Беш аз 15 ҳазор муҳоҷири меҳнатии ба Ватан баргашта ба кор таъмин шуданд

© Sputnik / Денис Абрамов / Гузариш ба медиабонкРабочий во время строительства многоквартирного жилого дома
Рабочий во время строительства многоквартирного жилого дома  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2023
Обуна шудан
Дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 7653 нафар бо маблағи 6,4 млн сомонӣ барои давраи бекорӣ кумакпулиҳо пардохт гардидааст
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 76 175 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд, ки 57 739 онҳо ҳамчун корҷӯй сабти ном шуда, ба 31 921 расман мақоми бекорӣ дода шуд.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода хабар додааст.
Вай таъкид кард, ки тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар маҷмуъ 38 726 нафар шаҳрванд бо ҷойи кор таъмин гардид.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода дар ширкати ПЭК - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2023
Таъсиси 5 гурӯҳи корӣ дар панҷ шаҳри Русия барои шиносоӣ бо вазъи муҳоҷирон
Ҳамзамон вай қайд кард, ки дар доираи амали Барномаи мазкур дар шаш моҳи соли равон 4428 нафар шаҳрвандони ба ҳимояи махсуси иҷтимоӣ ниёздошта бо ҷойи кори аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бандшуда (квота) бо кор таъмин гардиданд, ки ин 54% нақшаи солонаи барномаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии соли гузашта 9,8% зиёд мебошад.
Дар баробари ин гуфта шуд, ки давоми нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта ва мутобиқсозии онҳо ба бозори меҳнати дохили мамлакат корҳои муайян ба иҷро расида, аз 15403 нафар муҳоҷири меҳнатии ба Ватан бозгашта 5533 нафари онҳо бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Лентаи хабарҳо
0