https://sputnik.tj/20230809/sokhtmoni-sarband-roghun-prezident-1058719109.html
Сохтмони сарбанди "Роғун" дар чӣ ҳол аст? Котиботи президент бархе тафсилотро гуфт
Сохтмони сарбанди "Роғун" дар чӣ ҳол аст? Котиботи президент бархе тафсилотро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корияш ба шаҳри Роғун бо сохтмони садди обанбори нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" шинос гардид 09.08.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-08-09T11:30+0500
2023-08-09T11:30+0500
2023-08-09T11:30+0500
дар тоҷикистон
энергетика
эмомалӣ раҳмон
муҳим
роғун
нбо "роғун"
сохтмони нерӯгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0f/1032097830_0:52:3072:1780_1920x0_80_0_0_e6abfd484efe340578f8690eef9d4c5f.jpg
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Аз ҳаҷми умумии 80 млн метри мукааб сангу шағали пешбинигардида барои сарбанди нерӯгоҳи "Роғун" то ҳол ба андозаи 19 млн метри мукааб мавод дар қабатҳои болоию поёнӣ хобонида шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, иттилоъ дода, афзуд, ки маводи хобондашуда дар сарбанд 23%-ро ташкил медиҳанд. Манбаъ афзуд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар қисмати ядрои сарбанди асосии нерӯгоҳ шинос гардид. Таъкид шудаст, ки дарозии таҳкурсии асосӣ аз бетони кӯбида 172 метр, паҳноиаш 133 метр ва баландии он 23 метрро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ ба иттилои котиботи президент, хобонидани маводҳо дар қисмати болоии сарбанд то имрӯз ба 1140 метр аз сатҳи баҳр расидааст.Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки айни ҳол оби обанбор дар нишонии 1070 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад."Андозаи болоии нигоҳдории об баъдиобгирии пурраи обанбор 1 ҳазору 290 метр аз сатҳи баҳр хоҳад буд ва масоҳати обанбор ба 170 километри мураббаъ мерасад", - таъкид намуд манбаъ. Зикр гардидаст, ки ядрои сарбанд аз иншооти муҳими неругоҳ ба шумор рафта, корҳои сохтмониву васлгариро дар он мутахассисони ватанию хориҷӣ дар асоси нақша бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ иҷро мекунанд.
https://sputnik.tj/20230809/shinosoi-emomali-rahmon-sokhtmon-roh-roghun-1058718479.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0f/1032097830_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_eab159cc6bf95dc37db975c2164db00f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, энергетика, эмомалӣ раҳмон, муҳим, роғун, нбо "роғун", сохтмони нерӯгоҳ
дар тоҷикистон, энергетика, эмомалӣ раҳмон, муҳим, роғун, нбо "роғун", сохтмони нерӯгоҳ
Сохтмони сарбанди "Роғун" дар чӣ ҳол аст? Котиботи президент бархе тафсилотро гуфт
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корияш ба шаҳри Роғун бо сохтмони садди обанбори нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" шинос гардид
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Аз ҳаҷми умумии 80 млн метри мукааб сангу шағали пешбинигардида барои сарбанди нерӯгоҳи "Роғун" то ҳол ба андозаи 19 млн метри мукааб мавод дар қабатҳои болоию поёнӣ хобонида шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, иттилоъ дода, афзуд, ки маводи хобондашуда дар сарбанд 23%-ро ташкил медиҳанд.
Манбаъ афзуд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар қисмати ядрои сарбанди асосии нерӯгоҳ шинос гардид.
Таъкид шудаст, ки дарозии таҳкурсии асосӣ аз бетони кӯбида 172 метр, паҳноиаш 133 метр ва баландии он 23 метрро ташкил медиҳад.
Дар маҷмуъ ба иттилои котиботи президент, хобонидани маводҳо дар қисмати болоии сарбанд то имрӯз ба 1140 метр аз сатҳи баҳр расидааст.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки айни ҳол оби обанбор дар нишонии 1070 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад.
"Андозаи болоии нигоҳдории об баъдиобгирии пурраи обанбор 1 ҳазору 290 метр аз сатҳи баҳр хоҳад буд ва масоҳати обанбор ба 170 километри мураббаъ мерасад", - таъкид намуд манбаъ.
Зикр гардидаст, ки ядрои сарбанд аз иншооти муҳими неругоҳ ба шумор рафта, корҳои сохтмониву васлгариро дар он мутахассисони ватанию хориҷӣ дар асоси нақша бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ иҷро мекунанд.