https://sputnik.tj/20230407/markazi-sakharovo-muhojiri-tojik-nigahdori-zanon-1056283465.html
Маълум шуд дар Маркази “Сахарово” чанд муҳоҷири тоҷик нигаҳдорӣ мешавад: Занон ҳам ҳаст
Маълум шуд дар Маркази “Сахарово” чанд муҳоҷири тоҷик нигаҳдорӣ мешавад: Занон ҳам ҳаст
Дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии "Сахарово" миёни дар баробари муҳоҷирони мард занони тоҷик низ нигаҳдорӣ мешаванд
2023-04-07T14:20+0500
2023-04-07T14:20+0500
2023-04-07T18:07+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
сафорат
русия
сахарово
нигаҳдорӣ
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/07/1056283265_0:92:450:345_1920x0_80_0_0_b7b3532c8963e023574bef5000c4fdb3.jpg
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии "Сахарово"-и Маскав 147 шаҳрванди боздоштшудаи ҷумҳурӣ ҳузур доранд, иттилоъ дод ба Sputnik сафорати Тоҷикистон дар Русия.Ба иттилои сафорат, аз ин шумор 5 нафарашонро занони муҳоҷир ташкил медиҳанд.Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия ахиран кормандони Хадамоти консулии Сафорат аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия - воқеъ дар деҳаи Сахаровои шаҳри Москв - боздид намуда, бо роҳбари муассисаи мазкур Алексей Лагода мулоқот анҷом доданд.Инчунин, кормандони сафорат дар доираи боздид бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом доданд.Қайд карда шудааст, ки дар рафти сӯҳбат ба шаҳрвандон доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Русия дар самти муҳоҷират иттилоъ пешкаш гардида, барои дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Россия тавсияҳо дода шуданд.Дар ин дидор кормандони сафорат ба шаҳрвандон ваъда доданд, ки талош хоҳанд кард, то ҳуҷҷатҳояшонро ҳарчӣ зудтар омода намоянду онҳоро ба Ватан баргардонанд.Қайд карда шудаст, ки рӯзи 9 апрел аз маркази “Сахарово” 13 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба Ватан баргардонида хоҳад шуд.Ҳамзамон, ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим гардид.Сафорат қайд кардааст, ки корҳо барои ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида дар тамоми шаҳру вилоятҳои Русия мунтазам анҷом дода мешаванд.
русия
сахарово
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/07/1056283265_0:50:450:388_1920x0_80_0_0_25aea793cdd9d40c434040ca522ccef4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
тоҷикистон, муҳоҷират, сахарово, нигаҳдорӣ, занон, боздоштшуда, русия
тоҷикистон, муҳоҷират, сахарово, нигаҳдорӣ, занон, боздоштшуда, русия
Маълум шуд дар Маркази “Сахарово” чанд муҳоҷири тоҷик нигаҳдорӣ мешавад: Занон ҳам ҳаст
14:20 07.04.2023 (Навсозишуда: 18:07 07.04.2023) Эксклюзив
Дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии "Сахарово" дар баробари муҳоҷирони мард занони тоҷик низ нигаҳдорӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии "Сахарово"-и Маскав 147 шаҳрванди боздоштшудаи ҷумҳурӣ ҳузур доранд, иттилоъ дод ба Sputnik сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Ба иттилои сафорат, аз ин шумор 5 нафарашонро занони муҳоҷир ташкил медиҳанд.
Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия ахиран кормандони Хадамоти консулии Сафорат аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия - воқеъ дар деҳаи Сахаровои шаҳри Москв - боздид намуда, бо роҳбари муассисаи мазкур Алексей Лагода мулоқот анҷом доданд.
“Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба интиқоли зудтари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан ва шароити нигаҳдории онҳо дар ин муассиса мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”, - таъкид кардааст сафорат.
Инчунин, кормандони сафорат дар доираи боздид бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом доданд.
Қайд карда шудааст, ки дар рафти сӯҳбат ба шаҳрвандон доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Русия дар самти муҳоҷират иттилоъ пешкаш гардида, барои дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Россия тавсияҳо дода шуданд.
Дар ин дидор кормандони сафорат ба шаҳрвандон ваъда доданд, ки талош хоҳанд кард, то ҳуҷҷатҳояшонро ҳарчӣ зудтар омода намоянду онҳоро ба Ватан баргардонанд.
Қайд карда шудаст, ки рӯзи 9 апрел аз маркази “Сахарово” 13 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба Ватан баргардонида хоҳад шуд.
Ҳамзамон, ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим гардид.
Сафорат қайд кардааст, ки корҳо барои ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида дар тамоми шаҳру вилоятҳои Русия мунтазам анҷом дода мешаванд.