https://sputnik.tj/20230807/sadam-kulob-majruh-barjoy-guzosht-tafsilot-fojia-1058679464.html
Садама дар Кӯлоб 23 куштаю маҷруҳ барҷой гузошт: Тафсилоти фоҷиа
Садама дар Кӯлоб 23 куштаю маҷруҳ барҷой гузошт: Тафсилоти фоҷиа
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бархе тафсилоти садамаи пурқурбониро, ки ахиран дар шаҳри Кӯлоб рух дод, баён доштааст
2023-08-07T10:05+0500
2023-08-07T10:05+0500
2023-08-07T10:05+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
садама
нақлиёт
ҳалокат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102833/28/1028332809_19:0:981:541_1920x0_80_0_0_af273046e24e5177812737b8c92e8b49.jpg
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Садамаи пурқурбонӣ дар Кӯлоб 23 куштаю маҷруҳ барҷой гузошт, иттилоъ дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, бар асари садама дар Кӯлоб 10 нафар ба ҳалокат расида, 13 нафар маҷруҳ шудаанд. Худи ронанда, сокини 37-солаи ноҳияи Рӯдакӣ низ дар ҷои ҳодиса ҷон додаст. Таъкид шудааст, ки ҳамчунин 7 мошину 3 хонаи истиқоматӣ осеб дидаанд. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон сабаби садамаро аз кор мондани маҷмааи боздории мошини боркаш медонанд, ки дар натиҷа мошину манзилҳоро зер кардаст.ВУД мегӯяд, мошини боркаши "Дулан" бо ядак, ки мутааллиқ ба ширкати "Кафолат Воридоту Содирот" будаст, дар шоҳроҳи "Душанбе-Кулоб-Хоруғ" дар километри якум дар ҳудуди кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кулоб чандин воситаи нақлиёту хонаҳоро зер кардаст.Аз рӯи ин ҳодиса мақомоти додситонӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.Ба иттилои ВУД, раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон мақомдорони баландпояи ҳукумат, аз ҷумла вазири корҳои дохилӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раиси КҲФ, роҳбари Хатлон ва дигар масъулинро ба ҷои ҳодиса сафарбар намудаст.Садамаҳои пурқурбонӣ дар Тоҷикистон, ки ахиран зиёд расонаӣ мешаванд, боиси нигарониҳо гардида, ба гуфтаи масъулин бисёри вақтҳо фоҷиаҳо дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ рух медиҳанд.
https://sputnik.tj/20230807/fojia-purqurboni-kulob-emomali-rahmon-1058678994.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102833/28/1028332809_139:0:860:541_1920x0_80_0_0_529e429e68faf73a1760d36d39a801b4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шумор, қурбониён, садама, кӯлоб, маълум, шумора
шумор, қурбониён, садама, кӯлоб, маълум, шумора
Садама дар Кӯлоб 23 куштаю маҷруҳ барҷой гузошт: Тафсилоти фоҷиа
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бархе тафсилоти садамаи пурқурбониро, ки ахиран дар шаҳри Кӯлоб рух дод, баён доштааст
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Садамаи пурқурбонӣ дар Кӯлоб 23 куштаю маҷруҳ барҷой гузошт, иттилоъ дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, бар асари садама дар Кӯлоб 10 нафар ба ҳалокат расида, 13 нафар маҷруҳ шудаанд. Худи ронанда, сокини 37-солаи ноҳияи Рӯдакӣ низ дар ҷои ҳодиса ҷон додаст.
Таъкид шудааст, ки ҳамчунин 7 мошину 3 хонаи истиқоматӣ осеб дидаанд. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон сабаби садамаро аз кор мондани маҷмааи боздории мошини боркаш медонанд, ки дар натиҷа мошину манзилҳоро зер кардаст.
ВУД мегӯяд, мошини боркаши "Дулан" бо ядак, ки мутааллиқ ба ширкати "Кафолат Воридоту Содирот" будаст, дар шоҳроҳи "Душанбе-Кулоб-Хоруғ" дар километри якум дар ҳудуди кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кулоб чандин воситаи нақлиёту хонаҳоро зер кардаст.
Аз рӯи ин ҳодиса мақомоти додситонӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Ба иттилои ВУД, раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон мақомдорони баландпояи ҳукумат, аз ҷумла вазири корҳои дохилӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раиси КҲФ, роҳбари Хатлон ва дигар масъулинро ба ҷои ҳодиса сафарбар намудаст.
Садамаҳои пурқурбонӣ дар Тоҷикистон, ки ахиран зиёд расонаӣ мешаванд, боиси нигарониҳо гардида, ба гуфтаи масъулин бисёри вақтҳо фоҷиаҳо дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ рух медиҳанд.