https://sputnik.tj/20230810/muntakhab-futbol-tojikiston-mutakhassisi-itoliyo-1058758520.html
Мунтахаби футболи Тоҷикистонро мутахассиси итолиёӣ машварат медиҳад
Мунтахаби футболи Тоҷикистонро мутахассиси итолиёӣ машварат медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Мунтахаби футболи Тоҷикистонро мутахассиси 55-солаи итолиёӣ Марко Раҷинӣ машварат хоҳад дод. Бо ин мутахассиси хориҷӣ шартнома ба имзо расид
2023-08-10T20:21+0500
2023-08-10T20:21+0500
2023-08-10T20:38+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбол
варзишгар
мутахассисон
итолиё
ффт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0a/1058757435_0:0:1500:844_1920x0_80_0_0_5abf4c48ca1727efbfe3e0b7f44d5ba2.jpg
ДУШАНБЕ, 10 август — Sputnik. Федератсияи Футболи Тоҷикистон бо мутахассиси 55-солаи итолиёӣ Марко Раҷини қарордоди ҳамкорӣ баст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ФФТ.Ба иттилои манбаъ, ин қарордод, зимни ҷаласаи васеи шӯрои Кумитаи техникии ФФТ имзо шуд.Таъкид шудааст, ки коршинос ба ҳайси мушовири техникӣ дар бахши таълими ФФТ фаъолият хоҳад кард.Дар ҷаласа ноибони президент Дилшод Ҷӯразода ва Алишер Урунов, дабири кулл Фурқат Ахмедҷонов ва директори техникӣ Салоҳиддин Ғафуров ширкат доштанд.Ҳамчунин дар нишаст, нақшаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023 баррасӣ шуданд.Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир мутахассиси хорватӣ - Петр Сегрти сармурабии мунтахаби футболи Тоҷикистон аст. ФФТ бо ин мутахассиси хорватӣ моҳи январи соли 2022 шартнома имзо карда буд.Петр Сегрт соли 1966 дар Хорватия ба дунё омада, дар Олмон ба воя расидааст. Ба сифати ёвар ва сармураббӣ дар дастаҳои Олмон, Австрия, Индонезия, тими мунтахаби ҷавонони Гурҷистон, мунтахабҳои Афғонистон ва Малдив кор карда, бо тими Малдив ба дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубӣ-2018 ноил гардидааст.
https://sputnik.tj/20230707/qudratmandi-muntakhab-bonuvon-tojikiston-futbol-fehrist-1058133316.html
итолиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0a/1058757435_39:0:1467:1071_1920x0_80_0_0_2dd6b21fb40294fa35cf7c2bb15d637d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мунтахаб, футбол, мутахассис, итолиё, машварат, шартнома
тоҷикистон, мунтахаб, футбол, мутахассис, итолиё, машварат, шартнома
Мунтахаби футболи Тоҷикистонро мутахассиси итолиёӣ машварат медиҳад
20:21 10.08.2023 (Навсозишуда: 20:38 10.08.2023) Мунтахаби футболи Тоҷикистонро мутахассиси 55-солаи итолиёӣ Марко Раҷинӣ машварат хоҳад дод. Бо ин мутахассиси хориҷӣ шартнома ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 10 август — Sputnik. Федератсияи Футболи Тоҷикистон бо мутахассиси 55-солаи итолиёӣ Марко Раҷини қарордоди ҳамкорӣ баст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ФФТ.
Ба иттилои манбаъ, ин қарордод, зимни ҷаласаи васеи шӯрои Кумитаи техникии ФФТ имзо шуд.
Таъкид шудааст, ки коршинос ба ҳайси мушовири техникӣ дар бахши таълими ФФТ фаъолият хоҳад кард.
Дар ҷаласа ноибони президент Дилшод Ҷӯразода ва Алишер Урунов, дабири кулл Фурқат Ахмедҷонов ва директори техникӣ Салоҳиддин Ғафуров ширкат доштанд.
Ҳамчунин дар нишаст, нақшаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023 баррасӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир мутахассиси хорватӣ - Петр Сегрти сармурабии мунтахаби футболи Тоҷикистон аст. ФФТ бо ин мутахассиси хорватӣ моҳи январи соли 2022 шартнома имзо карда буд.
Петр Сегрт соли 1966 дар Хорватия ба дунё омада, дар Олмон ба воя расидааст. Ба сифати ёвар ва сармураббӣ дар дастаҳои Олмон, Австрия, Индонезия, тими мунтахаби ҷавонони Гурҷистон, мунтахабҳои Афғонистон ва Малдив кор карда, бо тими Малдив ба дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубӣ-2018 ноил гардидааст.