https://sputnik.tj/20230807/vukh-rusiya-rusiya-muzokirote-ukriana-1058692033.html
ВУХ-и Русия: Бидуни ҳузури Русия ҳеч музокироте дар бораи Укриана фоида надорад
ВУХ-и Русия: Бидуни ҳузури Русия ҳеч музокироте дар бораи Укриана фоида надорад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷии Русия дар бораи баргузории як нишаст дар Ҷидда барои ҳалли масъалаи Украина, ки Русия ба он даъват нашуда буд, изҳори назар кард
2023-08-07T18:59+0500
2023-08-07T18:59+0500
2023-08-07T20:16+0500
дар русия
русия
украина
сиёсат
мария захарова
ғарб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/06/1056245010_0:0:901:506_1920x0_80_0_0_1af693cf241714d5bd4c701dcdfa4b5a.jpg
ДУШАНБЕ, 7 август — Sputnik. Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова дар бораи машваратҳо вобаста ба ҳалли мушкилоти Украина дар Ҷидда изҳори назар кард.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Русия хабар додааст.Мария Захарова қайд кард, ки бидуни ширкати Маскав ва бо назардошти манфиатҳои ин кишвар, ҳич мулоқоте дар мавзӯи буҳрони Украина маъно надорад.Ба гуфтаи вай, Русия нисбат ба Украина ҳамеша барои ҳалли дипломатии бӯҳрон боз буд ва боз мемонад.Илова бар ин, дипломат шартҳоеро номбар кард, ки иҷрои онҳо раванди музокиротро суръат мебахшад:Вай таъкид кард, ки "пояҳои аслии соҳибихтиёрии Украина бояд тасдиқ карда шаванд - мақоми бетарафӣ, ҳамроҳ нашудан ба блокҳои низомӣ ва бидуни силоҳи ҳастаӣ.""Мо итминон дорем, ки иҷрои ин унсурҳо барои сулҳу амнияти байналмилалӣ, ки Русия барои он мубориза мебарад, комилан масъул аст", - хулоса кард Захарова.Қаблан Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия гуфта буд, ки кӯмакҳои молии Ғарб ба Украина ба соҳибихтиёрии ин кишварро халал мерасонад ва қарзи хориҷии он дар ҳоли афзоиш аст.Ба гуфтаи вай, ин кор ройгон сурат намегирад: чунин пешниҳод мешавад, ки онҳо гӯё аз Русия мегиранду ба режими Киев медиҳанд ва боз аз ҷайби худашон илова мекунанд.Дар асл, он ҳанӯз ҳам қарздор аст, изҳор дошт намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия.Тибқи иттилои Мария Захарова, кӯмакҳои молии кишварҳои ғарбӣ алакай боиси афзоиши рекордии қарзи давлатии Украина шудааст, ки ҳанӯз дар моҳи апрели соли 2023 аз 120 млрд доллар гузашта буд.
https://sputnik.tj/20230806/siyosatmadori-olmon-siloh-ukraina-1058668969.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/06/1056245010_38:0:837:599_1920x0_80_0_0_ddf6aad977ac6820582f4a987d82f78f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, музокирот, фоида, ҷидда, ҳалл, ғарб, сиёсат
русия, украина, музокирот, фоида, ҷидда, ҳалл, ғарб, сиёсат
ВУХ-и Русия: Бидуни ҳузури Русия ҳеч музокироте дар бораи Укриана фоида надорад
18:59 07.08.2023 (Навсозишуда: 20:16 07.08.2023) Вазорати умури хориҷии Русия дар бораи баргузории як нишаст дар Ҷидда барои ҳалли масъалаи Украина, ки Русия ба он даъват нашуда буд, изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 7 август — Sputnik. Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова дар бораи машваратҳо вобаста ба ҳалли мушкилоти Украина дар Ҷидда изҳори назар кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Русия хабар додааст.
Мария Захарова қайд кард, ки бидуни ширкати Маскав ва бо назардошти манфиатҳои ин кишвар, ҳич мулоқоте дар мавзӯи буҳрони Украина маъно надорад.
Ба гуфтаи вай, Русия нисбат ба Украина ҳамеша барои ҳалли дипломатии бӯҳрон боз буд ва боз мемонад.
Илова бар ин, дипломат шартҳоеро номбар кард, ки иҷрои онҳо раванди музокиротро суръат мебахшад:
қатъи амалиёти ҷангӣ ва ҳамлаҳои террористӣ аз ҷониби Киев;
боздоштани раванди "бо яроқ таъмин намудани Украина" аз ҷониби Ғарб.
Вай таъкид кард, ки "пояҳои аслии соҳибихтиёрии Украина бояд тасдиқ карда шаванд - мақоми бетарафӣ, ҳамроҳ нашудан ба блокҳои низомӣ ва бидуни силоҳи ҳастаӣ."
"Мо итминон дорем, ки иҷрои ин унсурҳо барои сулҳу амнияти байналмилалӣ, ки Русия барои он мубориза мебарад, комилан масъул аст", - хулоса кард Захарова.
Қаблан Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия гуфта буд, ки кӯмакҳои молии Ғарб ба Украина ба соҳибихтиёрии ин кишварро халал мерасонад ва қарзи хориҷии он дар ҳоли афзоиш аст.
Ба гуфтаи вай, ин кор ройгон сурат намегирад: чунин пешниҳод мешавад, ки онҳо гӯё аз Русия мегиранду ба режими Киев медиҳанд ва боз аз ҷайби худашон илова мекунанд.
Дар асл, он ҳанӯз ҳам қарздор аст, изҳор дошт намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Тибқи иттилои Мария Захарова, кӯмакҳои молии кишварҳои ғарбӣ алакай боиси афзоиши рекордии қарзи давлатии Украина шудааст, ки ҳанӯз дар моҳи апрели соли 2023 аз 120 млрд доллар гузашта буд.