https://sputnik.tj/20220819/peshnihod-bozbini-bakhsh-varzish-tojikiston-1050823064.html
Пешниҳоди бозбинии куллии бахши варзиш дар Тоҷикистон: ба "табобат" ниёз дорад!
Пешниҳоди бозбинии куллии бахши варзиш дар Тоҷикистон: ба "табобат" ниёз дорад!
Sputnik Тоҷикистон
Бо натиҷагирӣ аз Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ кошиносон бар ин назаранд, ки бахши варзиш дар Тоҷикистон бояд куллан бозбинӣ ва ба соҳа бояд ҷиддӣ муносибат шавад
2022-08-19T15:36+0500
2022-08-19T15:36+0500
2022-08-19T21:45+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дар тоҷикистон
кумитаи ҷавонон
кумитаи миллии олимпии ҷт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/12/1050786787_0:40:751:462_1920x0_80_0_0_2a97b80a720ce0af468f51f31ec48680.png
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Билохира Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки дар шаҳри Қонияи Туркия доир шуд, бо бурду бохтҳояш ба поён расид.Тими варзишгарони тоҷик, ки иборат аз 46 варзишгар буд, дар қатори 54 давлати дигар ширкат кард ва бо ҳамагӣ 8 медал – 3 нуқра, 5 биринҷӣ зинаи 29-умро гирифт.Зинаи аввалро Туркия бо 229 медал, (89 тило, 80 нуқра, 60 биринҷӣ) дуюмро Ӯзбекистон бо 112 медал(40 тило, 28 нуқра, 44 биринҷӣ) ва Эрон бо 110 медал (37 тило, 22 нуқра, 39 биринҷӣ) сеюм шуд.Кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ Қазоқистон бо 63 медал , (19 тило, 18 нуқра, 26 биринҷӣ) дар зинаи панҷум, Қирғизистон бо 7 тило, 6 нуқра,7 биринҷӣ дар ҷойи нуҳум ва Туркманистон бошад бо 3 тилову 3 биринҷӣ ва 5 нуқра мақоми 12-умро гирифтандАммо нишондодҳои Тоҷикистон, ки ҳатто як медали тило миёнаш нест, боиси норизоии ҳаводорони варзиш ва коршиносони соҳа гардида, танқидҳое низ сари ниҳодҳои варзиши кишвар равон шуд.Ҷои 29-ум дар шаъни Тоҷикистони мо нест!Ба андешаи таҳлилгари фарҳехтаи риштаи варзиш ва муттахасиси соҳа Муҳаммадрозиқ Нематов, ҷои 29-ум дар шаъни Тоҷикистон нест!Руйдодҳои бузурги варзиши ба гуфти ӯ, мисли Бозиҳои Олимпӣ ,Бозиҳои Осиёӣ ,Бозиҳои Осиёии дохилтолори ва Бозиҳои Ҳамбастагии Исломи сатҳи рушди варзишро дар байни давлатҳо муайян мекунанд .Муввафақият ва касби медал аз ҷониби намояндагони миллатҳо ба андешаи ӯ ваҳдат ва иттиҳодро қавӣ месозад ва ин пирӯзиҳо мардумро аз сиёсатҳои ҳукуматҳошон нисбатан рози нигаҳ медорад.Ба андешаи ӯ нишондоди кишвар дар баробари ҳамсояҳо бисёр ноумедкунанда аст.“Ҷои 29-ум дар шаъни Тоҷикистони мо нест. Пушти ҳар як куҳу дараи мо ҳазорҳо ҷавонони хушистеъдод ҳаст ,ки дар варзишҳои мухталиф метавонанд барои тоҷик ифихору сарбаланди ва обруй биёваранд .Онҳо метавонанд номи тоҷику Тоҷикистон ба каҳкашонҳо бирасонанд. Фақат раҳнамоии дуруст ва пуштибонии лозим ба кор аст ,то онҳо рушду пешрафт кунанд”,- афзуд мавсуф.Аз танбалии Кумитаи ҷавонон ва пешниҳоди ҷудо кардани варзишгарон аз ин ниҳодФирдавси Хурсанд, шореҳ ва таҳлилгари варзиш низ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки солҳои охир варзишгарони мо дар мусобиқаҳои сатҳи қора ва ҷаҳон баромади арзанда надоранд, ки нарасидани мутахассисони соҳибтаҷрибаи ватанӣ, мураббиёни сатҳи баланд ва аз ҳама муҳим дастгирӣ наёфтани варзишгарон аз сӯйи Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аст.