Ҳукумати Турсунзода қаҳрамони ҷаҳонро қадрдонӣ кард

© МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДАҚАДРДОНИИ ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
ҚАДРДОНИИ ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2023
Обуна шудан
Раиси шаҳри Турсунзода ба чемпиони ҷаҳон Ҷавоҳир Шодиев аз номи ҳукумати шаҳр ва сокинон Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмон тақдим кард
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Чемпиони ҷаҳон Ҷавоҳир Шодиев аз ҷониби раиси шаҳри Турсунзода қадрдонӣ гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.
Ба иттилои манбаъ раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам паҳлавони ҷавони тоҷикро ахиран ба ҳузур пазируфт ва аз номи шаҳрдорӣ ва мардуми шаҳри Турсунзода барои муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон изҳори сипос кард.
Қайд карда шудааст, ки раиси шаҳр ба ӯ Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотирмон тақдим кард.
Сборная Таджикистана по дзюдо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2022
Пешниҳоди бозбинии куллии бахши варзиш дар Тоҷикистон: ба "табобат" ниёз дорад!
Ёдовар мешавем, ки Ҷавоҳир Шодиеви 17-сола, сокини шаҳри Турсунзода ва дастпарвари мактаби варзишии шаҳри Турсунзода дар Чемпионати ҷаҳон дар риштаи муҳорибаҳои омехта, ки рӯзҳои 1-ум то 7-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттањидаи Араб баргузор шуд, иштирок намуда, дар вазни 56 кг миёни варзишгарони 46 давлати дунё унвони Чемпиони ҷаҳонро сазовор гардид.
Ҷавоҳир дар рақобатҳои чандрӯза рақибони худро аз кишварҳои Аморати Муттаҳидаи Араб, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Тоҷикистон шикаст дода, дар финал варзишгари украиниро мағлуб кард ва сазовори ҷоизаи тиллоии Чемпионати ҷаҳон гардид.
Лентаи хабарҳо
0