Санҷиши пеш аз тӯй садҳо арӯсу домоди касалро дар Тоҷикистон ошкор кард: кадом бемориҳо?

© Unsplash/Caroline VeronezСвадьба
Свадьба - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2023
Обуна шудан
Ташхиси хонадоршавандаҳо дар Тоҷикистон, ки пеш аз издивоҷ ҳатмӣ мебошад, беш аз ҳазор ҳолати гирифторӣ ба бемориҳои хатарноки сироятиро ошкор кард
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Муоинаи арӯсу домодшавандаҳо дар Тоҷикистон қабл аз никоҳ дар соли 2022 муайян кардааст, ки 31 хонадоршаванда гирифтори вируси норасоии масунияти одам мебошанд.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар маҷмуъ дар давоми соли 2022 зиёда аз 102 ҳазор нафар шахсони никоҳшаванда аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд.
Дар натиҷа муайян гардидааст, ки 942 нафар бо зардпарвини вирусии намуди “В” гирифтор мебошанд. Инчуин 188 нафар бо зардпарвини вирусии намуди “С”, 31 нафар бо вируси норасоии масунияти одам, 10 нафар бо бемории оташак сироятшуда будаанд.
Дар баробари ин гуруҳе аз арусу домодшавандаҳо бемории руҳӣ доштаанд, ки шумораи чунин нафарон 39 нафар гуфта шуд.
Церемония бракосочетания, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Фармони Путин барои таъсиси Рӯзи оила ва ишқу садоқат дар Русия
Мақомоти тандурустӣ мегӯянд, дар бисёри ҳолатҳои сабти гирифтории навхонадорон ба беморӣ маслиҳат дода мешавад, ки аввал бо табобат фаро гирифта шаванду баъд оила барпо кунанд, то ҷуфташонро низ гирифтори бемории сироятӣ накунанд.
Ташхиси қабл аз издивоҷ дар Тоҷикистон дар паёми соли 2015-уми раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар садо дод.
Баъдан бо қабули тағйирот дар қонунгузории Тоҷикистон ташхиси тиббии пеш аз никоҳ дар ҷумҳурӣ ҳатмӣ эълон гардид. Ҳадафи ин иқдом ҳифзи саломатии навхонадорон ва насли ояндаашон арзёбӣ гардид.
Лентаи хабарҳо
0