Вазир ба Маскав омад: Тоҷикистон хостори иҷрои созишномаҳои муҳоҷиратӣ шуд

© Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиии ТоҷикистонМулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба ҳамтои русаш дар Маскав
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба ҳамтои русаш дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2023
Обуна шудан
Вазири меҳнати Тоҷикистон дар дидор бо ҳамтои русаш дар Маскав иҷроиши тавофуқҳое қаблан дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ имзо шуда буданд, баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар Маскав мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо муовини вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Русия Елена Мухтиярова сурат гирифт.
Дар ин бора намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар додааст.
Ба иттилои мнабаъ, яке аз масъалаҳои асосии муҳокимагардида зимни мулоқот, ин иҷроиши тавофуқҳое, ки дар чаҳорчӯби мулоқоти ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Русия ва Тоҷикистон - муовини Сарвазири Русия Марат Хуснуллин ва Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода (дар масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ) матраҳ гардида буданд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тибқи иттилои намояндагӣ, ҷонибҳо ҳамчунин зимни вохурӣ масъалаҳои зеринро мавриди баррасӣ қарор доданд:
Рафти иҷрои Созишнома байни ҳукумати ду кишвар дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Русия;
омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар, ташкил ва такмили таълими касбии муҳоҷирони меҳнатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ба талаботи бозори меҳнати Русия ҷавобгӯ ва эҳтимоли омӯзиши касбии онҳо аз ҷониби корфармоёни Русия.
Манбаъ ёдовар шудааст, ки аз соли 2019 Созишнома байни ҳукумати ду кишвар дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Русия мавриди амал қарор дорад.
Мулоқоти Акрам Сулаймонзода  бо муовини директори генералии “Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират” дар шаҳри Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2023
Намояндагии “Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират” дар вилояти Хатлон кай боз мешавад?
Дар баробари ин, "Харитаи роҳ" ба имзо расидааст, ки дар он тадбирҳои мушаххас оид ба татбиқи Созишномаи мазкур пешбинӣ шудаанд.
Ҳамчунин намояндагӣ қайд кардааст, ки ба фаъолият шуруъ кардани намояндагии "Хадамоти шиноснома ва раводид"-и ВКД-и Русия дар Тоҷикистон барои гузаронидани муоинаи тиббӣ, гирифтани изи ангушт ва супоридани имтиҳони донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русия дар қаламрави ҷумҳурӣ барои ҷалби шаҳрвандони кишвар барои кор дар корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ ва сохтмонии Русия шароит фароҳам меорад.
Зикр гардидааст, ки тарафҳо зимни мулоқот омодагии худро барои таҳкими пайвастаи ҳамкорӣ дар самтҳои зикргардида ва рушди муносибатҳои дуҷониба изҳор намуданд.
Лентаи хабарҳо
0