаббус ҳатто барои рақибони ашаддии Байден душвор мегардад.
Ҳамин тавр, созҳои оромбахши Киев (мантра) аз нигоҳи аввал комилан боварибахш ба назар мерасанд. Дуюм ин ки вазъият хеле мураккаб аст. Зеро агар нақшаҳои аз ҷониби журналистон расонаишудаи Байденро қадами тактикӣ ҳисоб кунанд, пас он дар асоси кадом стратегия таҳия шудааст?
Аммо аз нуқтаи назари стратегӣ, Украина комилан чизе барои шодмонӣ надорад.
Интенсивная подготовка разведчиков группировки Юг из числа военнослужащих ВС РФ на полигоне в ДНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Нерӯҳои мусаллаҳи Русия як анбори сӯзишвории Украина дар Запорожеро тахриб карданд
Чин воқеан ҳам барои амрикоиҳо рақиби рақами як аст. Он, ки Иётоти муттаҳидаи Амрико ба бӯҳрони украинӣ нисбат ба оне, ки ба нақша гирифта буд, хеле бештар банд монд, вазъиятро барои ин давлат мушкилтар мекунад, аммо моҳияти масъаларо дигар намекунад.
Дар ин сурат онҳоро лозим меояд, ки пурра ба самти Осиё ҷараён дигар кунанд, зеро барои иштирок дар ду низои доманадор қувваю захира надоранд.
Дар ҳамин ҳол, Вашингтон дар ба доми сиёсати худ дармондааст. Сохторҳои давлатӣ, бахусус сохторҳои бузург, дорои инерсияи азим мебошанд. Вақте ки масъалаи тағйироти куллии стратегия ва самти ҳаракат ба миён меояд, онҳо хеле суст ва гардишнокунандаанд.
Нақшаҳои пешинаашон нисбати Русия фурӯпошии босуръати кишвари моро пешбинӣ мекард, ва боз - бо талош ва хароҷоти нисбатан кам.
Ба ҷои ин, тӯли якуним сол онҳо тадриҷан ба муноқиша амиқтар аз оне, ки нигарон буданд ва мехостанд, ғӯтиданд.
Боз фасоди бузурги амрикоиро низ фаромӯш кардан лозим нест. Дар ин муддат дар Вашингтон як идда ширкатҳо дар сохторҳои бюрократию тиҷоратӣ арзи вуҷуд намуданд, ки дар Украина маблағҳои кайҳониро “уштурча” мекарданд.
Онҳо бомуваффақият ба ҷараёнҳои молиявии дахлдор ширеш барин часпидаанд ва, албатта, ба тағйир додани сиёсати давлатӣ тамоман манфиатдор нестанд - ҳатто агар ин ба манфиатҳои миллӣ ва нақшаҳои дар стратегияҳои сершумори сиесати хориҷӣ муқарраршуда ба ҳам мухолиф бошад.
Флаги России и Украины в зале, где пройдут переговоры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Песков дар бораи музокироти Русия ва Украина: Киев мавқеи оштинопазирро пеша кардааст
Дар бораи қувваҳои таъсиррасони шахсони алоҳида, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва ”ҳукумати соягӣ”-и ИМА мо дар солҳои охир бисёр чизҳоро фаҳмидем.
Нақшаи муттаҳид намудани буҷетҳои украинӣ ва тайванӣ имкон медиҳад, ки байни ғайраву ҳоказо муноқишаҳои ба вуҷуд омадаро бо хубӣ ҳал кунанд: "одамони зарурӣ" имкон пайдо мекунанд фаъолияти худро ба самти Осиё бо нигоҳ доштани манфиати молиявӣ равона созанд ва бо ин роҳ таваҷҷӯҳи худро дар идома додани иғвои киевӣ ва ҳамоят аз онро гум мекунанд.
Дар натиҷа, ташаббуси Кохи Сафед имкони ҷиддии бо як тир ду нишон задан ва болои теппачаи хушке истода, аз ботлоқи украинӣ берун рафтанро медиҳад. Бояд қайд кард, ки ин "теппача" аввалин нест: дар ВАО маърака оид ба бадномсозиву дар ҳолати ногувор гузоштани Украина аллакай дар авҷ аст.
Лентаи хабарҳо
0