https://sputnik.tj/20230810/maqomot-narkhi-mahsulot-bozor-tojikiston-bolo-1058740230.html
Мақомот гуфт нархи кадом маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон боло рафтааст
Мақомот гуфт нархи кадом маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон боло рафтааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки баландшавии нархи маҳсулоти ғайриозуқа дар шаш моҳи соли равон бештар аз ҳисоби болоравии нархи бензин сурат гирифтааст
2023-08-10T12:36+0500
2023-08-10T12:36+0500
2023-08-10T20:02+0500
дар тоҷикистон
бозор
маҳсулот
маҳсулоти ғизоӣ
вазорати рушди иқтисод ва савдои тоҷикистон
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102907/05/1029070526_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_64ee3161cc9914c4bfaee4694d17885c.jpg
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли равон дар кишвар таваррум муътадил дар сатҳи 2,3 фоиз нигоҳ дошта шуд, ки ин аз ҳисоби 3% болоравии нархҳои маҳсулоти озуқа ва 2,9 фоиз молҳои ғайриозуқа ташаккул ёфтааст.Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.Ба иттилои вай, нархи гӯшти гов дар Тоҷикистон 4,3%, картошка 28,6%, биринҷ 43% ва шакар 23,5% баланд шуд.Муовини вазир инчунин қайд кард, ки дар баробари ин нархи орди навъи якум ва дуюм 17%, равғани растанӣ 22,9%, помидор 71,6%, бодиринг 57,4%, тухм 21,2% ва шир 1,9% коҳиш ёфт. Ашурбой Солеҳзода шарҳ дод, ки баландшавии нархи маҳсулоти ғайриозуқа бештар аз ҳисоби болоравии нархи бензин ба андозаи 16,4%, доруворӣ - 8,4%, масолеҳи сохтмонӣ -4,5% ва маводҳои шустушӯйӣ - 3,2% ба миён омад.Ҳамзамон, муовини вазир қайд кард, ки дар баробари ин нархи гази моеъ 26,3 фоиз ва сўзишвории дизелӣ 12,9 фоиз коҳиш ёфт.
https://sputnik.tj/20230424/piyozi-tojikiston-bozor-qazoqiston-boloravii-narkh-najot-1056647630.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102907/05/1029070526_0:0:2671:2003_1920x0_80_0_0_802829819466ac3ef1216d96051a0138.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бозор, мақомот, болоравии нарх, бензин, маҳсулот, ғайриозуқа
тоҷикистон, бозор, мақомот, болоравии нарх, бензин, маҳсулот, ғайриозуқа
Мақомот гуфт нархи кадом маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон боло рафтааст
12:36 10.08.2023 (Навсозишуда: 20:02 10.08.2023) Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки баландшавии нархи маҳсулоти ғайриозуқа дар шаш моҳи соли равон бештар аз ҳисоби болоравии нархи бензин сурат гирифтааст
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли равон дар кишвар таваррум муътадил дар сатҳи 2,3 фоиз нигоҳ дошта шуд, ки ин аз ҳисоби 3% болоравии нархҳои маҳсулоти озуқа ва 2,9 фоиз молҳои ғайриозуқа ташаккул ёфтааст.
Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба иттилои вай, нархи гӯшти гов дар Тоҷикистон 4,3%, картошка 28,6%, биринҷ 43% ва шакар 23,5% баланд шуд.
Муовини вазир инчунин қайд кард, ки дар баробари ин нархи орди навъи якум ва дуюм 17%, равғани растанӣ 22,9%, помидор 71,6%, бодиринг 57,4%, тухм 21,2% ва шир 1,9% коҳиш ёфт.
Ашурбой Солеҳзода шарҳ дод, ки баландшавии нархи маҳсулоти ғайриозуқа бештар аз ҳисоби болоравии нархи бензин ба андозаи 16,4%, доруворӣ - 8,4%, масолеҳи сохтмонӣ -4,5% ва маводҳои шустушӯйӣ - 3,2% ба миён омад.
Ҳамзамон, муовини вазир қайд кард, ки дар баробари ин нархи гази моеъ 26,3 фоиз ва сўзишвории дизелӣ 12,9 фоиз коҳиш ёфт.