Муҳаррикҳо сӯхтанд: Эълони зарари бемасъулиятии барқрасонҳо ба як ниҳод дар Суғд

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиВ Таджикистане на насосной станции "Сайхун-2" запущен новый агрегат
В Таджикистане на насосной станции Сайхун-2 запущен новый агрегат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2023
Обуна шудан
Бемасъулиятии кормандони идораи барқрасон дар шимоли Тоҷикистон ба бахши заминдориву кишоварзии минтақа осеб расонидааст
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Дар вилояти Суғд дар пайи беогоҳӣ қатъ кардани қувваи барқ ба пойгоҳҳои обкшии вилоят зарари ҷидди ворид шудааст.
Дар ин бора сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят Аминҷон Абдуллозода зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, аз ҳисоби беогоҳӣ қатъкунии барқ, чандин муҳаррик ва таҷҳизоти пойгоҳҳои обкашӣ корношоям шуданд.
Ӯ гуфт, аз авоили фасли баҳор то ин вақт 40 – 50 мавриди беогоҳӣ қатъ намудани барқ дар минтақаи пойгоҳҳои обкашӣ дар шаҳру навоҳӣ сурат гирифтааст, ба кори мунтазами хоҷагиҳои обрасонӣ таъсири амиқи манфӣ дар пай дошт.
“Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пойгоҳи обкашии “Хоҷабоқирғон”, дар ноҳияи Ашт пойгоҳҳои обкашии “АНС 1” ва “АНС 2”, дар шаҳри Конибодом пойгоҳи обкашии “Маҳрам” аз ҳисоби якбора қатъшавии барқ ва ё пасту баландшавии шиддати он сӯхта корношоям шудаанд”, – гуфт Абдуллозода.
Бино ба иттилоъи манбаъ, гурӯҳи корӣ ҳаҷми зарари расида аз ҳисоби қатъкунии барқ дар пойгоҳҳои обкашии ин се шаҳру ноҳияҳоро ҳисоб кардаанд, ки ба 700 ҳазор сомонӣ баробар будааст.
Ноҳияи Зафаробод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2023
Шиддати пасти барқу танқиси аз об: раиси нави Зафаробод аз ду мушкили ноҳия гуфт
Сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ зикр кард, ки ба чунин вазъ идораҳои обрасонии шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Зафаробод низ дучор шудаанд.
Идораҳои обрасонии Суғд давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 401, 1 млн кВт соат барқ истифода кардаанд, ки дар муқоиса ба ин давраи соли гузашта 3,6 млн кВт соат зиёд буда, ҳаҷми маблағи истифодаи барқ низ дар ин давра беш аз 39,6 млн сомонӣ бештар шудааст.
Лентаи хабарҳо
0