Ин таҳлилгар барои натиҷаҳои пасти варзишгарон раисони федератсияҳои варзиширо низ айбдор медонад, ки аксари онҳо на танҳо аз соҳа дуранд, балки хоҳиши пешбурди соҳаро надоранд, вале мақоми худро ба касе дорданӣ ҳам нестанд.Ин ба таъкиди ӯ ин боис шуда, ки ҳоло соҳа рӯ ба таназзул ниҳодааст ва Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ бори дигар нишон дод, ки мо аз ҳамсоякишварҳои худ барои ба даст овардани медалҳо дурем.Вай бо таассуф мегӯяд, ки ниҳоди асосӣ-Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ин ҷиҳат бисёр танбал аст ва пешниҳод дорад, ки барои парвариши варзишгарон бояд як сохтори алоҳида бошад. Маврид ба зикр аст, ки чунин пешниҳодҳоро қаблан дигар муттахасисон аз ҷумла Зебиннисо Рустамова низ карда буд.Мактабҳои варзишӣ дар ҷумҳурӣ ба андешаи ӯ хеле камфаъоланд, дар ҳоле, ки роҳбарон ва кормандони он аз ҷониби кумита бо маоши хуб таъминанд.Ба гуфти оқои Фирдавс соҳаи варзиш ба таҳаввулот ниёз дорад, ва сари ин масъала ҷиддӣ бояд аз ҳоло кор гирфита шавад, зеро ду сол пас Бозиҳои олимпӣ дар Париж баргузор мешавад, бо ин ҳол ба даст овардҳои баланд ноил шудан хеле душвор.Варзиши тоҷик "бемор" астТаҳлилгари дигари соҳа Мирхон Ҳусайнов бошад, мегӯяд, “варзиши кишвар бемор аст онро бояд таботат кард”.Номбурда бо овардани натоиҷи ҳамсоягон мегӯяд, ҳарчанд мо ҳадс мезанем, ки варзиш дар кишвар рӯ ба рушд дорад, аммо на, баръакси ҳолро мебинам.Агар мо пешрафти соҳаро мушоҳида карда бошем, чаро аз соли 2005 то ин замон як тиллои мо дар БҲИ ду нашуд, суол мегузорад мавсуф.Ӯ низ ба ин назар аст, ки муттахасисони кордон сари кор оянд ва аз сухани хушку шумора ба сифат бигузарем ва ҳамчунин барои омодагии устодону доварон аз хориҷ мутахассис даъват созем.Ҳамчунин ӯ пешниҳод дорад, ки тамринҳо бояд пеш аз оғози мусобиқаҳо бошанд, наинки дар охири сол ба хотири истифодаи маблағҳои чудошуда ва ҳамчунин ниҳодҳои варзишӣ пас аз ҳар мусобиқа бояд аз натиҷаашон ҳисобот диҳанд.Маврид ба зикр аст, ки Бозиҳои ҳамбастагии Исломӣ сар аз соли 2005 доир мешавад, он замон дар ин бозиҳо Дилшон Назаров ба Тоҷикистон медали тило оварда буд, ки то кунун он зиёд намешавад.Соли 2009 ин чорабинӣ бояд дар Эрон доир мегардид, аммо бинобар мушкилоти сиёсӣ миёни Теҳрону Риёз он доир нашуд. Дар даври сеюми он, ки дар Индонезия баргузор шуд Тоҷикистон ширкат накард.Кишвар дар соли 2017, ки шаҳри Бокуи Озорбойҷон мизбони даври чаҳоруми чорабинӣ буд, ширкат кард вале чаҳор медали биринҷӣ гирифту бас.Тавре таҳлилиҳо нишон медиҳад, тӯли ин солҳо нишондиҳандаҳои кишвар дар ин чорабинӣ, дар муқоиса бо ҳамсоякишвар тағйироти чашмрас надоштааст.
https://sputnik.tj/20220818/judokoron-tojik-dasta-bhi-joiza--1050789476.html
https://sputnik.tj/20220413/varzishkoroni-tojik-musobiqoti-jahoni-1047616618.html
https://sputnik.tj/20220729/grossmeyster-tojik-vatan-chempionat-1050351336.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/12/1050786787_41:0:708:500_1920x0_80_0_0_9f7ec34509f00c5202fde8c2ca12a128.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бозбинӣ варзиш тоҷикистон
бозбинӣ варзиш тоҷикистон
Пешниҳоди бозбинии куллии бахши варзиш дар Тоҷикистон: ба "табобат" ниёз дорад!
