https://sputnik.tj/20230811/gum-kardand-sanjish-sugd-mudiri-nav-tayin-1058780098.html
“Худро гум карданду аз санҷиш нагузаштанд”: Дар Суғд 60 мудири нав таъйин мекунанд
“Худро гум карданду аз санҷиш нагузаштанд”: Дар Суғд 60 мудири нав таъйин мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Сардори Идораи маорифи Суғд ахиран эълон кард, ки даҳҳо мудирони макотиб дар вилоят дар санҷишҳои тахассусӣ ноком шуданд
2023-08-11T16:36+0500
2023-08-11T16:36+0500
2023-08-11T20:50+0500
дар тоҷикистон
таъйин
мудир
мактаб
маориф
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/10/1031912826_0:317:3077:2048_1920x0_80_0_0_0da0c0af9f730a46accf8b170395d80d.jpg
ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Беш аз 60 мудирони макотиби Суғд аз аттестатсия баҳои ноком гирифта, аз вазифаҳояшон барканор шудаандДар ин бора зимни баргузории нишасти матбуотӣ дар Раёсати маорифи Суғд иттилоъ доданд. Мадина Набизода, сардори Идораи маорифи Суғд дар посух ба суоли рӯзноманигорон шарҳ дод, ки чи гуна директорони макотиб аз аттестатсия ноком шуданд.Ба ин тартиб, бар асоси хулосаи Комиссияи аттестатсионии назди вазорати маориф ва илм 61 директори мактаб аз вазифа барканор гардиданд.Набизода таъкид намуд, ки аз барканоршавии ин теъдод директорон муассисаҳои таълимӣ “бе соҳиб” нестанд, балки вазифаи директорро дигарон иҷро кардаи стодаанд.Бино ба иттилоъи манбаъ, ҳоло марҳилаи таъйин ва ҷобаҷогузории вазифаҳо дар макотиби Суғд ҷараён дошта қарор аст то оғози соли нави хониш директорони нав таъйин карда хоҳанд шуд.“Ин ҳам эҳтимол дорад, ки баъзе директорони нав аз ҳисоби худи ҳамин иҷрокунандаҳои вазифа таъйин шаванд” – қайд намуд, ӯ.Тайъйини директори мактаб бо фармони сардори идораи маориф ва дар мувофиқа бо ҳукуматҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо сурат мегирад.Бар пояи маълумоти расмӣ ҳоло дар вилояти Суғд 946 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 571 729 нафар ба таълим фаро гирифта шудаанд.
https://sputnik.tj/20230807/maqomot-khatlon-maktab-mavzehoi-khavfnok-joygir-1058691791.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/10/1031912826_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_f4763a285faf63aea34e8efc81856534.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, таъйин, мудирони мактуб, маориф, санҷиш, аттестатсия
тоҷикистон, суғд, таъйин, мудирони мактуб, маориф, санҷиш, аттестатсия
“Худро гум карданду аз санҷиш нагузаштанд”: Дар Суғд 60 мудири нав таъйин мекунанд
16:36 11.08.2023 (Навсозишуда: 20:50 11.08.2023) Сардори Идораи маорифи Суғд ахиран эълон кард, ки даҳҳо мудирони макотиб дар вилоят дар санҷишҳои тахассусӣ ноком шуданд
ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Беш аз 60 мудирони макотиби Суғд аз аттестатсия баҳои ноком гирифта, аз вазифаҳояшон барканор шудаанд
Дар ин бора зимни баргузории нишасти матбуотӣ дар Раёсати маорифи Суғд иттилоъ доданд.
Мадина Набизода, сардори Идораи маорифи Суғд дар посух ба суоли рӯзноманигорон шарҳ дод, ки чи гуна директорони макотиб аз аттестатсия ноком шуданд.
“Онҳо зимни пурсишҳои Комиссияи аттестатсионӣ худашонро гум карда, ҳатто ба оддитарин саволҳо ҷавоб дода натавонистанд” – гуфт, сардори Раёсати маориф.
Ба ин тартиб, бар асоси хулосаи Комиссияи аттестатсионии назди вазорати маориф ва илм 61 директори мактаб аз вазифа барканор гардиданд.
Набизода таъкид намуд, ки аз барканоршавии ин теъдод директорон муассисаҳои таълимӣ “бе соҳиб” нестанд, балки вазифаи директорро дигарон иҷро кардаи стодаанд.
Бино ба иттилоъи манбаъ, ҳоло марҳилаи таъйин ва ҷобаҷогузории вазифаҳо дар макотиби Суғд ҷараён дошта қарор аст то оғози соли нави хониш директорони нав таъйин карда хоҳанд шуд.
“Ин ҳам эҳтимол дорад, ки баъзе директорони нав аз ҳисоби худи ҳамин иҷрокунандаҳои вазифа таъйин шаванд” – қайд намуд, ӯ.
Тайъйини директори мактаб бо фармони сардори идораи маориф ва дар мувофиқа бо ҳукуматҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо сурат мегирад.
Бар пояи маълумоти расмӣ ҳоло дар вилояти Суғд 946 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 571 729 нафар ба таълим фаро гирифта шудаанд.