Тағйироти кадрӣ дар КДАМ: аз таъйини сардори нави разведка то Сарситоди нерӯҳои марзбонӣ

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонТағйироти кадрӣ дар нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон. Кадрҳои навтаъйин дар мулоқот бо президенти ҶТ, Эмомалӣ Раҳмон
Тағйироти кадрӣ дар нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон. Кадрҳои навтаъйин дар мулоқот бо президенти ҶТ, Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзо фармонҳо дар фармондеҳии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар тағйироти кадрӣ анҷом додаст
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Насимҷон Раҷабзода аз вазифаи муовини якуми фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон озод карда шуд.
Раҷабзода, ки ҳамзамон сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон буд, бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод гардидаст, иттилоъ дод дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, Пиракзода Хикматулло ба ҷои Раҷабзода муовини якуми фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ – сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ таъйин гардид.
То ҳол Пиракзода Ҳикматулло дар вазифаи муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва ҳамзамон сардори раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд адои хизмат дошт.
Главы Согдийской и Баткенской областей Раджаббой Ахмадзода и Абдикарим Алимбаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2023
Аз нав оғоз мекунем: Аҳмадзода ҷузъиёти сафараш ба Қирғизистонро ошкор кард
Инчунин бо фармони президент, Хушвахт Кишваршо Султон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ оид ба разведка озод шудаст.
Ӯро дар ин мақом Шоҳвализода Тоҷиддин Саид иваз кардааст, ки бо фармони президент мақоми муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон оид ба разведкаро гирифт.
Бо фармони дигари раисҷумҳур, Умарзода Умар Сафар ба ҷои Пиракзода ба мақоми муовини фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадӣ, сардори раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд таъйин шуд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ҳамчунин сардорони отрядҳои сарҳадии вилояти Хатлон, ВМКБ, вилояти Суғд ва дигар воҳидҳои нерӯҳои марзбонӣ иваз карда шуда, ба ин вазифаҳо афсарони ҷавону соҳибтаҷриба таъин гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0