Шиддати пасти барқу танқиси аз об: раиси нави Зафаробод аз ду мушкили ноҳия гуфт

© Sputnik Ноҳияи Зафаробод
Ноҳияи Зафаробод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2023
Обуна шудан
Раиси тозатаъйини ноҳияи Зафаробод гуфт, ки зимни суҳбати рӯ ба рӯ, сокинон барои ҳалли кадом мушкилӣ ба ӯ муроҷита мекунанд
ДУШАНБЕ, 28 июл – Sputnik. Паст будани шиддати нерӯи барқ ва танқисии обрасонии киштзорҳо аз мушкили умдаи ноҳияи Зафаробод будааст.

Сокинони минтақа барои ҳалли ин камбуд бештар ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат кардаанд.
Дар ин бора раиси навтаъйини ноҳияи Зафаробод Зуфар Исмоилзода дар посух ба суоли рӯзноманигорон изҳор дошт.
“Сокинон дар муроҷиатҳои рӯ ба рӯ аз паст будани шиддати барқ дар ноҳия мегӯянд, ки ҳамин мушкил сабаби зуд – зуд корношоям шудани муҳаррикҳои пойгоҳҳои обкашӣ мегардад” – гуфт, Исмоилзода.
Ба гуфтаи вай, барои бартараф намудани ин мушкил ба унвони раиси вилояти Суғд дар бораи замони таъмир ва васлу насби пойгоҳои нави обкашӣ нома ирсол намудааст.
Қарор аст, шурӯъ аз моҳи август марҳилаи таъмири пойгоҳҳои обкашӣ дар ин ноҳия шурӯъ шавад.
Қаблан сокинони ҷамоатҳои ин ноҳия дар бораи талафёбии заминҳои кишти пахтаю ғалла аз беобӣ дар пайи ҳамчунин гармои тоқатфарсо шикоят карда буданд.
Дар замони шӯравӣ Зафаробод яке аз минтақаҳои пахтакори Тоҷикистон маҳсуб мешуд ва дар соли 1980 ҳаҷми истеҳсоли пахта дар он ба рекорд-ба 60 ҳазор тон расид.
Уборка и переработка первого урожая картофеля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2023
Дар ноҳияи Зафаробод заминҳо аз беобӣ хушк мешавад
Дар ҳоли ҳозир, ин минтақа дар Тоҷикистон яке аз минтақаҳои имтиёздор ба шумор меравад, ки сокинонаш аз замин ризқу рӯзии худро ба даст меоранд. Аммо мушкили беобӣ боиси хушкии киштзорҳо гардида, деҳқононро нигарон кардааст.
Тибқи омори Раёсати кишоварзии вилояти Суғд, дар соли 2022 дар Зафаробод аз майдони 14 ҳазор гектар 30,5 ҳазор тон "тиллои сафед" гирифта шудааст.
Соли 2023 дар майдони ҳудуди 14 ҳазор гектар пахта кишт шудааст, ки беш аз 25 дарсади майдони кишти пахта дар вилояти Суғдро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0