https://sputnik.tj/20230809/shinosoi-emomali-rahmon-sokhtmon-roh-roghun-1058718479.html
Шиносоии Эмомалӣ Раҳмон бо сохтмони роҳи Роғун-Обигарм-Нуробод
Шиносоии Эмомалӣ Раҳмон бо сохтмони роҳи Роғун-Обигарм-Нуробод
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо раванди тадбирҳои ободонию вусъати корҳои сохтмонӣ дар иншооти гидроэнергетикӣ ба шаҳри Роғун сафар кардааст
2023-08-09T10:51+0500
2023-08-09T10:51+0500
2023-08-09T10:51+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
сохтмон
роҳ
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0b/1052032027_0:80:3072:1808_1920x0_80_0_0_c0aa438ff97e0800c4d85b69b152371f.jpg
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Сафари президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз шиносоӣ бо навсозии роҳи мошингарди "Роғун-Обигарм-Нуробод" ва лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгард аз Неругоҳи барқи обии Роғун то Неругоҳи барқи обии Шӯроб оғоз гардид. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки сохтмони роҳи автомобилгард аз Неругоҳи барқи обии Роғун то Неругоҳи барқи обии Шӯроб моҳи октябри соли 2023 оғоз гардида, дарозии умумии лоиҳавӣ наздики 10 километр мебошад. Дар ин масир аз ҷумла бунёди як пул бо дарозии наздики 1,6 километр ва дигар намуди корҳои роҳсозӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуда, дар маҷмӯъ роҳи мазкур ба категорияи чоруми роҳсозӣ мутобиқ гардонида мешавад."Сохтмони қисмати роҳи автомобилгарди даромадгоҳи шаҳри Роғун, ки дарозии он аз рӯи лоиҳа 11 километрро ташкил медиҳад, барои интиқоли молу маҳсулот ва боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳаммияти калони иҷтимоию иқтисодӣ дорад", - таъкид намуд манбаъ. Зикр шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин масир бо супориши президент соли 2021 оғоз гардида буд. Қабати асосии роҳ – гузоштани обравҳо ва селпертоҳо пурра омода гардида, айни ҳол бо ҷалби техникаву механизмҳои роҳсозӣ корҳои мумфаршкунӣ аз ду тараф ҳам аз қисмати марказии шаҳр ва ҳам аз қисмати даромад ба шаҳри Роғун ҷараён дорад, таъкид намуд дафтари матбуот. Президент аз роҳсозон хост, корҳои сохтмониро аз ҷумла дар масири Роғун - Обигарм - Нуробод бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муаяншуда ба анҷом расонанд, то ин масир ба мардум садсолаҳо хизмат намояд.
https://sputnik.tj/20230729/sel-400-metr-roh-dushanbe-vahdat-lakhsh-bast-1058517075.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0b/1052032027_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_e3577e9aa1309e7da9078f08cd707cc0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, президент, тоҷикистон, сохтмон, иншоот
эмомалӣ раҳмон, президент, тоҷикистон, сохтмон, иншоот
Шиносоии Эмомалӣ Раҳмон бо сохтмони роҳи Роғун-Обигарм-Нуробод
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо раванди тадбирҳои ободонию вусъати корҳои сохтмонӣ дар иншооти гидроэнергетикӣ ба шаҳри Роғун сафар кардааст
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Сафари президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз шиносоӣ бо навсозии роҳи мошингарди "Роғун-Обигарм-Нуробод" ва лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгард аз Неругоҳи барқи обии Роғун то Неругоҳи барқи обии Шӯроб оғоз гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки сохтмони роҳи автомобилгард аз Неругоҳи барқи обии Роғун то Неругоҳи барқи обии Шӯроб моҳи октябри соли 2023 оғоз гардида, дарозии умумии лоиҳавӣ наздики 10 километр мебошад.
Дар ин масир аз ҷумла бунёди як пул бо дарозии наздики 1,6 километр ва дигар намуди корҳои роҳсозӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуда, дар маҷмӯъ роҳи мазкур ба категорияи чоруми роҳсозӣ мутобиқ гардонида мешавад.
"Сохтмони қисмати роҳи автомобилгарди даромадгоҳи шаҳри Роғун, ки дарозии он аз рӯи лоиҳа 11 километрро ташкил медиҳад, барои интиқоли молу маҳсулот ва боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳаммияти калони иҷтимоию иқтисодӣ дорад", - таъкид намуд манбаъ.
Зикр шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин масир бо супориши президент соли 2021 оғоз гардида буд.
Қабати асосии роҳ – гузоштани обравҳо ва селпертоҳо пурра омода гардида, айни ҳол бо ҷалби техникаву механизмҳои роҳсозӣ корҳои мумфаршкунӣ аз ду тараф ҳам аз қисмати марказии шаҳр ва ҳам аз қисмати даромад ба шаҳри Роғун ҷараён дорад, таъкид намуд дафтари матбуот.
Президент аз роҳсозон хост, корҳои сохтмониро аз ҷумла дар масири Роғун - Обигарм - Нуробод бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муаяншуда ба анҷом расонанд, то ин масир ба мардум садсолаҳо хизмат намояд.