Чаро Давронов футболи тоҷикро тарк карда, ба Малайзия рафт?

© ФФТПолузащитник национальной сборной Таджикистана Нуриддин Давронов
Полузащитник национальной сборной Таджикистана Нуриддин Давронов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2023
Обуна шудан
Нуриддин Давронов бо як бошгоҳи футболи Малайзия ба муҳлати 6 моҳ шартномаи ҳамкорӣ имзо карда, дуввумин бозигари гаронарзиш дар даста аст
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Шартномае, ки клуби футболи "Кучинг"-и Малайзия пешниҳод кардааст, ҷолибтар аст. Чунин изҳоротро футболбози маъруфи тоҷик Нуриддин Давронов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон баён дошт.
"Чор маротиба дар сабқати AFC бозӣ кардам, ду маротиба ба финал баромадам, ду маротиба дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бозӣ кардам, ки мо бо "Истиқлол" як маротиба аз гурӯҳ ба плей-офф баромадем. Ин хеле хуб буд ва ҳоло барои ман ҷолиб нест”, - гуфт ӯ.
Варзишгар қайд кард, ки ҳангоми интихоби бошгоҳ асосан фикри наздиконашро ба инобат мегирад.

"Ман бояд оилаамро хӯронам ва фарзандонамро тарбия кунам. Дар Малайзия ман шароити хуб ва маоши муносиб дорам. Баъди бозгашт ба Тоҷикистон метавонам ба осонӣ манзил ё мошини нав бихарам”, - шарҳ дод Давронов.

Қаблан маълум шуд, ки футболбози маъруфи тоҷик пас аз бастани шартнома бо КФ "Кучинг" ба Малайзия кӯчидааст. Шартнома то 31 декабри соли 2023 эътибор дорад.
Қимати гузариши бозигар 200 ҳазор евро арзёбӣ шуда, дуввумин бозигари гаронарзиш дар даста аст.
одписание контракта с 55-летним итальянским специалистом Марко Раджини - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2023
Мунтахаби футболи Тоҷикистонро мутахассиси итолиёӣ машварат медиҳад
Клуб танҳо дар ин мавсим аз Суперлига баромад. Айни замон даста пас аз 18 бозӣ дар чемпионати Малайзия дар зинаи охирин қарор дорад.
Ин нишондод, пеш аз ҳама, ба ҳайати хеле ҷавон, ки таҷрибаи бозӣ дар лигаи олӣ надорад, алоқаманд аст.
Мавсим дар Малайзия то моҳи декабр давом мекунад. Вазифаи асосии Давронов аз он иборат аст, ки ба тими наваш дар ислоҳи вазъияти мусобиқа ёрӣ расонад.
Лентаи хабарҳо
0