https://sputnik.tj/20230811/favt-ziyod-tavvalud-kam-omor-1058784713.html
Фавт зиёд шуду тавваллуд кам: Омор
Фавт зиёд шуду тавваллуд кам: Омор
Sputnik Тоҷикистон
Агентии омори Тоҷикистон ахиран хабар додааст, ки коҳиши шумори таваллуд тақрибан дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ сабт шудааст
2023-08-11T20:21+0500
2023-08-11T20:21+0500
2023-08-11T21:04+0500
дар тоҷикистон
омор
иҷтимоъ
таваллуд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046092167_0:317:3076:2047_1920x0_80_0_0_58b144bd42953e05c0bac818fa9854df.jpg
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар мамлакат таваллуд кам ва фавт зиёд шудааст.Дар ин бора раиси Агентии омори Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода зимни нишасти матбуотӣ хаба додааст.Ба гуфтаи Нурмуҳаммадзода, дар моҳҳои январ -июни соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сабти таваллуд дар ҷумҳурӣ 3% кам шудааст.Оқои Нурмаҳмадзода афзуд, ки тамоюли камшавии сабти таваллуд дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, ба ғайр аз шаҳри Душанбе мушоҳида мегардад. Раиси Агентии омори Тоҷикистон гуфт, ки камшавии сабти таваллуд дар вилояти Хатлон 2,9% (44,9 ҳазор кӯдаки навзод), дар вилояти Суғд 3,9% (25,7 кӯдаки навзод), дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 6,5% ( 23,9 ҳазор кӯдаки навзод) ва дар Бадахшон 5,5% (1,6 ҳазор кӯдаки навзод)-ро ташкил намудааст.Ҳамчунин, дар ин давра сабти таваллуд дар шаҳри Душанбе зиёд шуда, 8,3% (10,8 ҳазор кӯдаки навзод)-ро ташкил намуд.Бақайдгирии шахсони фавтида дар шашмоҳаи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4% зиёд шуда, 17 ҳазор нафарро ташкил дод. Ба иттилои мақомдори тоҷик, аз ҷумла, дар вилояти Суғд сабти шахсони фавтида 0,3 фоиз - 5,8 ҳазор фавт, дар вилояти Хатлон 7,8 фоиз- 5,9 ҳазор фавт, дар Душанбе 3,3 фоиз- 1,5 ҳазор фавт, дар навоҳии тобеи марказ 2,7 фоиз- 3,3 ҳазор фавт ва дар Бадахшон 16 фоиз зиёд шуда, 486 фавтро ташкил додааст. Роҳбарияти Агентии омор таъкид дошт, ки афзоиши табиии аҳолӣ аз рӯи маълумоти пешакӣ дар шаш моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 4,2% кам шуда, 89,8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки ин ба 1000 нафар аҳолӣ 17,8 нафар рост меояд.
https://sputnik.tj/20230410/viloyati-khatlon-taloq-kam-nikoh-ziyod-1056356988.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046092167_347:0:3076:2047_1920x0_80_0_0_1a56ac52fbeab334a864812f4fb447b7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, омор, таваллуд, фавт, ҷумҳурӣ, иҷтимоъ
тоҷикистон, омор, таваллуд, фавт, ҷумҳурӣ, иҷтимоъ
Фавт зиёд шуду тавваллуд кам: Омор
20:21 11.08.2023 (Навсозишуда: 21:04 11.08.2023) Агентии омори Тоҷикистон ахиран хабар додааст, ки коҳиши шумори таваллуд тақрибан дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар мамлакат таваллуд кам ва фавт зиёд шудааст.
Дар ин бора раиси Агентии омори Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода зимни нишасти матбуотӣ хаба додааст.
Ба гуфтаи Нурмуҳаммадзода, дар моҳҳои январ -июни соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сабти таваллуд дар ҷумҳурӣ 3% кам шудааст.
Оқои Нурмаҳмадзода афзуд, ки тамоюли камшавии сабти таваллуд дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, ба ғайр аз шаҳри Душанбе мушоҳида мегардад.
Раиси Агентии омори Тоҷикистон гуфт, ки камшавии сабти таваллуд дар вилояти Хатлон 2,9% (44,9 ҳазор кӯдаки навзод), дар вилояти Суғд 3,9% (25,7 кӯдаки навзод), дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 6,5% ( 23,9 ҳазор кӯдаки навзод) ва дар Бадахшон 5,5% (1,6 ҳазор кӯдаки навзод)-ро ташкил намудааст.
Ҳамчунин, дар ин давра сабти таваллуд дар шаҳри Душанбе зиёд шуда, 8,3% (10,8 ҳазор кӯдаки навзод)-ро ташкил намуд.
Бақайдгирии шахсони фавтида дар шашмоҳаи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4% зиёд шуда, 17 ҳазор нафарро ташкил дод.
“Зиёдшавии сабти шахсони фавтида дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон мушоҳида шудааст”, - илова кард раиси Агентии омор.
Ба иттилои мақомдори тоҷик, аз ҷумла, дар вилояти Суғд сабти шахсони фавтида 0,3 фоиз - 5,8 ҳазор фавт, дар вилояти Хатлон 7,8 фоиз- 5,9 ҳазор фавт, дар Душанбе 3,3 фоиз- 1,5 ҳазор фавт, дар навоҳии тобеи марказ 2,7 фоиз- 3,3 ҳазор фавт ва дар Бадахшон 16 фоиз зиёд шуда, 486 фавтро ташкил додааст.
Роҳбарияти Агентии омор таъкид дошт, ки афзоиши табиии аҳолӣ аз рӯи маълумоти пешакӣ дар шаш моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 4,2% кам шуда, 89,8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки ин ба 1000 нафар аҳолӣ 17,8 нафар рост меояд.