https://sputnik.tj/20230809/senator-amriko-rahbariyat-ukraina-tim-maktabbachagon-muqoisa-1058723896.html
Сенатори амрикоӣ раҳбарияти Украинаро ба "тими мактаббачагон" муқоиса кард
Сенатори амрикоӣ раҳбарияти Украинаро ба "тими мактаббачагон" муқоиса кард
Sputnik Тоҷикистон
Сенатори ҷумҳурихоҳ дар бораи натиҷаҳои назарсанҷии ахири CNN, ки тибқи он 55% амрикоиҳо мухолифи маблағгузории Украина ҳастанд, назарашро ироа кард
2023-08-09T18:59+0500
2023-08-09T18:59+0500
2023-08-09T18:59+0500
има
украина
сиёсат
дар ҷаҳон
владимир зеленский
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1e/1058000129_0:20:3072:1748_1920x0_80_0_0_6715f014ea68b55a3d9f0a2fe9d8014c.jpg
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Мақомоти Украина дар ҳоле, ки як "тими хонандагони мактабҳои наврас"-ро мемонад бо "дастаи коллеҷ", яъне Русия рақобат мекунанд. Ин фикрро сенатори ҷумҳурихоҳ аз Алабама Томми Табервил баён кардааст. Вай натоиҷи назарсанҷии CNN-ро шарҳ дод, ки нишон додааст, беш аз нисфи шаҳрвандони ИМА, яъне 55% мухолифи кумак ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳастанд.Табервил қайд кард, ки хеле пеш аз оғози амалиёти махсус, равиш ба ҳамкориҳои Украина ва Русия эътимодро ба вуҷуд наовард. Вай ҳамчунин таъкид кард, ки ҳамеша мухолифи сарпарастии артиши Украина буд. Табервил итминон дорад, ки ин ба ҳар ҳол ба пирӯзӣ кумак намекунад. Ба гуфтаи сенатор, маъмурияти президенти ИМА Ҷо Байден бо ин роҳ танҳо мехоҳад таваҷҷӯҳи амрикоиҳо аз мушкилоти кишварро, ки аз ҷониби худи демократҳо ба вуҷуд омадаанд, дур кунад. Қаблан як афсари собиқи иктишофии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА дар бораи талафоти бузурги артиши Украина ҳарф зада буд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо талош доранд, рӯҳияи низомиёни Русияро бо сафарбар кардани ҷангҷӯёни бештар ба хатти ҷабҳа бишкананд, аммо ин танҳо боиси афзоиши маргу мири нерӯҳои мусаллаҳи Украина мешавад.
https://sputnik.tj/20230803/artishi-ukraina-khati-jabha-sarboz-1058626460.html
има
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1e/1058000129_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_69d2ad21a1bfda25d758084e8eccdf3e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сенатор амрикоӣ раҳбарият украина тим мактаббачагон муқоиса
сенатор амрикоӣ раҳбарият украина тим мактаббачагон муқоиса
Сенатори амрикоӣ раҳбарияти Украинаро ба "тими мактаббачагон" муқоиса кард
Сенатори ҷумҳурихоҳ дар бораи натиҷаҳои назарсанҷии ахири CNN, ки тибқи он 55% амрикоиҳо мухолифи маблағгузории Украина ҳастанд, назарашро ироа кард
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Мақомоти Украина дар ҳоле, ки як "тими хонандагони мактабҳои наврас"-ро мемонад бо "дастаи коллеҷ", яъне Русия рақобат мекунанд.
Ин фикрро сенатори ҷумҳурихоҳ аз Алабама Томми Табервил баён кардааст.
Вай натоиҷи назарсанҷии CNN-ро шарҳ дод, ки нишон додааст, беш аз нисфи шаҳрвандони ИМА, яъне 55% мухолифи кумак ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳастанд.
"Ман бо президент Зеленский 3 моҳ пеш аз оғози воқеот дар Украина вохӯрдам. Охир, ин як дастаи мактаби миёна аст, ки бо тими коллеҷ бозӣ мекунад", - гуфт сенатор.
Табервил қайд кард, ки хеле пеш аз оғози амалиёти махсус, равиш ба ҳамкориҳои Украина ва Русия эътимодро ба вуҷуд наовард.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки ҳамеша мухолифи сарпарастии артиши Украина буд. Табервил итминон дорад, ки ин ба ҳар ҳол ба пирӯзӣ кумак намекунад.
Ба гуфтаи сенатор, маъмурияти президенти ИМА Ҷо Байден бо ин роҳ танҳо мехоҳад таваҷҷӯҳи амрикоиҳо аз мушкилоти кишварро, ки аз ҷониби худи демократҳо ба вуҷуд омадаанд, дур кунад.
Қаблан як афсари собиқи иктишофии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА дар бораи талафоти бузурги артиши Украина ҳарф зада буд.
Ба гуфтаи ӯ, онҳо талош доранд, рӯҳияи низомиёни Русияро бо сафарбар кардани ҷангҷӯёни бештар ба хатти ҷабҳа бишкананд, аммо ин танҳо боиси афзоиши маргу мири нерӯҳои мусаллаҳи Украина мешавад.