https://sputnik.tj/20230811/muloqot-vazir-mehnat-muhojiron-bozor-uzhnye-vorota-maskav-1058779324.html
Мулоқоти вазири меҳнат бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозори “Южные ворота”-и Маскав
Мулоқоти вазири меҳнат бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозори “Южные ворота”-и Маскав
Sputnik Тоҷикистон
Ҳайати корӣ бо раҳбарии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар Маҷмааи тиҷоратии “Южные ворота” вохурд
2023-08-11T16:01+0500
2023-08-11T16:01+0500
2023-08-11T20:48+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
маскав
бозор
русия
вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0b/1058778883_0:0:721:406_1920x0_80_0_0_7ebc8433824871c551af39bdd7403eda.jpg
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар доираи сафари гурӯҳи корӣ дар бозори “Южные ворота” вохӯрии ҳайат таҳти роҳбарии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора бо соҳибкорон, муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва тоҷикони муқими Русия баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ба вазъи кунунии соҳаи муҳоҷирати кишвари иқомат, тадбирҳои анҷомдодаи намояндагиҳо ва корҳои банақшагирифташуда барои фаъолияти минбаъда маълумоти муфассал пешниҳод шуд. Тибқи иттилои манбаъ дар ин ҷаласа қайд карда шуд, ки раванди муҳоҷирати меҳнатӣ зери таваҷҷӯҳи мақомоти кишвар қарор дорад ва барои ба танзим даровардани он, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ҷораҳои амалӣ андешида мешаванд. Ёдовар мешавем, ки тибқи супориши Ҳукумати кишвар гурӯҳҳои корӣ бо мақсади шиносоӣ аз вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик Русия ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни онҳо аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода шудаанд.Дар ин асос, 5 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Уфа ва Навосибирск сафарбар ггардиданд.Қайд карда шудааст, ки фаъолияти гурӯҳи корӣ дар қаламрави Русия идома дошта, силсилавохӯриҳо ба нақша гирифта шудаанд. Ҳамчунин, дар рафти ҷаласаи ахир ба шаҳрвандонамон вобаста ба тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавонон дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ, дӯст доштани Ватан, тарбияи шахсияти сатҳи баланди ахлоқӣ, дорои эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор роҳнамоӣ намуданд.
https://sputnik.tj/20230810/muhojir-mehnati-vatan-bargashta-kor-tamin-1058755963.html
маскав
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0b/1058778883_66:0:619:415_1920x0_80_0_0_abf87df4732997d12cb39e67c85b8360.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, маскав, русия, муҳоҷират, меҳнатӣ, южные варота, вохурӣ
тоҷикистон, маскав, русия, муҳоҷират, меҳнатӣ, южные варота, вохурӣ
Мулоқоти вазири меҳнат бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозори “Южные ворота”-и Маскав
16:01 11.08.2023 (Навсозишуда: 20:48 11.08.2023) Ҳайати корӣ бо раҳбарии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар Маҷмааи тиҷоратии “Южные ворота” вохӯрд
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар доираи сафари гурӯҳи корӣ дар бозори “Южные ворота” вохӯрии ҳайат таҳти роҳбарии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора бо соҳибкорон, муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва тоҷикони муқими Русия баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ба вазъи кунунии соҳаи муҳоҷирати кишвари иқомат, тадбирҳои анҷомдодаи намояндагиҳо ва корҳои банақшагирифташуда барои фаъолияти минбаъда маълумоти муфассал пешниҳод шуд.
Тибқи иттилои манбаъ дар ин ҷаласа қайд карда шуд, ки раванди муҳоҷирати меҳнатӣ зери таваҷҷӯҳи мақомоти кишвар қарор дорад ва барои ба танзим даровардани он, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ҷораҳои амалӣ андешида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи супориши Ҳукумати кишвар гурӯҳҳои корӣ бо мақсади шиносоӣ аз вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик Русия ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни онҳо аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода шудаанд.
Дар ин асос, 5 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Уфа ва Навосибирск сафарбар ггардиданд.
Қайд карда шудааст, ки фаъолияти гурӯҳи корӣ дар қаламрави Русия идома дошта, силсилавохӯриҳо ба нақша гирифта шудаанд.
Ҳамчунин, дар рафти ҷаласаи ахир ба шаҳрвандонамон вобаста ба тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавонон дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ, дӯст доштани Ватан, тарбияи шахсияти сатҳи баланди ахлоқӣ, дорои эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор роҳнамоӣ намуданд.