15:36 19.08.2022 (Навсозишуда: 21:45 19.08.2022) Эксклюзив
Бо натиҷагирӣ аз Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ кошиносон бар ин назаранд, ки бахши варзиш дар Тоҷикистон бояд куллан бозбинӣ ва ба соҳа ҷиддӣ муносибат шавад
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Билохира Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки дар шаҳри Қонияи Туркия доир шуд, бо бурду бохтҳояш ба поён расид.
Тими варзишгарони тоҷик, ки иборат аз 46 варзишгар буд, дар қатори 54 давлати дигар ширкат кард ва бо ҳамагӣ 8 медал – 3 нуқра, 5 биринҷӣ зинаи 29-умро гирифт.
Зинаи аввалро Туркия бо 229 медал, (89 тило, 80 нуқра, 60 биринҷӣ) дуюмро Ӯзбекистон бо 112 медал(40 тило, 28 нуқра, 44 биринҷӣ) ва Эрон бо 110 медал (37 тило, 22 нуқра, 39 биринҷӣ) сеюм шуд.
Кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ Қазоқистон бо 63 медал , (19 тило, 18 нуқра, 26 биринҷӣ) дар зинаи панҷум, Қирғизистон бо 7 тило, 6 нуқра,7 биринҷӣ дар ҷойи нуҳум ва Туркманистон бошад бо 3 тилову 3 биринҷӣ ва 5 нуқра мақоми 12-умро гирифтанд
Аммо нишондодҳои Тоҷикистон, ки ҳатто як медали тило миёнаш нест, боиси норизоии ҳаводорони варзиш ва коршиносони соҳа гардида, танқидҳое низ сари ниҳодҳои варзиши кишвар равон шуд.
Ҷои 29-ум дар шаъни Тоҷикистони мо нест!
Ба андешаи таҳлилгари фарҳехтаи риштаи варзиш ва муттахасиси соҳа Муҳаммадрозиқ Нематов, ҷои 29-ум дар шаъни Тоҷикистон нест!
Руйдодҳои бузурги варзиши ба гуфти ӯ, мисли Бозиҳои Олимпӣ ,Бозиҳои Осиёӣ ,Бозиҳои Осиёии дохилтолори ва Бозиҳои Ҳамбастагии Исломи сатҳи рушди варзишро дар байни давлатҳо муайян мекунанд .
“Дар ин мусобиқот бисёре аз кишварҳо аз солҳо омодаги мебинанд. Ин рақобатҳо мисли ҷабҳаи ҷанг аст. Фақат инҷо тиру туфанг истифода намекунанд ва якдигарро ҷисман аз байн намебаранд. Барои ҷанг дар ин майдонҳо аз аслиҳаи зури бозу, маҳорат,чолокӣ ва ҷасорат кор мегиранд”, - гуфт коршинос дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Муввафақият ва касби медал аз ҷониби намояндагони миллатҳо ба андешаи ӯ ваҳдат ва иттиҳодро қавӣ месозад ва ин пирӯзиҳо мардумро аз сиёсатҳои ҳукуматҳошон нисбатан рози нигаҳ медорад.
Ба андешаи ӯ нишондоди кишвар дар баробари ҳамсояҳо бисёр ноумедкунанда аст.
“Ҷои 29-ум дар шаъни Тоҷикистони мо нест. Пушти ҳар як куҳу дараи мо ҳазорҳо ҷавонони хушистеъдод ҳаст ,ки дар варзишҳои мухталиф метавонанд барои тоҷик ифихору сарбаланди ва обруй биёваранд .Онҳо метавонанд номи тоҷику Тоҷикистон ба каҳкашонҳо бирасонанд. Фақат раҳнамоии дуруст ва пуштибонии лозим ба кор аст ,то онҳо рушду пешрафт кунанд”,- афзуд мавсуф.
Аз танбалии Кумитаи ҷавонон ва пешниҳоди ҷудо кардани варзишгарон аз ин ниҳод
Фирдавси Хурсанд, шореҳ ва таҳлилгари варзиш низ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки солҳои охир варзишгарони мо дар мусобиқаҳои сатҳи қора ва ҷаҳон баромади арзанда надоранд, ки нарасидани мутахассисони соҳибтаҷрибаи ватанӣ, мураббиёни сатҳи баланд ва аз ҳама муҳим дастгирӣ наёфтани варзишгарон аз сӯйи Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аст.
