Аз нав оғоз мекунем: Аҳмадзода ҷузъиёти сафараш ба Қирғизистонро ошкор кард

© Фото : Пресс-служба главы Согдийской областиГлавы Согдийской и Баткенской областей Раджаббой Ахмадзода и Абдикарим Алимбаев
Главы Согдийской и Баткенской областей Раджаббой Ахмадзода и Абдикарим Алимбаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2023
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ ҷузъиёти сафараш ба Исиқкул ва мулоқотҳояш бо ҳокими Ботканд дар бораи марзро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Раиси вилояти Суғд дар посух ба суоли рӯзноманигорон баъзе ҷузъиёти мулоқотҳояш бо Абдикарим Алимбаев, ҳокими вилояти Ботканди Қирғизистонро ошкор сохт.
Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, дар ҳар як мулоқот онҳо перомуни боз шудани сарҳадҳои давлатӣ ва дубора барқарор шудани гардиши мол миёни кишварҳо таъкид мекунанд.
Ӯ тавзеҳ дод, ки дар мулоқот бо иштироки ҳокимони Суғду Ботканд ва Фарғона, ки ахиран дар шаҳри Иссиқкӯл баргузор гардид онҳо чиро баррасӣ карданд.
“Дар мулоқот мо дар бораи барқарор намудани муносибатҳои неки ҳамсоядорӣ бо кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Қирғизистон иброз намудем. Ҷониби Қирғизистон ҳам айни ин мақсади худро иброз намуда, гуфтанд, ки корро аз қоғази сафед сар мекунем ва ҳама ноҷуриҳое, ки то ин вақт рух дод паси сар шуданд” - гуфт раиси Суғд.
Мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Қирғизистон, Содир Ҷабборов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2023
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Марз дар меҳвари мулоқоти Раҳмону Ҷабборов: президентҳо чӣ гуфтанд?
Дар умум ҷонибҳо дар бораи боз шудани марзҳо ва барқарор гардидани муносиботи неки ҳамсоядорӣ таъкид варзидаанд.
Раҷаббой Аҳмадзода, аъзои Комиссияи ҳукуматӣ оид ба таъйин ва аломатгузории марз мебошад.
Бино ба гуфти ӯ, то ин замон беш аз 70 дарсади корҳо дар бораи таъйин ва аломатгузории марз бо Ҷумҳурии Қирғизистон омода шудаанд.
Бар пояи иттилоъи манбаъ, қарор аст, шурӯъ аз санаи 4 август Комиссияи топографии байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон давоми 6 рӯз дар шаҳри Душанбе сари масъалаи таъйин ва аломатгузории марз кори худро идома диҳад.
Лентаи хабарҳо
0