https://sputnik.tj/20230810/rusiya-shariki-asosi-tijorati-tojikiston-1058741836.html
Русия ҳамоно шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон
Русия ҳамоно шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Савдои хориҷии Тоҷикистон дар 6 моҳи соли равон ҳудуди 3,4 млрд долларро ташкил дод, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8% ё 98,2 млн. доллар коҳиш ёфтааст
2023-08-10T13:05+0500
2023-08-10T13:05+0500
2023-08-10T20:01+0500
дар тоҷикистон
тиҷорат
савдо
шарики асосӣ
шарикони иқтисодӣ
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0a/1058741645_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_b6e5c7b804512b3690770245abe20e37.jpg
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Шарики асосии тиҷории Тоҷикистон ҳамоно Русия боқӣ мондааст, иттилоъ додааст Ашурбой Солеҳзода муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ.Ба иттилои Солеҳзода, дар давраи ҳисоботӣ шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон давлатҳои Русия (24,8%), Чин (20,6%), Қазоқистон (16,4%), Ӯзбекистон (6,5%), Туркия (5,2%), ИМА (4,1%), Эрон (3,3%), Олмон (2,7%), Ҷопон (2,5%), Ҳиндустон ва Беларус (1,4%), Афғонистон ва Корея (1,2%), Покистон (1,1%) ва дигар кишварҳо ба ҳисоб мераванд.Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Ашӯрбой Солеҳзода содироти мол дар моҳҳои январ-июни соли равон 678,6 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44,2% ё 536,6 млн. доллар кам аст.Омили асосии коҳиш ёфтани нишондиҳандаи содирот ин кам шудани ҳаҷми содироти металлҳои қиматбаҳо, маъданҳо, нахи пахта ва алюминийи аввалия ба ҳисоб мераванд.Дар ин давра воридоти мол ба 2,7 млрд доллар баробар гардида, нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2022 19,1% ё 438,4 млн. доллар зиёд шудааст.
https://sputnik.tj/20230810/maqomot-narkhi-mahsulot-bozor-tojikiston-bolo-1058740230.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0a/1058741645_56:0:1193:853_1920x0_80_0_0_9edb5647421493810b3a33f85f4afcdb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, тиҷорат, шарик, тиҷорӣ, савдо
тоҷикистон, русия, тиҷорат, шарик, тиҷорӣ, савдо
Русия ҳамоно шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон
13:05 10.08.2023 (Навсозишуда: 20:01 10.08.2023) Савдои хориҷии Тоҷикистон дар 6 моҳи соли равон ҳудуди 3,4 млрд долларро ташкил дод, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8% ё 98,2 млн. доллар коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Шарики асосии тиҷории Тоҷикистон ҳамоно Русия боқӣ мондааст, иттилоъ додааст Ашурбой Солеҳзода муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ.
Ба иттилои Солеҳзода, дар давраи ҳисоботӣ шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон давлатҳои Русия (24,8%), Чин (20,6%), Қазоқистон (16,4%), Ӯзбекистон (6,5%), Туркия (5,2%), ИМА (4,1%), Эрон (3,3%), Олмон (2,7%), Ҷопон (2,5%), Ҳиндустон ва Беларус (1,4%), Афғонистон ва Корея (1,2%), Покистон (1,1%) ва дигар кишварҳо ба ҳисоб мераванд.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Ашӯрбой Солеҳзода содироти мол дар моҳҳои январ-июни соли равон 678,6 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44,2% ё 536,6 млн. доллар кам аст.
Омили асосии коҳиш ёфтани нишондиҳандаи содирот ин кам шудани ҳаҷми содироти металлҳои қиматбаҳо, маъданҳо, нахи пахта ва алюминийи аввалия ба ҳисоб мераванд.
Дар ин давра воридоти мол ба 2,7 млрд доллар баробар гардида, нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2022 19,1% ё 438,4 млн. доллар зиёд шудааст.