Ин таҳлилгар барои натиҷаҳои пасти варзишгарон раисони федератсияҳои варзиширо низ айбдор медонад, ки аксари онҳо на танҳо аз соҳа дуранд, балки хоҳиши пешбурди соҳаро надоранд, вале мақоми худро ба касе дорданӣ ҳам нестанд.
Ин ба таъкиди ӯ ин боис шуда, ки ҳоло соҳа рӯ ба таназзул ниҳодааст ва Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ бори дигар нишон дод, ки мо аз ҳамсоякишварҳои худ барои ба даст овардани медалҳо дурем.
“Тасаввур кунед, қирғизҳо танҳо дар намуди гӯштини юнону румӣ ва тарзи озод 17-медал ба даст оварданд, ё узбекҳо дар вазнабардорӣ 15-медали тилоро соҳиб шуданд. Тими Туркманистон ҳам аз вазнабардорӣ 7 медал гирифт. Яъне ҳамсояҳо дар соҳаи мазкур пешрафт доранд ва мо ба қафо”,- афзуд мавсуф.
Вай бо таассуф мегӯяд, ки ниҳоди асосӣ-Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ин ҷиҳат бисёр танбал аст ва пешниҳод дорад, ки барои парвариши варзишгарон бояд як сохтори алоҳида бошад. Маврид ба зикр аст, ки чунин пешниҳодҳоро қаблан дигар муттахасисон аз ҷумла Зебиннисо Рустамова низ карда буд.
Мактабҳои варзишӣ дар ҷумҳурӣ ба андешаи ӯ хеле камфаъоланд, дар ҳоле, ки роҳбарон ва кормандони он аз ҷониби кумита бо маоши хуб таъминанд.
Ба гуфти оқои Фирдавс соҳаи варзиш ба таҳаввулот ниёз дорад, ва сари ин масъала ҷиддӣ бояд аз ҳоло кор гирфита шавад, зеро ду сол пас Бозиҳои олимпӣ дар Париж баргузор мешавад, бо ин ҳол ба даст овардҳои баланд ноил шудан хеле душвор.
Варзиши тоҷик "бемор" аст
Таҳлилгари дигари соҳа Мирхон Ҳусайнов бошад, мегӯяд, “варзиши кишвар бемор аст онро бояд таботат кард”.
Номбурда бо овардани натоиҷи ҳамсоягон мегӯяд, ҳарчанд мо ҳадс мезанем, ки варзиш дар кишвар рӯ ба рушд дорад, аммо на, баръакси ҳолро мебинам.
Агар мо пешрафти соҳаро мушоҳида карда бошем, чаро аз соли 2005 то ин замон як тиллои мо дар БҲИ ду нашуд, суол мегузорад мавсуф.
Ӯ низ ба ин назар аст, ки муттахасисони кордон сари кор оянд ва аз сухани хушку шумора ба сифат бигузарем ва ҳамчунин барои омодагии устодону доварон аз хориҷ мутахассис даъват созем.
Ҳамчунин ӯ пешниҳод дорад, ки тамринҳо бояд пеш аз оғози мусобиқаҳо бошанд, наинки дар охири сол ба хотири истифодаи маблағҳои чудошуда ва ҳамчунин ниҳодҳои варзишӣ пас аз ҳар мусобиқа бояд аз натиҷаашон ҳисобот диҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки Бозиҳои ҳамбастагии Исломӣ сар аз соли 2005 доир мешавад, он замон дар ин бозиҳо Дилшон Назаров ба Тоҷикистон медали тило оварда буд, ки то кунун он зиёд намешавад.
Соли 2009 ин чорабинӣ бояд дар Эрон доир мегардид, аммо бинобар мушкилоти сиёсӣ миёни Теҳрону Риёз он доир нашуд. Дар даври сеюми он, ки дар Индонезия баргузор шуд Тоҷикистон ширкат накард.
Кишвар дар соли 2017, ки шаҳри Бокуи Озорбойҷон мизбони даври чаҳоруми чорабинӣ буд, ширкат кард вале чаҳор медали биринҷӣ гирифту бас.
Тавре таҳлилиҳо нишон медиҳад, тӯли ин солҳо нишондиҳандаҳои кишвар дар ин чорабинӣ, дар муқоиса бо ҳамсоякишвар тағйироти чашмрас надоштааст.