Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаҳои қурбониёни садама дар Кӯлоб

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ РАҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ РАҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2023
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон ба хонаводаҳои ҳалокшудагон дар садамаи пурқурбонии Кӯлоб изҳори ҳамдардии амиқ карда, ба захмиён шифои оҷил орзу намуд
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон хостори тадбирҳои фаврӣ барои кумаки моддӣ ба хонаводаҳои ҳалокшудагон, табобати захмбардоштагон ва барқарор намудани хонаҳои зарардида дар садамаи Кӯлоб шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаҳои ҳалокшудагон дар садамаи нақлиётӣ дар Кӯлоб ҳамдардӣ баён кардааст.
Ба хонаводаҳои ҳалокшудагон изҳори ҳамдардии амиқ ва ба захмиён шифои оҷил орзу намуд, таъкид кард манбаъ.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикстон низ тавзеҳ додаст, ки автомашинаи боркаш бар асари нуқси техникӣ ба воситаҳои нақлиёти сабукрав ва ду манзили истиқоматӣ бархӯрдаст.
Медицинская каталка в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2023
Садама дар Кӯлоб 23 куштаю маҷруҳ барҷой гузошт: Тафсилоти фоҷиа
Дар натиҷаи ин ҳодиса 10 нафар ҷони худро аз даст дода, чандин нафари дигар захм бардоштанд, илова намуд котиботи президент.
Эмомалӣ Раҳмон масъулинро муваззаф кардааст, ки ба хонаводаҳои ҳалокшудагон кумаки моддӣ расонида, барои табобати захмбардоштагон ва барқарор намудани хонаҳои зарардида тадбирҳои фаврӣ андешанд.
Мақомоти додситонии Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, тафтишот феълан идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0