https://sputnik.tj/20230808/sughd-chand-dukhon-panjkhon-dorad-1058702611.html
Суғд чанд духону чанд панҷхон дорад?
Суғд чанд духону чанд панҷхон дорад?
Sputnik Тоҷикистон
Дар Идораи маорифи Суғд гуфтанд, ки чанд хонандаи макотиб чоряки чорумро дар соли хониши гузашта бо баҳои 2 ва чанд нафар бо 5 хатм кардааст
2023-08-08T13:56+0500
2023-08-08T13:56+0500
2023-08-08T19:09+0500
дар тоҷикистон
маориф
таҳсил
имтиҳон
суғд
сифат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0f/1032455582_0:104:1201:779_1920x0_80_0_0_5d16433bfb3cb822b9aea49c3fa7764f.jpg
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Ҳар талабаи ҳафтум дар вилояти Суғд панҷхон буда, теъдоди духонҳо ҳудуди 0,02% аз шумораи умумии хонандаҳоро ташкил медиҳад. Дар ин бора масъулини Раёсати маорифи Суғд дар нишасти матбуотӣ зимни шарҳи сифати таълим дар соли хониши 2022 -2023 иттилоъ доданд. Сардори Раёсати маорифи Суғд, Мадина Набизода, изҳор дошт, ки дар соли хониши гузашта, ҳамагӣ 498,4 ҳазор талаба таҳсил карданд. Ба иттилои Набизода соли хониши гузаштаро наздики 75,2 ҳазор нафар бо баҳои 5 ҷамъбаст намуданд. "Бо баҳои 4 – беш аз 175,8 ҳазор нафар ва бо баҳои 3 – зиёда аз 247 ҳазор нафар чоряки чорумро ҷамъбаст намуданд", - афзуд сардори раёсати маорифи Суғд. Дар баробари Набизода теъдоди духонҳоро низ баён дошта, афзуд, ки бо баҳои 2 – 124 нафар чоряки чорумро ҷамъбаст намудаанд. Вай тавзеҳ дод, ки ҳудуди 330 хонандае, ки бо сабаб ба имтиҳонсупорӣ ҳозир нашуданд ва ё аз имтиҳон баҳои "2" гирифтаанд, қабл аз шурӯъи дарсҳои соли нави хониш дубора имтиҳони гузариш месупоранд. Тибқи иттилои расмӣ, соли таҳсили 2022 – 2023 дар вилоят 946 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо наздики 572 ҳазор нафар, аз ҷумла, қариб 281 ҳазор духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Бино ба арзёбии масъулин, соли хониши сипаришуда азхудкунии барномаҳои таълимӣ 99, 97% ва сифати таҳсилот 50,4% ро ташкил намудааст.
https://sputnik.tj/20230807/maqomot-khatlon-maktab-mavzehoi-khavfnok-joygir-1058691791.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0f/1032455582_12:0:1187:881_1920x0_80_0_0_180ce9d210b3b440c61060df726ad492.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шумора, духон, суғд, чоряк, хониш, баҳо
шумора, духон, суғд, чоряк, хониш, баҳо
Суғд чанд духону чанд панҷхон дорад?
13:56 08.08.2023 (Навсозишуда: 19:09 08.08.2023) Дар Идораи маорифи Суғд гуфтанд, ки чанд хонандаи макотиб чоряки чорумро дар соли хониши гузашта бо баҳои 2 ва чанд нафар бо 5 хатм кардааст
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Ҳар талабаи ҳафтум дар вилояти Суғд панҷхон буда, теъдоди духонҳо ҳудуди 0,02% аз шумораи умумии хонандаҳоро ташкил медиҳад.
Дар ин бора масъулини Раёсати маорифи Суғд дар нишасти матбуотӣ зимни шарҳи сифати таълим дар соли хониши 2022 -2023 иттилоъ доданд.
Сардори Раёсати маорифи Суғд, Мадина Набизода, изҳор дошт, ки дар соли хониши гузашта, ҳамагӣ 498,4 ҳазор талаба таҳсил карданд.
Ба иттилои Набизода соли хониши гузаштаро наздики 75,2 ҳазор нафар бо баҳои 5 ҷамъбаст намуданд.
"Бо баҳои 4 – беш аз 175,8 ҳазор нафар ва бо баҳои 3 – зиёда аз 247 ҳазор нафар чоряки чорумро ҷамъбаст намуданд", - афзуд сардори раёсати маорифи Суғд.
Дар баробари Набизода теъдоди духонҳоро низ баён дошта, афзуд, ки бо баҳои 2 – 124 нафар чоряки чорумро ҷамъбаст намудаанд.
Вай тавзеҳ дод, ки ҳудуди 330 хонандае, ки бо сабаб ба имтиҳонсупорӣ ҳозир нашуданд ва ё аз имтиҳон баҳои "2" гирифтаанд, қабл аз шурӯъи дарсҳои соли нави хониш дубора имтиҳони гузариш месупоранд.
Тибқи иттилои расмӣ, соли таҳсили 2022 – 2023 дар вилоят 946 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо наздики 572 ҳазор нафар, аз ҷумла, қариб 281 ҳазор духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Бино ба арзёбии масъулин, соли хониши сипаришуда азхудкунии барномаҳои таълимӣ 99, 97% ва сифати таҳсилот 50,4% ро ташкил намудааст.